Дар доираи сафар ба ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ ташриф овард. Пешвои миллатро дар фурудгоҳи муваққатӣ раҳбарият ва сокинони ноҳияи Ванҷ самимона истиқбол карданд.

Президенти мамлакат бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот намуда, дар маросими ифтитоҳи якчанд иншоот ширкат варзид ва аз намоишгоҳ боздид кард.

1/9

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ президент таъкид дошт, ки ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 680 миллион сомонӣ равона намуд, ки аз ин ҳисоб қариб 100 иншооту биноҳои нав ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ бунёд карда шудаанд.

Дар ин давра аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 иншоот ба маблағи 70 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст.

Сарвари давлат қайд кард, ки дар ноҳияи Ванҷ ҳоло 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи  дар доираи онҳо азхудшуда 13 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо ба соҳаҳои нақлиёт, маориф, таҳсилоти касбиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шудаанд.

Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоят ва ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки бояд ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар самти коркарди ашёи хом ва ба кор даровардани иқтидорҳои азкормонда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин ноҳия сарвари давлат аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия боздид ба амал овард. Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо заҳмату талошҳои деҳқонон аз заминҳои зархези ноҳия ба даст омадааст, муаррифӣ гардиданд.

1/9

Бонувони чирадасти ноҳияи Ванҷ дар намоишгоҳ ҳунари ҷуроббофӣ ва шерозбофиро муаррифӣ намуданд. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ба президент ҳунари омода намудани таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, оши боқилогӣ, тайёр намудани далда, кадуи дампӯхт, таоми аз гӯшти бузу гусфанд омодашуда, қурутоб, оши бурида ва ғайра муаррифӣ карда шуд.

Кадом иншоот мавриди истифода қарор гирифт?

“Ванҷ ситӣ”

Маркази савдои “Ванҷ ситӣ” аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Орзу Лашкаров сохта шудааст. Масоҳати умумии иншоот 700 ва масоҳати зери сохтмон 264 метри мураббаъро ташкил намуда, дар шафати он фаввора бо шаклу усули замонавӣ сохта шудааст.

Ошёнаи якуми бино ҳамчун мағозаи фуруши маҳсулоти гуштӣ, қаннодӣ, меваву сабзавот, молҳои конселярӣ фаъолият намуда, фуруши молҳои ниёзи мардум дар ошёнаи дуюми бино ҷой дорад. Бо назардошти зиёд будани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таваҷҷӯҳи бештари сайёҳон ба ҷойҳои тамошобоби ноҳия, ошёнаи сеюми бино ҳамчун меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.

1/4

Бинои ШВКД

Масоҳати умумии ҳудуди бинои нави Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ  0,29  гектарро дар бар гирифта, иншоот бо тарҳи муосир ва намои хеле зебо сохта шуда, дорои 32 утоқи корӣ бо тамоми шароит мебошад.

Дар бинои нав меҳмонхона ва хобгоҳ низ мавҷуд буда, барои истироҳати кормандон дигар шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст. Дар ҳавлии бинои нав барои 150 нафар ҳайати шахсии шуъбаи корҳои дохилӣ ошхонаи замонавӣ ва дар шафати он майдонча бо масоҳати умумии 600 метри мураббаъ сохта шудааст.

1/3

Комиссариати ҳарбӣ

Масоҳати умумии қитъаи замини Комиссариат аз 1400 метри мураббаъ иборат буда, иншоот дар масоҳати 230 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншооти нав аз ду ошёна, 14 утоқи кории афсарону ҳайати шахсӣ, толори маҷлисӣ, нуқтаи навбатдори фаврӣ ва дигар мавзеъҳои маишӣ иборат мебошад.

Утоқҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасони комиссариати ҳарбӣ, бо мебел, таҷҳизоти лозима ва системаи алоқаи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар бинои нав барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни таълимӣ, аз қабили мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва гузаронидани дигар фаъолиятҳои хизмативу нақшавӣ имконоти ҳамаҷониба мавҷуд аст.

1/4

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.