Дар ҷараёни амалиёти махсус дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 3 нафар қочоқбарони афғон кушта, 6 тан аз ҳаммаслакони тоҷикони онҳо боздошт ва беш аз 100 кило маводи нашъаовару милтиқ бо тирҳояш мусодира шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, аз 12-ум то 22-уми июли соли ҷорӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ корҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва амалиётҳои махсусро дар минтақаҳои муҳофизатии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” гузарониданд.
«Дар натиҷа убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби қочоқчиёни афғон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда, се задухурди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуд», - баён мешавад дар маълумот.
Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои мазкур, аз ҷониби қочоқбарони афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонон рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷаи задухурдҳои мусаллаҳона 3 нафар қочоқбарони афғон безарар гардонида шуда, 6 нафар ҳаммаслақони қочоқчиён, шаҳрвандони ҶТ дастгир гардиданд.
«Боқимонда қочоқбарони афғон ба муқовиматҳои шадиди хизматчиёни ҳарбӣ тоб наоварда, аз торикии шаб истифода ва ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғнистон фирор намуданд», - қайд мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад ҳангоми азназаргузаронӣ аз ҷои ҳодиса як адад яроқи оташфишони “Винчестер” бо тирҳояш, маводи нашъадори навъи афъюн – 93 кг 800 гр ва маводи сахтаъсири героин – 15 кг дарёфт ва мусодира карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Дар Тоҷикистон 49 ҳазор нафар расман бекор эътироф шудаанд
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста