Душанбе, 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натоиҷи боздиди дурӯзаи худ аз ноҳияи Дангара бо фаъолони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ маҷлиси машваратӣ доир намуд.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис рафти иҷрои буҷети давлатӣ, супоришҳои қаблан додашуда, барномаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ, масоили вобаста ба истифодаи босамари обу замин, омодагӣ ба зимистон ва таҷлили солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷкистон баррасӣ шуд.

 Таваҷҷўҳи асосӣ ба ташкили корҳои судбахш барои истодагарӣ дар муқобили мушкилоти имрўзаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла болоравии нархи сўзишворию ва маводи ғизоӣ ва камборишию камобии имсолаи Тоҷикистон зоҳир гардид.

 Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳи асосӣ ва самарабахши коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ аз болоравии нархи маводи ғизоӣ ба роҳ мондани истифодаи босамар аз обу замин, кишти такрории сабзавоту полезӣ ва лўбиёгиҳо ва таъмин намудани фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии нархи баъзе маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гўшт дар бозорҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки ин кор, асосан, аз ҷониби баъзе қаллобону ҷаллобони беинсоф ба таври сунъӣ ташкил мегардад. Аз ин хотир бо муроҷиат ба онҳо ҳушдор дода шуд, ки агар корро аз роҳи адлу инсоф ташкил накунанд, бозоршинию савдогарӣ барои ҳамаи онҳое, ки худ истеҳсол намекунанд, манъ дошта мешавад, то ки худи истеҳсолкунандагон молу маҳсулоташонро бо нархҳои одилона ба фурўш бароранд.

Дар робита ба омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни солгарди 20 истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки мафҳуми иншооти ҷашнӣ бояд аз миён бардошта шавад, зеро тамоми ҳудуди кишвар ба истиқболи ин иди пурифтихор бояд дар маҷмўъ ободу зебо ва сарсабзу хуррам шавад.