Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» аз номи маҳбусон, собиқ аъзои Фронти халқии Тоҷикистон ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон номаи кушод расид. Дар муроҷиат ба сарвари давлат онҳо дархост мекунанд, ки мавриди афв қарор дода шаванд.
Дар муроҷиат зикр мегардад, ки онҳо ҳамчун аъзои Фронти халқӣ баҳри расидан ба сулҳу оромӣ ҷони худро ба хатар гузошта, имрӯз кишвар соҳибистиқлолу дар он сулҳ ҳукмфармост.
«Президенти муҳтарам! Бо амри тақдир мо дар содир намудани ҷиноятҳои гуногун мутааҳам дониста шуда, ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шудем. Ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар сафҳои он мо низ дар барқарории сулҳ саҳм гузоштем, аз Шумо дархост мекунем, ки гуноҳҳоямонро бахшида, моро афв намоед», - баён мегардад дар нома.
Дар идома аъзои як гурӯҳи бузурги мусаллаҳи даврони ҷанги шаҳрвандӣ менависанд, ки онҳо омодаанд савганду ёд кунанд, ки гуноҳи худро дарк кардаанд ва «хоҳиш мекунанд, ки гуноҳашон бахшида шавад».
«Мо аз Шумо дархост мекунем, ки ба хотири сулҳу созиши дар ҳамдастӣ ноилгардидаамон гуноҳи моро бахшед ва имкон диҳед, ки ҳамроҳ 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳро ҷашн гирем…Мо ҳама Ватани худро дӯст дошта, миннатдорем, ки ба туфайли Шумо тӯли зиёда аз 20 сол фазои сулҳу оромӣ дар кишвари мо ҳукмфармост. Умедворем, ки дархости моро рад накарда, ба мо имкон хоҳед дод, ки ҳарчи зудтар назди оилаву наздикон баргардем», - омадааст дар нома.
Коргар ё корфармо. Аз шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар кӣ бештар манфиатдор аст?
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири Тирмиз ва далқаки нодон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста