Субҳи имрӯз, 17-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии дуввуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ –Олмон” ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.
Манбаъ навишт, ки дар ин сафар президентро муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон имрӯз, 17-уми сентябр дар Остона бо ширкати сарони 5 давлати Осиёи Марказӣ ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс баргузор мешавад.
Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Олаф Шолтс ё дигар сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи ин нишаст суҳбати хоса анҷом медиҳад ё не.
Нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати роҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор шуда буд.
Дар ҳошияи нишасти соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуда, бо як қатор роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ карда буд.





Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста