Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора шуъбаи иттилооти Додгоҳи олӣ дар посух ба дархости “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ин манбаъ навишт, ки Абдухалил Холиқзода, соҳибкор ва мудири Беморхонаи “Ибни Сино” бо моддаҳои 189 қисми 2 ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нуҳ) сол ва ҷарима ба андозаи 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 76800 (ҳафтоду шаш ҳазору ҳаштсад) сомонӣ таъин карда шудааст.

Ҳукмро коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 22-юми феврали соли 2024 содир кардааст.

Ҳамчунин, ба Рустам Абдуқодир, пажӯҳишгари тоҷик, ки номаш дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” зикр мешавад, бо моддаи 189 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 (чор) солу 6 (шаш) моҳ таъин карда шудааст.

Ба Раҷабзода Суҳроб Тоир, ношире, ки китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро нашр кардааст, бо моддаи 295 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол таъин карда шудааст.

Назари вакилони дифоъ ва пайвандони маҳкумшудагон дар робита ба ҳукми додгоҳ дастрас нест.

Бояд гуфт, ки қаблан манобеи “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки Абдухалил Холиқзод ба 6,5 сол, Абдуқодири Рустам ба 4,5 соли зиндон маҳкум шуда, Суҳроб Раҷабзода бо пардохти ҷарима озод шудааст.

Пештар аз ин Радиои Озодӣ ҳам бо такя ба манобеи худ навишт, ки Абдухалил Холиқзод ба 6,5 сол, Абдуқодири Рустам ба 4,5 сол ва Суҳроб Раҷабзода ба 1 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Он замон наздикони маҳкумшудагон низ баргузории мурофиаро тасдиқ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам, баъд аз муаррифии китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" дар моҳи марти соли 2023, тобистони ҳамон сол дар Душанбе боздошт ва барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) ё моддаи 182 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам шуданд. Баъдтар, дар парвандаи Абдухалил Холиқзода иттиҳоми кочоқ (моддаи 289 қисми 2) низ илова гардид.

Абдуқодири Рустам

Баъдтар Суҳроб Раҷабзода, директори нашриёти “Эргарф” низ боздошт шуд. Нисбати ӯ бо моддаи 295 қисми 1 (Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) парванда боз гардид.

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

Нашри ин китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунди маҳалгароиро ба миён овард. Худи ӯ ин ҳамаро рад кард ва гуфт, “тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст”.

Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон тобистони соли гузашта гуфт, ки муаллифи китоб барои барангехтани кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ё дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешавад ва дастури боздошти ӯро шахсан худи ӯ додааст.

Баъдан, чанд мансабдори тоҷик, аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири феълии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоъ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва ҳатто омӯзгорону собиқадарони меҳнат  муаллиф ва мӯҳтавои китобро танқид карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.