Имрӯз, 19-уми июн, дар як иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон тарҳи нави қонуни пурбаҳс “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ки дар асоси он пӯшидани либоси бегона ва идгардаки кӯдакон манъ мешавад, аз тарафи вакилон баррасӣ ва қабул карда шудааст. Дар ин бора сомонаи Маҷлиси миллӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, иҷлосия таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст ва дар маҷмӯъ 38 масъала ба баррасӣ кашида шуд.
“Дар иҷлосия Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, “Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул шуданд”, - менависад манбаъ.
Тибқи муқаррарот, лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ба президенти Тоҷикистон пешниҳод мешавад ва пас аз имзои сарвари давлат ва нашраш дар расонаҳои давлатӣ он ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.
Бояд гуфт, ки рӯзи 8‑уми май палатаи поёнии парлумон Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”-ро қабул кард, ки он “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ва дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак)”-ро манъ мекунад.
Тасмими манъи пӯшидан ва ворид намудани “либосҳои бегона” ва “идгардак”‑и кӯдакон дар ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба миён овард. Тоҷирони тоҷик ҳам аз монеаҳои нави қонуни мазкур нигаронӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки барои риоя накардани ин қонун ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори нишондиҳандаҳои он муайян нест. Инчунин, то ҳол муайян нашудааст, ки кадом либос “ба фарҳанги миллӣ бегона” аст ва воридот ва фурӯши кадом намуди либосҳо манъ карда мешавад.
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста