Тоҷикистон новобаста ба он ки дар сари қудрати Афғонистон гуруҳи Толибон* қарор доранду ин гуруҳро эътироф намекунад, ба тоҷикони ин кишвар бо ҳар васила кумак хоҳад кард.
Ин нуктаро Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон зимни суханронии худ дар як ҳамоиши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба мавзӯи “Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ” иброз дошт.
Ӯ, ки дар мавзӯи “Ҳукумати террористии ҳаракати Толибон ва таҳдиди он ба Осиёи Марказӣ” маърӯза мекард, гуфт, баъди ба сари қудрати Афғонистон омадани гуруҳи Толибон ба сари тоҷикони ин кишвар “ҷабру мушт” зиёд шуд.
Саидҷаъфар Усмонзода дар робита ба вазъи тоҷикони он сӯйи Ому ибрози накар карда, таъкид кард, ки “Тоҷикистон роҳе мекобад, ки ба тоҷикони Афғонистон кумак намояд”.
Масъалаи дигаре, ки дар ин ҳамоиш баррасӣ гардид, таҳдидҳо аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ буд. Дар робита ба ин мавзӯъ Саидкарим Адиб, корманди собиқи хадамоти амнияти Афғонистон дар аҳди Ашраф Ғанӣ суханронӣ карда, вазъи имрӯз ва ояндаи Афғонистон норӯшан ва ҳукуматдории Толибонро хатарзо маънидод кард.
Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин масъалаҳои зиёди вобаста ба муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ, ҳамчунин чолишҳои муосири минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар Афғонистон теъдоди зиёди тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Тибқи иттилое, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш зикр карда буд, ҳудуди 46 дарсади ҷамъияти ин кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Ёдовар бояд шуд, ки қудрат дар Афғонистон тобистони соли 2021, пас аз 20 соли ҳузури неруҳои НАТО ба дасти Толибон афтод. То ҳанӯз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гурӯҳи Толибонро ба расмият нашинохтанд ва эътироф накарданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста