Нависандаи тоҷик ва драматург Абдуғаффори Абдуҷаббор таҳти унвони «Назаркарда» нахустин пйесаи театриро дар бораи Эмомалӣ Раҳмон таҳия намуд.
Асари мазкур аз ҷониби нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1 ҳазор нусха ба чоп расидааст.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, муаллиф, ки худ аз ибтидо то рӯзи оши оштӣ иштирокчии Сессияи ХVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди панҷ соли он яке аз муаллифони асосии сабқати телевизионӣ ба ифтихори ба имзорасонии Созишномаи истиқрори сулҳ буд, кӯшиш ба харҷ додааст, ки мушоҳидаҳои шахсӣ ва саҳифаҳои ҳассоси он айёми таърихиро аз нигоҳи дарки бадеии воқеаҳо ба риштаи тасвир кашад.
Гуфта мешавад, пйеса як марҳилаи басо муҳими таърихи муосири Тоҷикистон – аз рӯзи мубораки 19 ноябри соли 1992, яъне ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон то моҳи октябри соли 1997 – рӯзе, ки аз минбари баланди Ассамблеяи генералии 52-уми СММ сухан ронда, оид ба сулҳи абадии тоҷикон ба аҳли олам иттилоъ додани Президенти Тоҷикистонро инъикосгар аст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/247873/%D0%90%D0%B1%D0%B4%D1%83%D0%B4%D0%B6%D0%B0%D0%B1%D0%B1%D0%BE%D1%80%20%D0%90%D0%B1%D0%B4%D1%83%D0%B3%D0%B0%D1%84%D1%84%D0%BE%D1%80.jpg)
Дар песа қисматҳои фаъолияту зиндагии Президент, саъйу талошҳои ӯ баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, суханронии ӯ аз минбари СММ, вохӯриву гуфтушунидҳои ӯ бо сарони дигар кишварҳо ва муносибати ӯ бо аҳли оилааш таҷассум ёфтаанд.
Ба қавли муаллифи пешгуфтор, мунаққиди маъруфи театр Маҳмадуллоҳи Табарӣ «пйесаи адиб марҳилаҳои навро бо исму корномаҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кушод. Агар бозтоби ин чеҳраи намоёни сиёсӣ дар адабиёт, мусиқӣ ва санъати тасвириву синамо то андозае амалӣ шуда бошад, дар театр ин раванд аз асари саҳнавии Абдуғаффор Абдуҷаббор оғоз мегардад. Фактҳои воқеии таърихӣ ва тахайюлоти адиб дар он чунон тавъам омадаанд, ки раванди дуру дарози истиқрори сулҳро дар кишвар хеле дақиқкорона ба тамошобинон пешниҳод менамояд».
Дар зер матни пйесаро манзуратон мегардонем:
Абдуғаффор Абдуҷаббор,
нависанда, тарҷумон, драматург,
доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт, Академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон
ХУДОНАЗАРКАРДА
(пйесаи бисёрпардагӣ иборат аз 14 саҳна)
Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе – 2016
...///...
ИШТИРОКЧИЁН:
Эмомалӣ Раҳмон – 40-сола, дар ибтидо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаришта – 40-сола ё ҳазорсола
Модар – 63-сола
Елтсин Борис Николаевич – Президенти Федератсияи Россия
Мӯйсафед Нур – 70-сола ё ҳазорсола
Шоир – 57-сола
Азизмоҳ – ҳамсари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Озодабону – духтари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Рустам – писари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ду гурӯҳи ҳафтнафараи хореографӣ
Гурӯҳи ду, се, чор-нафараи бадгӯю ғайбатчӣ
Журналистон – мухбирони ватанию хориҷӣ
Оммаи табақаҳои гуногуни ҷомеа
САҲНАИ ЯКУМ
Мусиқии дардолуду ҷонкоҳи фалакӣ – ифодагари оҳу нола ва нидои дили халқи азияткашида паст-паст садо медиҳад. Саҳнаи холиву нимторик. Рӯи фарши он, андак ақибтар матои рангоранги чӣ манзара доштанаш номаълуму ноаён партофтаанд. Аз чаҳор сӯ овози ғулғулаю ваҳмангези мардум, овозҳои хирросии «Истеъфо! Истеъфо! Истеъфо! Инқилоб! Инқилоб! Инқилоб!» ба гӯш мерасанд. Раъду барқ гулдуррос мезанад. Садои тири автомату таппонча… борҳо баланд мешавад. Мусиқии ҳузну даҳшатангез… Ду гурӯҳи ҳафтнафараи ранги либосҳояшон сиёҳу сафед, ки бо забонаҳои оташ ҳар якеро фаро гирифтаанд, рӯ ба рӯи ҳамдигар истода, гӯё мерақсанд, дар асл ба ҳам часпу талош доранд, ҳар дафъа ба ҳам, ки расиданд, аз зарби корд, ё тири автомату таппонча ин ё он нафаре беҷон меафтад… Оқибат ҳамагон кушта мешаванд ва мурда мехобанд. Садои уллоси гург аз дур ба гӯш мерасад. Саҳна торик мешавад. Он матои рангоранги манзарааш ноаёнро оҳиста-оҳиста боло мебардоранд. Нури чароғ ҳам зарра-зарра рӯшанӣ мебахшад ва мебинем, ки пеши назари тамошобинон харитаи ҷуғрофии пора-пораи Тоҷикистон падидор мегардад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ ДУЮМ Саҳнаро расман шабеҳи толори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оро додаанд. Курсии дарози раёсатро бо матои балхи сабз печонидаанд. Ҳозирин интизори хулосаи қароранд. Вазъият хеле ҳассос метобад. Баногоҳ эълон садо медиҳад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Овози – фонограмма (Раиси Комиссияи машваратӣ): |
— Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»: Мувофиқи моддаи 109 Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад. Раиси маҷлиси Сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ш. Хуҷанд, 19 ноябри соли 1992. |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Аҳли толор бардавом қарсак мезананд. Раиси тозаинтихоб – иқдоми мазкур ҳатто шахсан барои ӯ ғайричашмдошт буд, лаҳзае чанд ҳайрон мемонад. Чашми ҳама ба сӯи ӯ дӯхта шудаанд. Хомӯшии том ҳукмфармо мешавад. Раиси тозаинтихоб нафас рост карда баистиҳола аз ҷо бармехезад. Тугмаи болоии костюмашро мегузаронад. Ва сӯи саҳна раҳ мегирад. Ин ҳангом чароғҳо хомӯш шуда, ва танҳо қомати рости Раиси навинтихоби Шӯрои Олиро рӯшанӣ фаро гирифтааст. Марди нуроние қомат рост мекунад. Мӯйҳояш то китф дароз-дароз, сарлуч, пироҳани сап-сафед ба бар. Аз ҷониби боло – рӯ-рӯи роҳрави ноаён солорона қадам зада, андак поин меояд. Ва дар партави мусиқӣ – оҳанги «Муноҷот» башорат медиҳад:
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мӯйсафеди Нур: |
— Ман аз дуриҳои дур – аз қаъри асрҳо омадам… Ба чашми сар дидам ва шаҳодат медиҳам. Ин лаҳза, имрӯз осмонҳо дили инояти худ кушоданд. Ва Нур падид омад. Нури умеду орзуҳо. Нури сулҳ… Қадамаш муборак бод! Ва ин Нур таи андак фурсат дар қалби ҳазорон ҳазор одамони ин сарзамин тароватангез аксандозӣ меёбад. Ман мебинам… Мардум осуда нафас мегиранд. Чунки ин нур бо ҷасорат торикӣ, низоъро рахна мезанад, риштаи дасисаву ҷудоиангезиро барбод мепошад, гуруснагиву қаҳтии нонро барҳам медиҳад, ғарибони дурафтодаро ба зодгоҳашон бармегардонад… Ман мебинам… Шабу рӯз талош варзида, дар дили мардуми кишвар, пиру барно зарра-зарра алангаи эътимодро ба вуҷуд меоварад. Ман мебинам… Ҳамаро ба ҳама, сарзаминро ба ҷаҳони наву кӯҳна мепайвандад. Ба шарофати меҳр, фаросати табиӣ… Солҳо ноаён мегузаранд ва мебинам, ки ҳар инсони солимфикру покниҳод қадру манзалат ва рисолати ин Нурро мешиносад… Ва арҷ мегузорад… Ман ба ин бовар кардам. Шумо умедвор бошед…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Он мӯйсафед ончунон ки ногаҳон зуҳур кард, ҳамчунон ногаҳон аз назар нопадид мегардад… Ҳамоно Раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ побанди андеша ин сӯ-он сӯ қадам мезанад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Садои ботинӣ (Эмомалӣ Раҳмон): |
— Худоё, Худовандо! Ин чӣ каромот буд, ки вакилон ногаҳон масъулияти бузургеро бар дӯши ман гузоштанд… Аз чӣ шурӯъ намоям? Куҷост он Нур? Нури умед, нури орзуҳо. Нури сулҳ… Ба чӣ иқдом даст занам, ки дар қалби одамони диёрамон аксандозӣ ёбад. Мардум нафаси осуда гиранд. Аз чӣ шурӯъ кунам, ки низоъро рахна занам, миёни дасисаву ҷудоиангезиро шиканам, гуруснагиву қаҳтиро барҳам диҳам, ва ғарибони дурафтодаро ба зодгоҳашон баргардонам… Чӣ ҳарфу сухане ёбам, ки дар дили одамон, пиру барно зарра-зарра алангаи эътимодро ба вуҷуд оварам. Ҳамаро ба ҳама, сарзаминро ба ҷаҳони наву кӯҳна пайвандам. Чӣ илоҷе ёбам, ки мардум ба ман бовар кунанд. Куҷост он Нур, Худоё!
Ин маврид баногоҳ Фаришта падид меояд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ СЕЮМ (Ногаҳон Фаришта пайдо мешавад) перместить
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Бубахшед, Раис, ки ман сару калобаи андешаҳоятонро қатъ кардам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
|
— Шумо кӣ? |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ман?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ҳа, шумо.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Магар нашинохтед?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— На… Чӣ тавр посбонҳо шуморо ба ин ҷо раҳ доданд?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ман ҳеҷ гуна посбонро надидам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Чӣ хел?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ҳамин тавр, оддӣ!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ҳазлу шӯхӣ, масхарабозӣ мекунед?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ман ба масхарабоз монандам?..
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Пас бигӯед, чӣ мехоҳед?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ҳеҷ чӣ. Беҳуда хавф набаред, мӯҳтарам Раис. Фақат нағзакак ба ёд гиред!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Чиро?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Онро, ки ман таҷассуми виҷдону раҳмону ва шайтону имонам! Минбаъд як лаҳза ҳам аз шумо ҷудо гашта наметавонам. Ҳақ надорам!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Аҷабо! Магар…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ҳайрон нашавед. Ҳузури ман як нозукӣ дорад. Яъне, маро танҳо шумо мебинеду шумо мешунавед. Дигар ҳеҷ ҷонзоде!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ба назарам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Аввал як ба ёд биёред. Парвардигор аз он рӯзе, ки дар рӯи замин аввалин подшоҳро халқ кард, маро рисолат дод, ки дар бараш бошам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Хайр, бинем, ки рисолататон чӣ натиҷа медиҳад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Боз як нукта аз хотиратон фаромӯш нашавад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Канӣ, шарҳ диҳед.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Бидонед, ки Худо подшоҳии худро ба ҳар ки хоҳад мебахшад ва Худо фарохнеъмату доно аст.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ба назарам чунин мерасад, ки бо шумо баҳс кардан саҳл нест.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Агар бемалол бошад, бигӯед, ки шумо ҳоло саргарму побанди чӣ фикр ин сӯ, он сӯ қадам мезанед?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Бори нахуст бояд ба халқ муроҷиат намоям. Боз ба машварати кормандони раёсат тайёрӣ бинам, лоиҳаҳои қарорҳои навбатии Шӯрои Олӣ, Қонунҳо «Дар бораи Парчами давлатӣ», «Нишони давлатӣ» ва Кодекси гумрукро омӯхта бароям…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Сахт дар ҳаяҷонед?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Андак эҳсос мешавад. Ба ҳар ҳол бори аввал… Бояд ки аз ҳозир ғами таъсиси Артиши Миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ ва муайян кардани муҳимтарин рукнҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро барои понздаҳ-бист сол хӯрем. Инҳо аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаанд. Хуллас, побанди ҳазору як фикру хаёлам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Дарвоқеъ… Рисолат, ки дошта бошед, метавонед ягон мӯъҷиза нишон диҳед?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Шуморо Раис интихоб карданашон ин худ мӯъҷизаву каромот аст. Вале, бигузор гуфтаи Шумо шавад. Мӯъҷиза хоҳед, мӯъҷиза-дия! (Бо ангуштонаш амромез садо мебарорад).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ ЧОРУМ Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно дар саҳна танҳо. Сари миз мешинад. Ба хаёл фурӯ меравад. Атрофи саҳна торик. Ногаҳон аз кунҷе шабеҳи пиразани пироҳанаш саропо сап-сафед падид меояд. Раис аз зуҳури пиразан ҳанӯз пай набурда:
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Писарам Эмомалӣ! Салом алейкум!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
(Қалам ба даст аз қоғазҳо сар набардошта) — Ваалайкум бар салом!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Писарам Эмомалӣ!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
(Яке ба худ меояд. Сӯи пиразан менигарад. Аз ҷой мехезад. Дараввал намешиносад.) — Шумо кӣ, модар? Чӣ тавр ба ин ҷо раҳ ёфтед?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Аз афташ маро нашинохтӣ…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
(Наздиктар омада). — Худоё, ман хобам ё бедор? Модар, шумо кай ба ин ҷо омадед? Чӣ тавр? |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Ҳамин лаҳза. Шукр, ба муборакбодии ту расидам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Аз дидоратон шодам, модар! Ба ҳадде ногаҳонӣ омадед, ки…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Ҳайрон нашав, писарам. Дили модар магар тоқат мекунад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Худоё, ҳеҷ боварам намеояд, ки шумо, модари азизу меҳрубонамро рӯ ба рӯ мебинам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Шунидам, ки подшоҳ шудаӣ?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Муҳобот кардед, модар. Буду шудаш Раиси Шӯрои Олӣ!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Бигӯ, писарам, дар ин мамлакат оё имрӯз аз ту баландтар касе ҳаст?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ҳафт қабат осмону Худованд… ва… ва… иншооллоҳ, бовариву эътиқоди халқ…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Аз ин мебарояд, ки дуруст гуфтаанд…
(Ба пеши саҳна мебарояд. Сӯи аҳли толор нигариста, дар партави садои дилангезу рӯҳпарвари ғижжак руҷӯъ мекунад).
Писарам! Писари азизи Тоҷ бар сарам! Ту худ ҳоло дар ин лаҳзаи ҳассос, шояд тасаввур карда наметавонӣ, ки чӣ рисолати таърихиро бар китфонат гузоштанд. Вале бидон ва огоҳ бош! Худои Таъоло аз бани Одам ду гурӯҳро баргузид ва ин ду гурӯҳро бар дигар фазл ниҳод: яке пайғамбарон ва дигаре мулук. Аммо пайғамбаронро фиристод ба бандагони хеш, то эшонро ба вай роҳ намоянд ва подшоҳонро баргузид, ва зикр рафта: «Султон сояи ҳайбати Худост бар рӯи замин, яъне бузург ва баргумоштаи Худост бар халқи хеш…» Писарам! Ботаҳаммул бош! Минбаъд пеш аз ҳар ҳарфро ба забон овардан амиқ андеша намо! Ман ба қудрати рӯҳониву ҷасорати ботиниат эътимод дорам, писарам! Роҳат сафед, ғурури одамӣ ва тавони талошу сарбаландиҳо ёру раҳнамоят…
Сипас, модар назди фарзандаш меояд:
— Биё, писарам, подшоҳ ҳам бошӣ, иҷозат деҳ, ба оғӯш гирам. Сахт ёдат карда, пазмон шудаам… (ба оғӯш мегирад, аз пешониаш гарм-гарм мебӯсад).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ташаккур, модар!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Медонам. Кору ташвишат аз мӯи сарат бисёр. Иҷозат деҳ, акнун равам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Чӣ илоҷ… Майлаш. Ихтиёратон, модар!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Ҳа, писарам, боз як гапи муҳимро қариб буд фаромӯш кунам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Гӯшам ба шумо, модар!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Писарам, одамони бадзоту худобехабар кӯшиши куштани зиндагиро карданд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Рост гуфтед, модар! Чӣ ифодаи дақиқ… Кӯшиши зиндагиро куштан!..
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Вале ту талош варз, ки ҷангро кушӣ, ба беху бунёдаш алов занӣ…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Саломат бошед, модар!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Модар: |
— Акнун мефаҳмам, ки писари як ман не, балки фарзанди халқ, фарзанди ҳамин сарзамин ҳастӣ! Илоҳо ба ин мартаба сазовор бошӣ… Инро ҳаргиз фаромӯш макун!.. — Бирав, аз паи корҳоят шав. Худо ёру нигаҳбонат, Каломи Шариф мададгорат!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
(Пиразан дар нимторикӣ нопадид мегардад. Раис танҳову ҳайрон мемонад. Фаришта пайдо мешавад).
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Хайр, аҳволатон чӣ хел, раис?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Рости гап, маро хеле ба ҳайрат овардед.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Наход! Биёед, боз як каромот нишон диҳам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Боз?..
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ғайбати баъзе вакилону меҳмононро пай бурдагистед?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Аз дур кам-кам эҳсос мекунам. Гӯшам бод мебарад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Онҳо фосиқанд. Аммо наҳаросед, худашон дере нагузашта ба шумо қоил мешаванд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ба ман?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Аниқтараш ба кордориатон.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ҳоло ягон кори назаррасе накардаам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Кори дунё ба оҳистагӣ. Таҳаммул мепарастад. Ҳоло беҳтараш бинеду шунавед… (Боз бо ангуштонаш қарсак мезанад. Саҳна торик мешавад).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Муҳтарам Раис…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Боз ягон мӯъҷиза…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Не. Фақат мехоҳам, ки як панди бепул диҳам? |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Хайр, панд шунидан, агар муфид бошад, кори хуб аст. Бар замми ин муфт…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Дар давраҳои қадим, ба хаёлам, чил-панҷоҳ аср пештар, вақте шоҳ Довуд вафот мекунад, Худованд писари ӯ Сулаймонро подшоҳ интихоб менамояд. Дере нагузашта, Худованд ба хоби шоҳ Сулаймон даромада мегӯяд, ки ҳар чӣ хоҳӣ бароят муҳайё мекунам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Чизе ки хоҳад-а?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Илтимос, гапамро набуред, мабодо фикрам гурехта равад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Узр… гапатон нагурезад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Он гаҳ шоҳ Сулаймон аз Худованд фақат хирадмандӣ металабад, то одилона ҳукм ронад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Аҷоиб… Худованд чӣ посух додааст? Канӣ, шунавем!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Азбас, посух додааст Худованд, ту баҳри худ на умри дароз, на сарват, на шӯҳрат, на марги душманонатро хостӣ, албатта гуфтаатро баҷо меорам. Ман бароят дили саршори меҳр ва фаросати ботин ато менамоям. Баробари ин сарвату шӯҳратро ҳам арзонӣ медорам. Ва агар ба ҳамон роҳи адлу адолат равӣ, сазовори умри дароз ҳам мешавӣ…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Офаридгор, барҳақ одилу баинсоф аст.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ин аз мушоҳидаву таҷрибаи тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Худо кунад, ки имрӯз, дар замони душвор кор диҳад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Медонед, мабодо таъриф пиндоред, табиат бароятон қудрати нодири талош варзидан, ҷустуҷӯ кардану ёфтани роҳи ба худ хос, фазли ботинии камназирро додааст. Туф-туф! Чашм нарасад!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Муҳобот кардед!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ман бо як дидан киву чӣ будани одамро аниқ мекунам. Мебинед, он хислатҳоятон зуд зуҳур мекунанд. Ва одамон онро эҳсос менамоянд. Ба қавле кӯр ҳам мебинаду кар ҳам мешунавад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Аз даҳонатон асал мерезад. Агар аҳволи ҷумҳуриро медонистед…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Медонам, вагарна ба ин ҷо намеомадам. |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Фаҳмо.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Шумо аз худ наравед шуд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ман? Наход…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Дарвоқеъ, не! Аздусар ман ба ин роҳ намедиҳам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Аммо ҳоло ман бояд роҳи шикастани миёни ҷанги бародаркушро ёбам… Инаш кори бениҳоят сангин …
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Тасаввур мекунам… То ин иқдомро баҷо меореду ба субут мерасонед, шутур аз сӯрохии сӯзан мегузарад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Аз ноумедиҳо басо умед аст, Поёни шаби сияҳ сафед аст.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Аз дур овозҳоро мешунавам. Аз осмон…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Шумо қудратӣ…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Шумо ҳам доред, минбаъд аҳамият диҳед!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Шояд… Ҳарчанд ба тааҷҷуб андохтед. Вале худам ҳанӯз ин гуна тавоноиро ҳис накардаам… Чунки ман як одами заминиям…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ниятатон, ки поку муқаддас, халқи озурда ташнаи сулҳу осудагист, албатта, хостатон ҷомаи амал мепӯшад. Бидонед, ки хости халқ хости Худост!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ин фикратон ҳам ҷон дорад …
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Хайр, ман рафтам. Дигар шуморо ташвиш намедиҳам. Номамро, ки гирифтед, ё аз дил гузарондед, ҳамон лаҳза ба хизмати шумо мерасам. (Меравад). |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
(худ ба худ) — То танаффуси ҷаласа ҳоло андак фурсат ҳаст. Ба ҳар ҳол дер кардану вакилону меҳмононро интизор доштан аз рӯи одоб нест. Камтар шитоб бояд кунам.
(Сари миз мешинад. Саҳна торик мешавад.)
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ ШАШУМ Ниҳоят Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ба минбар мебарояд ва ба халқ муроҷиат менамояд. Сухан – руҷӯъ ибтидо наёфта, аз дур садои гонг – зангӯла ба гӯш мерасад. Як муддат ҳамагон ба он гӯш медиҳанд.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Садои зангӯларо мешунавед?! Ин садои оддии зангӯла не, балки нидои ниёгон, нидои таърихи пурихтилофу ибратомӯз ва пуршарафи мост. Садои онҳо мову шуморо бори дигар ҳушдор медиҳад! Чунки халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Вуҷуд доштан ё нобуд гардидани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд. Натиҷаи ҷанги бародаркушӣ ба ҳама маълум – қотилони сияҳкору бадният дар сарзамини аҷдодии мо хуни ноҳақи ҳазорҳо, даҳҳо ҳазор бегуноҳро рехтанд. Фоҷиаи падарон, модарон ва хоҳарону бародарони мо фоҷиаи миллат аст. Бояд ҳамагон ба зону нишаста, ба осмон рӯ орем, тавба гӯем, то Худованди меҳрубон гуноҳҳоямонро бубахшад. Тавба ғубору кудуратро аз дилҳо мебарад, Ҳамдигарро бубахшем, чунки гузашт бузургтарин савоб буда, заминаи мӯътамади сулҳ, ваҳдат, ягонагии миллат хоҳад буд. Вагарна таърих насли моро намебахшад… Ва Худованд қудрат бидиҳад, фаросату дурандешӣ ато намояд, ки дигар касе ба кӯи гумроҳӣ наафтад. Ҳоло муҳимтарин масъалае, ки ҳаллаш ногузир аст, барқарор кардани сулҳ мебошад. Дар ин давраи ҳассосу тақдирсоз қасам ёд мекунам, ки ба шумо сулҳ меорам! Баҳри гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона фаъолият мебарам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим ояд, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неку дурахшони ин сарзамин, ки Тоҷикистон ном дорад, ва ҳаёти хушбахтонаи халқи ранҷу азияткашидаам бовар дорам…
(Ҳама аҳли толору иштирокчиёни спектакл рост истода, кафкӯбӣ мекунанд. Садои гонг – зангӯла боз баландтар мешавад). |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ ҲАФТУМ Дар миёни саҳна чархи мӯҳташам гузоштаанд, ки он вазнин-вазнин тоб бояд хӯрад. Раиси Шӯрои Олӣ онро зӯр задаву ҷон коҳонда андак-андак давр мезанонанд. Ин чарх чархи рамзии ӯст. Ҳамзамон ифодагари чархи таърих, давру замон, гузашти айём аст. Баъди чанд лаҳза Фаришта пайдо мешавад ва ҳайратолуд ба Раиси Шӯрои Олӣ менигарад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Хаста набошед, муҳтарам Раис?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ташаккур!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ёрӣ расонам?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Не.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Чаро? Ақаллан ёваратонро даъват мекардед…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ҳар кас бояд бори худро худаш кашад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Мефаҳмам, вале…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Кори душвор аст, чӣ илоҷ… (аз тоб додан бозистода). Шукр, қудратам мерасад, ки оҳиста-оҳиста бомаром чархамро тоб диҳам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Маъзарат мехоҳам… Шунидам, ки азми сафари Бадахшон доред. Ҳамин рост аст?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ҳа. Чӣ ҷои тааҷҷуб?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Вазъи вилоятро тасаввур кардан душвор. Замину замонашро силоҳбадастони хунхор зер карда гирифтаанд. Мабодо…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Аз гург тарсӣ, ба ҷангал мараву аз гунҷишк ҳарос дошта бошӣ, арзан макор.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Мефаҳмам… Вале ба ҳар ҳол…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ҳеҷ чиро намефаҳмед. Вагарна…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Вагарна чӣ?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Дирӯз афсарони масъул бароям либоси ҳарбӣ дӯзонда овардаанд. Ба истилоҳ комуфляж.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Аниқ, ки шумо напазируфтед.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Ман, ки даъвогари сулҳу ба эътидол овардани вазъият ҳастам, мехоҳам, ки қумондонҳои раҳгумзадаи саҳроӣ ва ёронашон силоҳро як сӯ гузошта, ба худ оянд, ба ҳаёти осоишта пайванданд, чӣ тавр либоси ҳарбӣ пӯшида меравам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Афсарон ғами ҷону амнияти танатонро мехӯранд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Онҳо як чизи оддиро сарфаҳм намераванд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Масалан…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
(чархро андак-андак тоб дода) — Эътимодам комил, ки мардуми сарбаланди Бадахшони Кӯҳӣ ба сӯи меҳмон тир кушоданро ҳаргиз ба худ раво намедоранд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Силоҳбадастон…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Силоҳбадастон ҳам фарзанди ҳамон сарзамину ба худ мувофиқ ору номус доранд. Меҳмонро пешпову озор додан кори аҳли палиду рӯсиёҳ аст.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Яъне, шумо ҷонатонро ба каф гирифта…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Муҳобот накун. Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ қисми ҷудонопазири ватани мост, ҳар пораи хоки он барои кулли шаҳрвандон муқаддас аст. Ва ман бо хоҳиши дил ба он ҷо меравам, бо мардум рӯ ба рӯ, озодона гуфтугӯ мекунам. Ҳама силоҳзада нестанд. Хоҳанд, бо гурӯҳҳои ҷангҷӯ ҳам машварат меороям. Масъалаи гурезагон, мушкилоти сарҳадӣ бо Афғонистон ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд раҳ диҳем, ки Бадахшон дар муҳосираи иқтисодӣ дармонад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ман, аслан, аз ибтидо ба ҷасорати шахсиатон эътимод пайдо карда будам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Раис: |
— Гап сари ҷасорати ман намеравад… (аз тоб додани чарх бозистода) Ҳангоми муроҷиати нахустин, ман ба халқ ваъда додам, ки бароятон сулҳ меорам. Баҳри ин мақсад, азбаски сулҳ зуҳуроти нозуки иҷтимоӣ, шарти аввалини ҳаёт аст, ман аз ҳеҷ василаву имкон рӯ наметобам. Ба роҳбарони мухолифин ҳам эълон доштам: дар ҳар куҷое, ки хоҳанд, бо онҳо сари як миз нишаста машварат меороям. Ман бояд ба ваъдаам, аҳдам вафо кунам. Роҳи дигар вуҷуд надорад. Вагарна ин чархро пайваста, бемамониату якмаром тоб додан, зиндагиро пеш бурдан имконнопазир аст…
(Оҳиста-оҳиста чархро тоб медиҳад. Саҳнаро торикӣ фаро мегирад) |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ ҲАШТУМ
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа — занҳо, мардҳо, ҷавонон, ки замони ҷанги гражданиро аз гузарондаанд, як-як бевосита аз толор ба саҳна мебароянд. Ин манзара як навъ нидою ифодаи солимшавии ҷомеаи миёнаи солҳои навадум аст.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман модар! Зиндагӣ, ки бо маром ба маҷрои табиии худ ворид мешавад, бо ҳазор нияти нек фарзандонамро солиму солеҳ ба воя мерасонам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман боғбон! Боумед боғи нав бунёд мекунам, то зиндагӣ хуррамтар тобад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман муаллима! Дар мактаб фарзандони мардумро таълим медиҳам. Акнун бовар дорам, ки фардои осудаву осоишта фаро мерасад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман бостоншинос! Дар ҳафриёт кофтуков гузаронда, гузаштаро рӯи об мебарорам… Мо бояд саҳифаҳои ҷолиби таърихро омӯзем, то роҳи ояндаамон рӯшантар шавад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман фаррош! Шуғлам тоза нигаҳ доштани хиёбону роҳравҳои пойтахт аст… Мехоҳам, ки одамон бо рӯҳи болида ба коргоҳи худ раванд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман бинокор! Барои одамон хона бунёд мекунам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман мураббия! Дар боғча насли наврасро парасториву тарбия менамоям… Онҳо ояндаи ин давлату миллатанд!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман олим! Таҳқиқоти илмӣ мебарам, сазовори асри XXI кашфиётҳои нав бояд рӯи кор оянд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман соҳибкор! Бо тиҷорат машғулам. Ният дорам коргоҳҳои замонавӣ бунёд намоям…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман ҳунарпеша! Дар спектаклҳо нақш мебозам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман ошпаз! Ғизоҳои болаззати миллӣ мепазам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман устоди донишгоҳ! Ба донишҷӯён дарс медиҳам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман табиб! Ба дарди беморон шифо мебахшам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман ронанда! Корам оддӣ. Мусофиронро мекашонам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман меъмор! Тарҳи биноҳои баландошёнаро мекашам… Шаҳрамон ободу зебо мешавад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман чӯпон! Рама бонӣ мекунам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман журналист! Ният дорам, ки рӯзномаи шахсиамро таъсис диҳам ва баҳри ташаккули фазои демократӣ саҳм гузорам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман ношир! Китобҳои гуногунро ба нашр мерасонам, то муҳити китоб ва китобхонро фароҳам орем.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман дар хоки Афғонистон ғариб будам. Ба манзили худ баргашта омадам… Ташаккур, ба Сарвари давлат, ки ҳаволааш ба Худо нагуфтанд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман ҳофиз! Суруд месароям, дар васфи Ватан, ишқи одамӣ ва зебоӣ…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман чевар! Либосҳои замонавӣ медӯзам… Пироҳани шинаму хушдӯхт назокатро меафзояд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман наттоқ! Корманди радиои Тоҷикистонам… Мардум аз ҳар пешрафти кишвар бояд огоҳ бошанд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман шоира! Шеъру ғазал менависам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мард: |
— Ман дуредгар! Баҳри тифлон гаҳвораю барои арӯсон сандуқи пурнақшу нигор месозам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Зан: |
— Ман тарҷумон! Хориҷиёнро роҳбаладӣ менамоям. Минбаъд онҳо бисёр меоянд…
(Мусиқии маҳин садо медиҳад).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яке аз онҳо: |
— Мо ҳама дар ин сарзамин умр ба сар мебарем!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Дуюмӣ: |
— Соли гузашта дар интихоботи умумихалқӣ Президенти худро интихоб кардем!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Сеюмӣ: |
— Чун дидем, ки қавлу амалаш як ва ягона ҳадафаш — хизмат ба Ватан, ободию озодии Тоҷикистон аст!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Чорумӣ: |
— Мо ҳама интизори фаро омадани сулҳи комилем…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Панҷӯмӣ: |
— Тоҷикистон ватани мост! Мо ба ояндаи дурахшони он бовар дорем…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Ҳамагон: |
— Бовар дорем! Бовар дорем! Бовар дорем!..
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
(Саҳна торик мешавад).
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ НУҲӮМ (Нишасти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Қаблан ҳар яки шумо журналистони ватанию хориҷиро дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош мегӯям. Ва омодаам ба суолҳоятон посух диҳам. Марҳамат!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мухбир: |
— Ҷаноби Президент! Бигӯед, ки марҳилаҳои асосии замони истиқлолиятро шумо чӣ гуна тақсимбандӣ мекунед? Ташаккур!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Агар ба ин марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ баҳои сиёсӣ диҳем, он чаҳор давраро фаро мегирад: Давраи якум — сентябри соли 1991 то Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ — талошу муборизаи қувваҳои гуногун барои ба даст овардани ҳокимият, алангаи ҷанги гражданӣ, авҷи беҳокимиятӣ ва бесарусомониҳо дар мамлакат. Давраи дуюм — солҳои 1992-1993 — фурӯ нишондани оташи ҷанги гражданӣ, ба вуҷуд овардани фазои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва заминаҳои оштии миллӣ дар ҷомеа. Давраи сеюм — соли 1994 — гузоштани пояҳои низоми давлатдорӣ, ислоҳоти сиёсӣ, ташкили нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ, тезонидани раванди оштии миллӣ, ҷоннок гардидани музокироти миёни тоҷикон, баргардондану ҷобаҷо кардани фирориён дар маҳалли доимии зисташон, ташаккулёбии сиёсати хориҷии кишвар, болоравии нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии дунё ва арсаи байналмилал. Давраи чорум — соли 1995 ва нимаи аввали соли 1996 — оғози дигаргунсозиҳои куллии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; комилан ба анҷом расидани раванди бозгашти фирориёни иҷборӣ; афзудани ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар. Дар ин радиф Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии худ гардид. Ин падидаҳо зоҳиран оддию содда метобанд, аммо дар қиёс бо он ки дар чӣ варта будем, аз куҷо оғоз кардему ба чӣ ҳадаф расидем, аҳамияти азими таърихӣ ва сиёсӣ пайдо мекунанд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мухбир: |
— Мӯҳтарам Президент! Нақшу мавқеи Афғонистонро вобаста ба тақдири минтақа чӣ гуна шарҳ медиҳед?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Мефаҳмед, вақте кас мебинад, ки хонаи ҳамсоя ба коми оташи ҷангу кашмакашиҳо тӯлонӣ фурӯ рафтааст, ва миллионҳо одамон сарсонанд, ҳар инсон худро ногувор эҳсос менамояд. Бинобар ин ман ҳанӯз 29 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи генералии СММ ташвишомез зикр карда будам, ки «Афғонистони ноорому номӯътадил на фақат ба Тоҷикистон хавф дорад». Он нидои нахустини марбут ба Афғонистон баровардаам дар сатҳи байналмилалӣ буд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мухбир: |
— Ҷаноби Президент, боз як савол. Агар иҷозат бошад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Марҳамат, бифармоед.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мухбир: |
— Аз таърих медонем, ки охиру оқибат ҳамаи ҷангҳо бо сулҳ меанҷоманд. Фарз кардем, ки сулҳ барқарор шуд. Ба хаёли шумо чанд сол лозим меояд, то аз хотири мардум алами ҷанги бародаркуш зудуда шавад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Шумо ибораи фарз кардемро ба забон овардед. Яъне, ба фаро омадани сулҳи мо тоҷикон шубҳа доред. Вале эътимоди ман комил, ки он рӯзи муборак дур нест. Гумон аст, ки алами ҷанг баъди сад сол ҳам аз ёдҳо ё хотираи таърихии халқ фаромӯш шавад. Тасаввур кунед: миллионҳо доллари амрикоӣ зиёни моддӣ, 150 ҳазор хонаи сӯхтаю валангор, даҳҳо ҳазор гурезаю бехонумон, садҳо корхонаю иншооти харобгардида. Худатон аз рӯи инсоф бигӯед: магар даҳҳо ҳазор талафоти ҷоние, ки ин ҷанг ба сари мардуми Тоҷикистон овард, бо ягон чиз ё бо гузашти солҳо ҷуброн карда мешавад? Ҳаргиз не! Давлат чор бор авф эълон намуда, бештар аз 10 ҳазор нафарро аз ҳабс озод кард. Мо дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор сокинони фироркардаамонро ба маҳалли зисти доимиашон баргардонда, шароити иҷтимоӣ фароҳам овардем. Таи гуфтушунидҳо марҳилаҳои басо душвору печ дар печ ва пурихтилофро таи ин солҳо паси сар намудем. Вақту соаташ фаро ояд, бовар кунед, дармеёбед, ки онҳо то чӣ ҳад ибратомӯзанд. Вале имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишварамон ба пирӯзии ақли солим бовар доранд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
(Саҳнаро торикӣ фаро мегирад). САҲНАИ ДАҲУМ Чархи саҳна вазнин-вазнин тоб мехӯрад. Гурӯҳи дунафара, сенафара ва чаҳорнафара аз ҳам ҷудо-ҷудо истода, рӯи чарх даврзанон вағар-вуғуркунон машғули ғайбату бадгӯӣ мешаванд. Онҳо паст-паст гап мезананд. Ҳар гурӯҳ бонавбат. Чароғ низ ҳар гурӯҳи ба бадгӯӣ побандро рӯшантар нурафканӣ менамояд. Онҳо аз нуру равшании чароғ низ ба ҳарос меафтанд.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурӯҳи дунафара: |
1) — Мусоҳибаро дидӣ? 2) — Ҳа, воҳимаю худнамоӣ аз ин зиёд мешавад? 1) — Гӯё дунёро обод кардаву аллакай сулҳу созиш бошад-а! 2) — Хаёлаш, ки оппозитсияро ба дом афтондаанд-у… 1) — Хобу хаёл… орзу… ҳамааш нақш дар рӯи об задан аст… 2) — Гумонаш оппозитсия гӯлу гаранг ё ҳафтафаҳму ба ин соддагию зудбоварӣ осонакак тан медиҳаду сар мефарорад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта пайдо пешавад. Байн-байни он гурӯҳҳои бадгӯю ғайбатчӣ чарх мезанад. Касе аз аҳли он гурӯҳ мавҷудияту ҳузури Фариштаро пай намебарад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Аҷабо! Аз каромотат гардам одамизот! Ин тоифа мардум, онҳоро хаёл мекунӣ, ки нав аз пушти кӯҳ фаромадаанду аз ҳеҷ кори дунё хабардор нестанд. Тавба! Боз ҳам орзу мепарваранд, ки аз нав сокинони диёрро овораву сарсон, дарбадару гуреза бинанд!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурӯҳи сенафара: |
1) — Умедашон қавӣ, дилашон пур. Мабодо саркардаҳои оппозитсия ҳақиқатан пешниҳодашро пазируфта бошанд-а! 2) — Хоҷагони хориҷиашон ҳаргиз ба ин роҳ намедиҳанд. 3) — Боз овоза ҳаст, ки гурӯҳҳои силоҳбадасти Теппаи Самарқандиву Роҳатӣ, Ғарму Бадахшон тайёрии зӯр дидагӣ. 1) — Ман ҳам шунидам. Аз афташ маҳтали як ишораанду халос. 2) — Ҳамаашон забон як кунанд… Аксарашон гурги дарранда. Чашми ҳар яки онҳоро хун гирифтагӣ. 3) — Мегӯянд, ки садҳо ҷавонони аламзадаю бекору бангӣ ба гурӯҳҳои онҳо гаравидаанд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта ин сӯ, он сӯ қадам зада, рӯи пешсаҳна мебарояд. Чархи саҳна ҳамоно тоб мехӯрад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурӯҳи чаҳорнафара байни худ ба гуфтугӯ мепардозанд. Ончунон айёрона пичирросзанон, ки касе аз ҳозирин чизеро сарфаҳм намеравад. Фаришта синчакорона сӯи онҳо нигариста меистад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ташнаи онанд, ки якдигаркушии тоҷикон идома ёбад. Ҷавононро таълими ҷангиву омодагии ҳарбӣ меомӯзонанд, ба дасташон яроқ медиҳанд. Боз дасисаталабӣ, низоъангезӣ… Барҳақ, ҳар киро Худо гумроҳ созад, пас барои ӯ ҳеҷ раҳнамое нест! Худо онҳоро дар гумроҳии хеш саргардон мегузорад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурӯҳи ду, се ва чаҳорнафара давра гирифтаву дасти ҳам дошта тоб мехӯранд, гӯё ҳамдилӣ зоҳир менамоянд. Ҳар гуна овозҳои танҳо барои худашон фаҳморо мебароранд. Сипас:
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурӯҳи сенафара: |
1) — Фикрат дуруст, ба ғайр аз интизорӣ, акнун аз дасти мову шумо чӣ кор меояд? Ҳеҷ! 2) — Бинем, дар кӯчаҳои мо ҳам ид мешудагист. 3) — Ид пид намебиёяд, ҷӯра! Сафсата! Ду ҳафта раисӣ мекунад гуфта будед. Чор сол шуд. Занатонро талоқ диҳед ҳам, ҷӯраҳо, дигар ун идро дар хоби шабатон мебинед! 1) — Забонамро нахорон!.. 2) — Одам, ки рӯҳафтода шуд, аз хонаву дараш ҳам мемонад. 3) — Ин дунё яксон намемондагист… Ана он вақт мебинем…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Садоҳои ба аҳли толор номафҳуми гурӯҳи ду, се, чор нафаре аз нав баланд мешаванд. Онҳо акнун алайҳи тобхӯрии чарх ҳаракат карда, давр мезананд. Фаришта онҳоро мушоҳида мекунад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Не! Ба ҳеҷ ваҷҳ не! Баногоҳ оби дарё хушк шаваду кӯҳи азимҷусса ба ҳамворӣ табдил ёбад ё аз осмон санг борад ҳам ба мӯъҷиза боварашон намеояду мавқеи худро тағйир намедиҳанд. Кӯр-кӯрона фурсати муносибро меҷӯянд, интизоранд, ки…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурӯҳи ду, се ва чаҳорнафара байни худ беовоз баҳсу талошро идома медиҳанд. Чунин метобад, ки онҳо сухани якдигарро намешунаванд.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурӯҳи чаҳорнафара:
|
1) — Ҳазорҳо мардум дар Қазоқистону Эрону Россия гурезаю инҳо тантана доранд. 2) — Гуреза ҳам бошанд, мегӯянд, ки чор ишкелашон буд… Аслан гирем, онҳо пухта, ба кори худ ҳушёр… 3) — Ватан он ҷоест, ки озораш набошад! 4) — Вале гуреза гуреза, ғариб аст. Ғарибӣ кӯи сахт аст, бародар! 1) — Ҳамин хел ташвиқот барӣ, оқибат соҳибмансаб мешавӣ-дия! 4) — Аз қадим гуфтаанд… 2) — Чӣ гуфтаанд? Мон ҳамон фалсафаю насиҳати гузаштагонро. Замона дигар шудагӣ, пандашон имрӯз ба дард намехӯрад. 4) — Ватангумкарда тахт наёбад, Тахт агар ёбад, бахт наёбад! 3) — Ту боз илова кун, ки хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Чандсад сол пеш модарам қисса мекард, ки бадани одамони бадтинат пур аз мору каждум аст. Онҳо худро аз дарун хӯрда-хӯрда мемиранд. Ва касонеанд, ки сари бинии ҳар яке доғ дорад, Худо ба дилҳову гӯшҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва онҳо бехабаранд аз ҳоли худу аз ҳоли дигарон ва аз ҳоли дунё ҳам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
(Саҳна оҳиста торик мешавад).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ ЁЗДАҲУМ Москва. 27 июни соли 1997. Садои занги соати бурҷи Кремл мутантан танинандоз мегардад. Аз ду тараф – яке Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре Президенти Федератсияи Россия Борис Николаевич Елтсин ба истиқболи ҳамдигар мебароянд.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Борис Николаевич, салом алейкум!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Борис Елтсин: |
— Эмомалӣ Шарифовичи азиз, рӯз ба хайр, аз дидоратон хеле шодам. Хуш омадед! (ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Ташаккур, Борис Николаевич!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Борис Елтсин: |
— Москва, Кремл, Россия шуморо шодбош мегӯянд!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Аз дастгириву мусоидати шумо, пазироиятон сипосгузорам. Хусусан, дар ин лаҳзаи ҳаяҷонбахш!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Борис Елтсин: |
— Мефаҳмам ва тасаввур мекунам, аз байни чӣ обу оташи ҷонкоҳ бо таҳаммул, сарбаландона, бо устуворӣ гузашта ба ин рӯз расидед.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Бале, Борис Николаевич, марҳилаи ниҳоии музокироти миёни тоҷикон фаро омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Борис Елтсин: |
— Дар толори бошукӯҳи Кремл намояндагони шумо, ҳашт нафар вазирони корҳои хориҷии давлатҳои нозир, намояндаи махсуси СММ оид ба масъалаҳои Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем, ду муовини Котиби Генералии СММ, Сарвазири Россия Черномирдин, ҳайати мухолифин ҷамъ омадаанд. Ба маросими имзо тайёрӣ мебинанд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Умедворам, боварам комил, ки ҳамааш хуб меанҷомад. Ҳарчанд се соат пеш қариб буд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Борис Елтсин: |
— Чӣ се соат пеш?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Ман ҳамту, дар омади гап…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Борис Елтсин: |
— Шумо, Президенти мӯҳтарам, дилатонро пур гиред. Ман шуморо чанд сол боз, аз рӯзҳои аввали фаъолиятатон мешиносам. Иқрор мешавам, ки ба кордонӣ, дурандешӣ, устувории иродаи сиёсиатон қоилам. Бовар кунед. Самимона мегӯям. Дар айни даргириҳои ҷанги гражданӣ, мушоҳида мекардам, калимаи сулҳ ҳамеша дар забонатон буд. Сарфи назар аз ҳама душвориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, шумо, вақте мардум ба як бурда нон зор буд, нон муҳайё кардед, шароити зиндагӣ фароҳам овардед. Ҳазорҳо гурезагонро ба хонаҳояшон баргардондед. Аз силоҳбадастон наҳаросидед, кӯшидед, ки бо ҳама забон ёбед. Ин бароятон муяссар гардид. Ман боэътимод зикр менамояд: ин иқдом ва натиҷаи музокирот падидаи нодири сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷодаи давлатдорӣ аст. Фурсаташ фаро расад, дигарон ин мактабро меомӯзанд. Зеро шумо, дар кишвари худ ба муҳимтарин рукни ҳаёти одам – Сулҳ замина гузоштед. Шумо асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллии Тоҷикистонед. Инро ба шумо, рӯ ба рӯ, ман — Президенти Россия Борис Николаевич Елтсин изҳор медорам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Ташаккур, Борис Николаевич!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Борис Елтсин: |
— Акнун рафтем. Ба пеш! Мову шуморо интизоранд. Ҷаласаро шахсан ман мекушоям.
(Ҳарду мераванд. Садои соати бурҷи Кремл бори дигар танинандоз мешавад) |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ ДУВОЗДАҲУМ Саҳнаи театр чанд лаҳза ба саҳни аэропот табдил меёбад. Зинапояе, ки ба зинапояи самолёт шабоҳат дорад. Он қолинпӯш аст. Садои ғуввоси ҳавопаймо қатъ мегардад. Гурӯҳе — шахсиятҳои шӯҳратманди пойтахт интизори падид омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба Ватан баргаштааст. Инак, Сарвари давлат гулчанбар ба гардан бошукӯҳу шаҳомат аз дохили самолёт берун меояд ва рӯ-рӯи зинапоя бо чеҳраи болида, дастболо, каф ба каф гузошта поин мефарояд. Истиқболгирандагон бо нидоҳои шодиву ифтихорангези «Президент!», «Сулҳ!», «Ваҳдат!», «Тоҷикистон!» ба Эмомалӣ Раҳмон гулдастаҳо тақдим медорад. Шоир Лоиқ Шералӣ гардани болои ӯро бо гулчанбар оро медиҳад. Дар мобайн Президент ҳамагон андак пештар мебароянд ва саҳнаи фурудгоҳ ба саҳни майдони дигар — майдони Театри опера ва балет мубаддал мегардад… Майдони назди фаввораи шаҳр. Анбӯҳи бешумори мардум. Хурду калон. Зану мард. Ҳамаро эҳсоси шодиву нишот фаро гирфитааст. Минбари бадоҳатан, ба истилоҳ саридастӣ сохташуда. Президент сари минбар меояд. Чанд нафар ҳамроҳонаш, аз ҷумла Фаришта. Касе аз ақиб шоирро ба пеш — сари минбар, паҳлӯи Президент мегузаронад. Дар фурсати муносиб шоир бо ҳаяҷон микрофонро ба даст мегирад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Шоир: |
— Раҳми парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад. Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт, Сулҳи бунёдкори мо омад… Ҳамдиёрони ҷабру озордидаи ман… Баъди шунидани паёми сулҳи бебозгашт ман раҳораҳ ин шеърро навиштам. Сатрҳо, бовар кунед, худ ба худ аз боло омаданд. Имрӯз шукӯҳи сулҳ, шукӯҳи қаду қомати Сарвари давлатро дидам, ки ба сарзамини азиятдидаи мо сулҳ оварданд. Вақте аз зинаҳои самолёт боандеша, таҳаммул, ифтихор, қадам зада, поин мешуданд, лаҳзае сари таъзим фуруд овардам, зеро ҳис кардам, ки сулҳро чун дили ҳассоси хеш рӯи каф гирифта меоранд. Ва кӯҳраги синаву гардани болои Президентро аз рӯи меҳру эътиқод бо гулчанбар зеб додам.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мардум қарсак мезананд. Нидоҳо баланд мешаванд. «Тоҷикистон! Эмомалӣ Раҳмон! Президент! Сулҳ! Ваҳдат! Тоҷикистон! Президент! Ваҳдат! Сулҳ! Сулҳ! Сулҳ! Мо бо Шумоем, Президент!»
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Ташаккур, дӯстони азиз! Сар то сари Тоҷикистон, тамоми пойтахт иду тантана дорад. Тантанаи сулҳ! Ҳамватанони азиз! Ҳодисаи фараҳбахше — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба имзо расид, ки моҳиятан як давраи томи таърихро таҷассум менамояд. Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳоямон барои ҳифзи давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Вале агар пеши назар оред, дарк мекунед, ки мо дар ин чанд соли охир чӣ қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро пушти сар кардем. Он дар шакли як санади таърихӣ ва тақдирсоз арзи ҳастӣ кардааст. 27 июни соли 1997 барои халқи тоҷик маҳз ҳамин хел сана ҳисоб меёбад. Дӯстони арҷманд! Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик — ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз фирӯз аст. Охир, Ватан муқаддастарин қадамгоҳ, хонаи ободу сари баланд, рӯйи сурх, маскани мо ва наберагону аберагони мост. Ватан қибла, хонаи умед ва имрӯзу фардои миллат аст. Рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем. Солҳо мегузаранд, наслҳо иваз мешаванд, вале халқ он фарзандонро, ки кинаю адоватро як сӯ гузошта, ягонагии Тоҷикистони азизро нигоҳ доштанд, ба некӣ ёд хоҳанд кард. Сулҳу ваҳдатро ҳар яки мо бояд мисли гавҳараки чашм муҳофизат намоем. Ташаккур! Сулҳ муборак! |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Шоир: |
— Мову шумо ҳанӯз моҳияти иҷтимоии ме падидаро то ба охир дарк нанамудаем. Ин комёбии таърихии Президент аст! Барои халқ! Барои Зиндагӣ! Барои Асрҳо! Ба хотири он ки Тоҷикистон дар арсаи таърих ҳақиру зор намирад, балки шарафмандона бақову побарҷо боқӣ монад. Мардуми тоҷик, мерасад рӯзе, ки ба шарафи ин фарзанди худ, ин абармардон арсаи талош муҷассама мегузорад. Муҷассамаи Ҷасорат! Муҷассамаи Ғурур! Муҷассамаи Шукӯҳ! Муҷассамаи Матонат! Асрҳо мегузаранд, шукӯҳи онро на боду на борон коҳиш дода наметавонад. Чунки он Муҷассамаи Сулҳ, Муҷассамаи Ҳақиқати таърихӣ хоҳад буд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Шоир суханашро ба охир расонда, таҳти кафкӯбиҳо мардум аз нав ба нидо меояд: Сулҳ! Ваҳдат! Президент! Тоҷикистон! Тоҷикистон! Эмомалӣ Раҳмон! Сулҳ! Ваҳдат! Президент!
