Дар рӯзи аввали оғози даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки 1-уми октябр оғоз гардид, чанд шаҳру ноҳияҳо аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар доданд. Солҳои қабл низ баъзан чунин иттифоқ рух медод, аммо дар баробари ин, ҳолатҳои тариқи иҷборӣ ба сафи артиш ҷалб намудани ҷавонон ҳам мушоҳида мешуд.
Қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.
Пас аз чанд рӯзи ин изҳорот ва оғози расмии даъват бюа артиш, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки нақшаи даъватро пурра иҷро намудааст.
“Дар рӯзи аввали давъати тирамоҳӣ, 1-уми октябр, даъвати тирамоҳии даъватшавандагонро ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра карда шуд”, - хабар дод раёсати ВКД дар ВМКБ.
Таъкид карда шуд, ки дар шаҳри Хоруғ ботантана ва дар як маросими расмӣ даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.
“Ба ин муносибат, аз майдони ғалабаи шаҳри Хоруғ бо ширкати роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро ихтиёр намудаанд, роҳпаймоӣ сурат гирифт”, - иттилоъ дод ин манбаъ.
Қабл аз ин, ҷамоатҳои Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара низ аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дода буданд.
Гуфта мешуд, ки “дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷамоати деҳоти Ворух ва ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара низ нақшаро иҷро намуданд”.
“Ба муносибати гусели даъватшавандагон дар Ворух ва Чоркуҳ, инчунин маркази шаҳри Исфара ҷамъомади тантанавӣ доир гардид”, – хабар дод дафтари матбуотии раиси вилоти Суғд.
Гуфта мешавад, даъватшавандаҳо дар фазои тантанавӣ, бо ҳузури роҳбарияти шаҳру волидони хеш барои адои хизмат ва ҳимояи марзу буми кишвар сафарбар гардиданд.
Дар вилояти Хатлон ду шаҳр – Данғара ва Вахш низ нақшаи даъват ба сафи артишро пурра иҷро намуданд.
Рӯзноманигорони маҳаллӣ аз Вахш ва Данғара низ иттилоъ доданд, ки дар рȳзи аввали сафарбаркунии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Вахш ва Данғара аз аввалинҳо шуда аз нақшаи даъватро иҷро карданд.
Дар мавриди иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, аз ҷумла, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт низ иттилоъ дода шуд.
Иҷрои бармаҳали нақшаи даъват ба чӣ рабт дорад?
Мақомот иҷрои нақшаро дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш шудани нақша мебошад.
Дилрабо Самадова, раиси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки фаъолияташ ба ҳимояи аскарон равон шудааст, гуфт, афзоиши бештари ихтиёриён ба артиш, каму зиёд будани нақшаи даъват дар шаҳру ноҳияҳо ва дуруст ба роҳ мондани кори комиссариатҳои ҳарбиву ҳукуматҳои маҳаллӣ аз омилҳои аслии иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзӣ аввал аст.
- Як моҳ пештар омӯзиш ё омодагӣ ба маъракаи даъват оғоз мешавад. Ҳар комиссариати ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллие, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монад, нақшаро зудтар иҷро мекунад”, - гуфт Дилрабо Самадова.
Номбурда афзуд, минтақаҳои наздимарзӣ, ки шоҳиди муноқишаҳо шудаанд, фаъолтаранд ва маҳз ҳамин муноқишаҳо ҷавононро барои ҳимояи Ватан руҳбаланд мекунад.
Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, тағйиру иловаҳое, ки соли 2020 ба қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ворид карда шуду тибқи он соҳибони дипломи макотиби олӣ ҳам бояд ба артиш раванд ва танҳо баъди хизмат метавонанд дар мақомоти қудратӣ кор кунанд, низ сабаби дар баъзе минтақаҳо иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввал гардид.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони дигар бар ин назаранд, ки мақомоти маҳаллӣ баъди имзои қонун дар бораи даъвати ҳарбӣ аз ҷониби президент ба маъракаи даъват оғоз мекунанд ва бо роҳҳои фишор ба оилаи даъватшавандагон ва худи онҳо ҷавононро ба артиш ҷалб менамоянд.
Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Ҷаримаи як сокини Душанбе барои парвариши асп
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ташнаи об болои дарахти чормағз”
Ба фурудгоҳи Хуҷанд боз имтиёз доданд. Воридоти чанд техникаву мошин аз пардохти андозу боҷ озод шуд
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста