Директори як мактаби ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон Г.Н., ки ба озори ҷинсии ду духтари мактабхон гумонбар дониста мешавад, дар Раёсати КДАМ шаҳри Кӯлоб қарор дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” корманди Шуъбаи ВКД дар ин ноҳия Шералӣ Исҳоқзода хабар дод.

“Бале ба ман муяссар шуд бифаҳмам, ки дарвоқеъ ҳам чунин боздошт сурат гирифтааст, лекин боздоштшуда дар Раёсати КДАМ Кӯлоб қарор дорад. Барои маълумоти иловагӣ шуморо беҳтар аст, ки ба ҳамон ҷо муроҷиат кунед”, - гуфт мухтасар манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ дар бораи маҳз кай боздошт шудани директор ва мушаххасан ба содир намудани кадом гуноҳ гумонбар дониста шуданаш маълумот дода натавонист.

Барои дарёфти маълумоти муфассал дар бораи ин далел то ҳозир робита гирифтан бо сохторҳои дахлдор муяссар нашуд.

Дар ҳамин ҳол, дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки “онҳо дар бораи боздошт шудани директори кадом як мактабе ба гумони озори ҷинсӣ маълумот дар даст надооранд”.

Тавре ки Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе зикри ному насаб хабар медиҳад, директори мактабро рӯзи 4 июн  “барои рафтори берун аз одоби педагогӣ бо хонандагон” боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, , ду хонандаи синфи 10 ва 11-и ин мактаб шикоят кардаанд, ки мудири мактаб талош кардааст, "ба бадани онҳо даст расонад".

Дар бораи дигар ҷузъиёти қазия ин расона низ хабар надодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.