Президент бо ишораи ташаккур даст мебардорад. Аҳли майдон ба хор табдил меёбад. (ҳамагон либос дигар мекунанд). Яккахон дар либоси фарқкунанда пайдо мешавад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Раҳми парвардигори мо омад,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Нури ҳақ бар диёри мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Сулҳи бунёдкори мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Зиндагӣ сахттар зӣ мурдагӣ буд,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Ҳотифи зиндадори мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Кӯю барзан пур аз гадоён буд,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Фурсати шоҳкори мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Пири Канъоно, чашми ту равшан!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Юсуфи дилфигори мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Мурдаҳо норизо зи мо буданд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Фотиҳа бар мазори мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Чор сӯ буд тирборонҳо
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Яке тири барори мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Ахтари саъд ёри мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Аз сари мо хазонфишон бигзашт,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Гулфишони баҳори мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Кӯҳсоро, бибахш пастии мо,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Нангу ному виқори мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Ҳоли зору низори мо бигзашт,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Вақти ҷуду нисори мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Ҷанги девонавори мо бигзашт,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Сулҳи деринтизори мо омад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Раҳми парвардигори мо омад,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Нури ҳақ бар диёри мо омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Яккахон: |
— Кӯҳсоро, бибахш пастии мо,
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Хор: |
— Нангу ному виқори мо омад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ СЕНЗДАҲУМ Манзили зисти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳияи идона дорад. Ҳамсараш Азизмоҳ, фарзандонаш Озода ва Рустам тараддуди истиқболро мебинанд.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Озодабону, Рустамҷон, канӣ пойандозро ба истиқболи падари азизу меҳрубонатон андозед.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Озодабону: |
— Ба ҷону дил! Ба шарафи падарамон ба ҷону дил! (пойандозро аз рӯи миз гирифта, бо назокат ба рӯи остона мепартоянд).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Дастархони идона ороста, ғами ғизоро хӯрданд ё не?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Рустам: |
— Модар – шумо ташвиш накашед, кулли хоҳаронам аз паи тараддуди дастархонороӣ...
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Озодабону: |
— Фақат падарам зудтар расида биёянд. Хеле ёд кардем. (Аз берун садои мошинҳои Президент ба гӯш мерасад. Озодабону аз рӯи мизи кунҷи хона гулдастаи зебоеро ба даст мегирад. Ҳамаро ҳаяҷон фаро гирифтааст). Мусиқии мутантан садо медиҳаду Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди манзили худ мешавад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Салом алайкум! Салом Азизмоҳ! Салом, фарзандони азизу меҳрубонам!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Ваалейкум салом! Хуш омадед, нури хонадон, ҳамсари меҳрубон!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Озодабонуву Рустам: |
(баробар ҳарду худро ба оғӯши падар андохта) — Салом, падари меҳрубон! Мо шуморо ёд кардем…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Шумо тараддуд карда, пояндоз андохтед! Магар…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Имрӯз ҳа, меарзад! Рӯзи муборак аст, Шаҳсутуни оилаву авлод, ҷаноби Президент, таҷассумгари сулҳи тоҷикон, падари мӯътабари фарзандон ба манзили зисти худ қадам ранҷа мефармоянду мо ҳамту, хоксорона пешвоз мегирем? Сад пояндоз садқаи шумо!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Ташаккур! Саломат бошед!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Ҷаноби Президент! Чӣ қадар дидори мубораки Шуморо пазмон шудем. Бигӯед, рост бигӯед! Ин сулҳи якумрӣ аст?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Боварам комил! Мо, ҷониби ҳукумат ва мухолифин дар назди аҳли олам ба ҳамдигар ваъда додем, ба санади муҳими оштии миллӣ имзо гузоштем! Масъулияту рисолати таърихиро бар дӯш гирифтем.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Хайрият! Худоро шукр! Иди сулҳ муборак!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Бар ҳамаи шумо ҳам! Аҳволи модарам чӣ тавр бошад?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Шукр, сиҳат саломатанд. Шабу рӯз дуои пешрафти кору сиҳатии ҷони шуморо мекунанд. Ба хаёлам, имрӯзҳо хобу хӯрро ҳам фаромӯш кардагӣ…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Аҳволу саломатии дигар духтарони азизу арҷмандам чӣ хел?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Озодабону: |
— Хеле хуб. Дар толори дигар дастархон меороянд. Бароятон чӣ армуғоне омода кардаанд…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Ҷаноби Президент! Духтарамон Озодабону баҳри шумо гулдаста овардаву шеър хонданист. Агар иҷозат бошад…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Чаро не? Бо камоли майл! Канӣ шунавем…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Озодабону: |
— Падар!.. (андак ба ҳаяҷон афтода): Падар, аз ҳастият шукрона дорам, Зи рӯзгорат ба лаб афсона дорам. Ту ҳастӣ муттакову такягоҳам Зи ту ғамхортар ман кас надорам.
Ба дидорат дили ман мезанад гум, Валекин ёди ту бо ёди мардум. Ҳамеша, ҳар куҷо бо халқ пайванд, Ту хуршедӣ, халқ – анҷум.
Дилам хоҳад шунидан хуш каломат, Намесозам, падар, аммо маломат. Ба номи сулҳ шуд ҷонат гаравгон, Ҳамин бас дар ҷаҳон, бошӣ саломат![1]
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
(Эҳтиромона гулдастаро ба падар тақдим медорад. Эмомалӣ Раҳмон аз пешонии духтараш Озодабону мебӯсад).
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Ташаккур, духтари азизам! Хеле лутф кардӣ! Дарсҳоят чӣ хел? Донишгоҳ дар ҷояш?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Озодабону: |
— Ҳамааш хуб. Ташаккур!
(Озодабонуву Рустамҷон ноаён ба хонаи дигар мегузаранд).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Оҳ, қариб фаромӯш шавад!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Боз чӣ?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— О ман ҳам барои Шумо, ҷаноби Президент, беҳтарин гулдаста омода кардаам. (пеш меорад).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Ташаккур! Зарурати ташвиш кашидан набуд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Магар ман аз дигарон, ҷаноби Президент, ягон камӣ дорам?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Нафаҳмидам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
(лутфомез)— Тариқи телевизор дидем. Хеле завқ ҳам бурдем.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Чиро?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Қатори мардҳо… Даҳҳо занҳои зебою хушқаду қомат ҳангоми истиқбол дар аэропорт гулдаста доданд. Не нагуфта бо табассуму хушнудӣ гирифтед-ку. Ман ҳам ҳавасам омад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Ташаккур! (Механдад).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Боз мабодо ба дил гиред, ман ҳамту, дар омади гап.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Мефаҳмам. Шумо, Азизмоҳ, бароям ягона, нотакрор, шукр, ин қадар фарзандҳои солиму солеҳ ва зеборо ба дунё овардем. Хушбахтии мард дар оила аз ин зиёд мешавад?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азизмоҳ: |
— Сипосгузорам. Хайр, боқӣ сӯҳбат дар сари дастархони идона. Канӣ, марҳамат, ба он хона гузарем.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Эмомалӣ Раҳмон: |
— Чӣ хуш гуфтед, бону! Дастархони идона! (ба тамошобинон рӯ оварда) Имрӯз, ҷилою дурахши ҳаяҷону шодӣ, умеду орзуҳоро дар чашмони мардум дидам. Ва на фақат мо, балки ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, тасаввур мекунам, ба шарафи ин рӯз, ин санаи таърихӣ дастархони идона оростааст... Дастархони сулҳ… Сулҳе, ки бебозгашт аст. Сулҳе, ки зиндагиро ба маҷрои табиияш равон месозад. (ба ҳамсараш рӯ оварда) Канӣ, рафтем! Фарзандон моро интизоранд…
(Мераванд. Саҳна торик мешавад).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ ЧОРДАҲУМ Пешсаҳна рӯшан асту халос. Ақиби он нимторик, рӯшан наметобад. Президент қоғаз дар даст ба пешсаҳна мебарояд. Андешаманд ба қоғаз менигарад.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Рӯйхат… Рӯйхат… Вазири корҳои хориҷӣ… Мушовири давлатӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ… Агар Фаришта …
(Фаришта пайдо мешавад).
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Лаббай, ҷаноби Президент!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Нафаҳмидам? Кӣ шуморо даъват кард?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Номамро, ки ба забон гирифтед, ман ҳамеша ҳозиру нозир мешавам. Инро медонед-ку!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Сафи ҳайати расмиро аз назар гузарондам. Яке хаёлам рафту…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Дарак дорам, сафари хеле муҳим. Андак пас… Вале акнун ҳеҷ зарурати ҳамроҳ рафтани ман нест.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Чаро? Аздусар касе мавҷудияти туро пай намебарад-ку?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Чунки виҷдонатон, имону раҳмонатон, дидам, ки якумрӣ ҳамроҳи шумову дар рагҳои хунгарди баданатон ҷорианд. Шайтонро ман дур меандозам…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Ба куҷо?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ба қаъри асрҳо ё ҳазорсолаҳо… Дар омади гап, боз як ривоят. Ба қавли худатон, ҷаноби Президент, муфт.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Канӣ, шунавем.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Замоне шӯҳрати шоҳе дар олам паҳн мешавад. Маликаи мамлакати дигар, ба кишвари он шоҳ корвони сарват фиристода, сипас худаш ташриф меорад. Ва мегӯяд: «Шӯҳрату хиради давлатдориат замину замонро фаро гирифта. Хостам, ки бо чашми худ бубинам». Шоҳ пурсидааст: «Хайр, чӣ мушоҳидаҳо ба даст омад?» «Зиндагии мардум ва комёбиҳоро дида, дарёфтам ки фақат ними овозаи шӯҳратат то мо расидаасту халос».
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Яъне…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Яъне, дере нагузашта, ба диёри шумо ҳам подшоҳону фиристодаҳои зиёд меоянд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Умедворам, ки орзуҳои неку дурпарвоз амалӣ мегарданд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ҳатман! Шумо сукуту ғалаёни ботинии уқёнусҳои Ором, Атлантика, Ҳиндро мебинеду мушоҳида мекунед. (Президент ба гапи Фаришта боз таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамояд). Аз тамошои мавҷзании оби Волга, Амазонка, Миссисипи, Дунай, Меконг, Янтзи, Нил, Конго, Гангаву Ҷамна, Темза, Сена қувваи рӯҳонӣ мегиред… Дигар мӯъҷизаҳои нотакрори табиати сайёраро мебинед…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Ташаккур, барои ниятҳои нек…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ин як пешгӯии воқеист. Шумо худатон, пай бурдам, ки қудрати рӯҳонии дидани ояндаи анча дурро ҳам пайдо кардаед. Ин хеле муҳим аст…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Аммо ин сафари дар пеш истодаам, боз ҳам муҳимтар метобад.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Бечунучаро! Медонед аз чӣ боис?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Канӣ, шарҳ деҳ?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Пештар ҳам аз он минбари баланд ҳарф задед… вале…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Чӣ вале?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ба ҳар ҳол истиҳола шуморо фаро мегирифт.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Истиҳола?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Бале, бале! Чунки ҷумҳурӣ ба ботлоқи одамхӯри ҷанги гражданӣ ғӯтида буд. Миллати тоҷик дар назди оламиён шармсор метофт…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Рост гуфтӣ, ҳамин тавр як эҳсоси ногувор ҷой дошт. Ҳамзамон умед…
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ҳамон умед ба оянда, такя ба хиради азалии халқ бароятон қудрати рӯҳонӣ, ҷасорату матонат мебахшид. Инак, Худо хоҳад, комилан сарбаландона, бошарафона сухан меронед. Зеро сулҳ дар сарзамини тоҷикон тантана дорад!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Як ҷаҳон ташаккур!
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Ҳа, дарвоқеъ, минбаъд, ҳар гаҳ ки маро ёд кардед, ё лозим шавам, бар оина нигаред.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Бар оина?
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Фаришта: |
— Бале, бар оина! Шумо, ки нигаристед, дар он ҳатман чеҳраи ман падид меояд.
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
(Фаришта ногаҳон ғайб мезанад. Пешсаҳна торик мешавад).
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
САҲНАИ ПОНЗДАҲУМ Пешсаҳна аз нав оҳиста-оҳиста рӯшан мешавад. Мусиқии суруди машҳури «Аз хуни Сиёвушем…» паст-паст садо медиҳад. Қаҳрамонони намоишнома як-як бо чеҳраҳои болида ба саҳна мебароянд. Вақте ҳамагон, ба ғайр аз Мӯйсафед Нур, ҷамъ меоянд, ақиби саҳна рӯшан мешавад. Он ҷо минбари Иҷлосияи 52-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, албатта бо рамзаш пеши назар намудор мегардад. Ровӣ бо овози буррову форам ба забони англисӣ эълон менамояд:
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Ladies and Gentlemen! Continue the work of the 52nd session of the United Nations Assembly. The speech is given for Mr. Emomali Rahmon, President of the Republic of Tajikistan.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минбари иҷлосияи 52-юми Ассамблеяи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид мебарояд.
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Президент: |
— Ҷаноби мӯҳтарам раис! Ҷаноби мӯҳтарам Муншии умумӣ! Вакилон, хонумҳо ва ҷанобон! … Се сол муқаддам зимни суханрониам аз ин минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид таъкид карда будам, ки роҳбарияти Тоҷикистон, сарфи назар аз муқовимати мусаллаҳонаи он вақт ҷойдошта, роҳи қатъии муколамаи сиёсиро ҳамчун роҳи ягонаи таъмини сулҳу созгории миллӣ интихоб намуд. Ҷараёни музокира бо дастгирии фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳон ба қабули қарорҳои барои халқи тоҷик тақдирсоз оварда расонд, ки заминаи пешрафти муваффақонаро дар ҷодаи сулҳу созгории миллӣ таъмин карданд. Аз ин минбари баланд мехостам, ба аъзои Ассамблеияи генералӣ ва Шӯрои амният, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Кофи Аннан, ҳамчунин ҳамраиси ӯ оид ба Тоҷикистон ҷаноби Герд Меррем ва дигар давлатҳои нозир барои таваҷҷӯҳи доимӣ дар нисбати яктарафа кардани низои тоҷикон аз сидқи дил изҳори сипос намоям. Пешомади нави мусолиматомез ба мо имконият фароҳам меорад, ки ба масъалаҳои ҳалношуда бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Инак, боэътимод кафолат медиҳам: Барои халқи Тоҷикистон, ки самараи талхи ҷанги бародаркушро чашидааст, мақсади дар оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида — «Наслҳои оянда аз даҳшатҳои ҷанг наҷот дода шаванд!» — маънии махсус касб менамояд. Ташаккур ба диққататон! |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
(Кулли иштирокчиёни саҳна, ки рӯ ба Президент овардаанд, хушнудона кафкӯбӣ мекунанд. Президент сари минбар мемонад. Рамзи Созмони Милали Муттаҳид ноаён тоб хӯрда, дар ҷояш ба рамзи Тоҷикистон табдил меёбад. Харитаи дурахшони ҷуғрофии Тоҷикистони соҳибистиқлол боло мешавад. Оҳанги суруди машҳури «Республикаи ман» садо медиҳад. Аз баландӣ Мӯйсафеди Нур пайдо мешавад.)
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Мӯйсафеди Нур: |
— Ана, боз бо ҳам рӯ ба рӯ омадем… Зиндагӣ таи ин чанд сол қавӣ собит сохт: падид омадани Нур зуҳури Пешво ва Ҳодӣ, сорбону саробон, посдори нангу номуси миллат аст. Пешво тавонист ғубору ғуссаҳоро аз дилҳо бишӯяд, ва қалбҳоятонро ба мазраи меҳру вафо мубаддал гардонад. Эътимоди ман ҳам комил шуд, ки Ӯ таҷассуми саодати Худододи шумост!.. (Ба назди Президент омада, даст ба китфи ӯ мемонад. Маънидор ба чеҳрааш менигарад).
Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро…
(лаҳзае таваққуф)
Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро, То дигар модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд…
(дасти дуо мекушояд).
Ба бахти халқи тоҷик, ободии кишвар ҳамеша сиҳат саломат ва сарбаланд бошед! Баҳри шумо саодати хонаводагӣ мехоҳем, иқболи фарзандону наберагон насибатон бод! Худованд шумо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллатро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад…
(Мӯйсафеди Нур ба оғӯши нимторикӣ меравад.)
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||
Таҳти қарсакзаниҳо иштирокчиёни спектакл, ҳар як ҳунарпеша баҳри таъзим мебарояд… Ва ниҳоят Президент, Пешвои Миллат ҳам… АНҶОМ. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
[1] Шеър ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ тааллуқ дорад.
“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд
Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?
Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд
Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад”
Чӣ симои пойтахтро коста мекунад?
Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд
Ҳар лаҳза аз нӯшокиҳои “АРК Саноат” лаззат баред
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод
Тарзи баҳодиҳии донистани забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон бозбинӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста