Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» вазири адлияи ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров изҳор кард, ки ҳайати комиссия ҷиҳати омӯзиш ва истифодаи он муайян карда шудааст.
Ба қавли ӯ, ба ҳайати комиссия намояндагони 9 мақомот – ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, АНМН, Гвардияи миллӣ, Вазорати адлия, судҳо, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони муассисаҳои ислоҳотӣ шомил мегарданд. «Вазифаи комиссияи мазкур омӯзиш ва дар муддати як моҳ ислоҳи камбудиҳои дар қонун ҷойдошта аст», - гуфт ӯ.
Б.Худоёров ҳамчунин зикр кард, ки дар зарфи се моҳ комиссия дар бораи натиҷаи кори худ ба сарвари давлат ҳисобот хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки 27-уми июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв»-ро ба баррасии палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод намуд.
Ҳамин тариқ мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, қонуни мазкур нисбати зиёда аз понздаҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла дар назар аст, ки зиёда аз чор ҳазор маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, нисбати дигар маҳкумшудагон мўҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодии адонагардидаи онҳо кам карда мешавад.
Акс аз радиои «Озодӣ»
Чаро додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукми сафедкунанда содир намекунанд?
Андоз аз воситаҳои нақлиёт зиёд шуд. Акнун соҳибони мошинҳо чанд сомонӣ андоз пардохт мекунанд?
“Демагогия ва иғвоангезӣ”. Содир Жапаров як вакили парлумони Қирғизистонро барои интиқод аз созишномаи марзӣ танқид кард
Ромиш Шералӣ - меросбари шоири номвар Лоиқ Шералӣ даргузашт
Дар як минтақаи Русия қарори манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон бекор шудааст
Фестивали “Сад ранги чакан” чӣ гуна ҷамъбаст шуд?
Ду ҷавон дар Душанбе ба шикастани терминалҳо ва дуздии пул гумонбар дониста мешаванд
Иҷлосияи нахустини ҳайати нави парлумон рӯзи 19-уми март баргузор мегардад
Путин ба ҳалли масъалаи муҳоҷирон муҳлат дод. Русия чӣ гуна хориҷиёнро интизор аст?
Тоҷикистону Русия ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ тавофуқ ҳосил карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста