Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқи ҳолатҳои марбут ба ҳодиса дар фурудгоҳи Кишинёв ба Молдова сафарбар шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қраоргоҳ дар Киев) барои ҳамкории мутақобила бо ҳамтоҳояшон аз Молдова ҷиҳати ошкор намудани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода ба шаҳри Кишинёв фиристода шуданд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, пас аз рух додани ҳодиса намояндагони Прокуратураи генералӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз Молдова дар робита қарор доранд.

“Ба оила ва пайвандону наздикони шаҳрвандони ҳалокшудаи Молдова изҳори ҳамдардии амиқ намуда, бори дигар тасдиқ мекунем, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳамкории пурсамар бо Молдова омода аст”, - зикр кардаанд дар Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 30 июн дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кишинёв як мард ҳангоми гузаштан аз санҷиш дар сарҳад тирпаронӣ кард.

Сарвазири Молдова Дорин Речан дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод, ки шахси тирпаронида шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон мебошад. Аз лиҳози амниятӣ вуруди ӯро ба Молдова рад кардаанд.

Ҳангоми раҳнамоӣ кардан ба “минтақаи озод”, ки аз он ҷо мард бояд хатсайри бозгаштро интизор мешуд, ӯ таппончаи хидматии намояндаи пулиси сарҳадро гирифта, якчанд бор тир мекушояд.

Ӯ ба сӯи сарҳадбон ва корманди фурудгоҳ, ки мехост силоҳро аз дасти мард гирад, тир мепаронад. Ҳам сарҳадбон ва ҳам корманди фурудгоҳ ҳалок шуданд.

Ба аъзои воҳиди таъиноти махсуси “Молния”, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд, муяссар мешавад, ки ӯро безарар гардонанд. Ӯ захмӣ мешавад.

Изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон

Рӯзи 1 июл Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳорот пахш намуда, зикр кард, ки шаҳрванди дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв (Молдова) тирпароникарда дар бедарак шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев даст дорад.

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров, ки пас аз тирпаронӣ боздошт шуд, яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад, ки корманди бонкро рабуданд.

“Пас аз содир намудани ҷиноят Ашӯров ба Туркия ва сипас ба Кишинёв рафта, вақте ки ӯро боздошт карданӣ мешаванд, тирпаронӣ кард ва ду нафарро ба ҳалокат расонид”, - зикр шуд дар изҳорот.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ Рустам Ашӯров ярадор ва дастгир шудааст. Прокуратура хабар додааст, ки Рустам Ашӯров сокини 43-солаи шаҳри Душанбе мебошад. Аз дигар ҷузъиёти ҳодиса хабар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар брифинги иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии кишвар Ион Мунтяну изҳор шуд, ки мақомоти Молдова Рустам Ашӯровро истирдод карданӣ нестанд.

“Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёв тирпаронӣ кард, ба ватан истирдод намешавад. Мурофиаи судии ӯ дар Молдова доир гардида, дар ин ҷо нисбат ба Ашӯров парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳодисаи тирпаронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв амали террористӣ набуда, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи айбдорӣ ба куштор оғоз гардидааст. Ба ӯ ҳукми ҳабси абад таҳдид мекунад”, - гуфтааст ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.