Душанбе. 13-уми май. «Азия-Плюс» —Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Мирганд Шаҳбозов ба шаҳри Санкт-Петербург рафт.
Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ба ҳайати мазкур раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Хайринисо Юсуфӣ, вакилон Амирхон Сафаров, Хадича Ҳакимова ва Рустам Латифов шомил буда, онҳо дар кори ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва ҷаласаи навбатии Ассамблеяи банипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ширкат хоҳанд варзид.
Ба қавли мавсуф, ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) низ иштирок хоҳанд кард. «Дар ҷаласа Мирганд Шаҳбозов дар мавзӯи «Таъмини ҳуқуқии дастгирии давлатии истеҳсолоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ хоҳад кард», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, аз 10 то 13-уми майи соли ҷорӣ муовини раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова дар шаҳри Минск дар мулоқоти роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок кардааст.
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста