Дар давоми 20 рӯзи маъракаи тирамоҳии даъват ба артиш, нақша 62 дарсад иҷро шудааст, хабар медиҳад Вазорати дифои Тоҷикистон. Вале бархе сокинон аз шеваҳои нави даъвати иҷборӣ ба аскарӣ шикоят мекунанд.

Ин ниҳод гуфтааст, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро 70 дарсад иҷро кардаанд.

“Бо ҳамин тартиб даъвату гусели сарбозон дар шаҳри Душанбе 67 фоиз,  дар вилояти Хатлон 63 ва дар вилояти Суғд бошад он 50 фоизро ташкил медиҳад”, – хабар медиҳад маркати матбуоти вазорати дифоъ.

ВМКБ дар рӯзи якуми маъракаи даъват нақшаро пурра иҷро карда буд.

Манбаъ мегӯяд, то имрӯз, зиёда аз 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати ҳарбиро 100 дарсад иҷро намудаанд.

Қаблан, вазорати дифоъ хабар дода буд, ки дар 10 рӯзи ҷараёни давъати ҳарбӣ нақша беш аз 50 дарсад иҷро шудааст.

Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии бармаҳал иҷро шудани нақша мебошад.

То 62 дарсад иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар дар ҳолест, ки қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.

Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Зимнан бо шуруъи маъаракаи даъвати ҳарбӣ шеваҳои нави  “ҷалб”-и ҷавонон ба артиш мӯд мешавад. Аз ҷумла, Радиои Озодӣ имсол аз шеваи нави даъват хабар додааст, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд. Ин ҳодиса дар маҳаллаи Дилбарӣ дар ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён рух додааст.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.