Душанбе. 25 апрел. «Азия-Плюс» - | Дар рафти вохӯрии вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, раиси Ҳизби Нахзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо сокинони рустои «1 май»- и ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, роҳи ҳалли мушкили тахриби манзилҳои зисти мардуми маҳаллӣ баррасӣ шуд.
Тавре Муҳиддин Кабирӣ ба «АП» хабар дод, мувофиқи ҳуҷҷатҳое, ки сокинони рустои «1май» дар даст доранд, замин дар асоси қарори марбутаи ҳукумати маҳаллӣ тақсим карда шудаст.
«Ман, ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷамъбасти вохӯрии имруза, ки бо иштироки намояндагони мақомоти маҳалии ҳукумати давлатӣ баргузор гашт, тасмим дорам бо дархост ба унвони раҳбарияти палатаи поёнии парлумони кишвар барои таъсис додани комисияи махсус оид ба омӯзиши масъалаи қонунии тахриби манзилҳои сокинони рустои «1май» муроҷиат намоям. Ман исрор мекунам, то ба ҳайати комисия намояндагони ҳукумат, прокуратура, вакилон, намояндагони ВАО ва инчунин худи сокинони русто шомил бошанд», - изҳор дошт раиси ҲНИТ.
Кабирӣ мӯътақид аст, ки чунин амали намояндагони ҳукумат дар қаламрави рустои «1 май» боиси аз байн рафтани эътиқоди мардум ба ҳукумати кишвар мегардад.
«Ба андешаи ман,агар дар тақсимоти замин дар рустои номбаршуда хатоие бошад, он аз ҷониби намояндагони ҳукумати маҳалӣ роҳ дода шудаст ва имруз ҳукумат бояд ба он иқрор шавад. Нафаронеро, ки боиси сар задани чунин мушкили шуданд ҷазо дода зарари расонда ба сокинони рустои «1май» ҷуброн карда шавад»,- афзуд Муҳиддин Кабирӣ.
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста