Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Чанде қабл зимни мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ҷефри Пятт масоили барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар бахши таъмини амнияти марзҳо ва амалисозии лоиҳаҳои энергетики САSA-1000 ва нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот зикр гардид, ки муносиботи ИМА ва Афғонистон сатҳи навро касб кардаанд ва акнун ИМА бо мақсади таҳкими сулҳ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии бемайлони Афғонистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба таври назаррас метавонад дар ноил гардидан ба ин ҳадафҳо, бахусус дар рушди зербинои иқтисод ва таъмини Афғонистон бо нерӯи барқ кӯмаки муассир расонад.
Ба иттилои манбаъ, Ҷефри Пятт ҳамчунин омодагии ИМА-ро дар мусоидат бахшидан ба рушди тиҷорат миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳор доштааст.
Дар навбати худ, Маҳмудҷон Собиров изҳори умедворӣ кард, ки ИМА Тоҷикистонро ҳамчунин дар амалисозии лоиҳаҳои энергетикӣ низ дастгирӣ хоҳад кард, зеро татбиқи ин лоиҳаҳо натанҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат намуда, ба ҷумҳурӣ ҷиҳати содироти нерӯи арзони барқ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста