Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати 12-ум, ки аз 16 ноябр то 2 декабр доир гардид, истеъфои Президенти вақти ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев қабул шуд. 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон - Сарвари давлат интихоб шуд, ки муддати 25 сол ба ҷумҳурӣ раҳбарӣ мекунад.