Суди шаҳри Душанбе 14 нафар аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломиро ба муҳлатҳои аз 7 то 26 соли зиндон маҳкум кард.

Дар гузориши телевизионии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита зикр шуд, ки гумонбаршудагон моҳи феврали соли 2018 зимни амалиёти махсус боздошт шуданд.

Қайд шуд, ки онҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ буда, дар Афғонистон таълими идеологӣ ва тахрибкорӣ гирифтаанд.

«Барои ҷалби Гулов ва Аъзамов барномаи «Zello»-ро истифода бурда, ба Гулов дар омӯзиш узви созмони террористии «Давлати исломӣ» Сайвалӣ Шафиев бо лақаби Абӯбакри Муваҳҳид кумак ва узви фаъоли ҲНИ бо лақаби «Ҳабоб» ӯро ба Тоҷикистон фиристодааст», - хабар дода шуд дар гузориши телевизионӣ.

Зикр гардид, ки онҳо ният доштаанд, ки дар иншооти аз нигоҳи стратегӣ муҳим, ҳамчунин биноҳои намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ дар Душанбе, назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҷашни Наврӯз таркишҳо ба амал оранд ва бо ҳамин мақсад гурӯҳ ташкил кардаанд.

Дар гузориш қайд шуд, ки «роҳбарони гурӯҳи ҷиноятпеша – Фахриддин Гулови 25-сола бо лақаби «Анас» ва Маҳмудҷон Аъзамов бо лақаби «Алӣ» ба 26 соли зиндон ва дигар аъзои гурӯҳ - Аслиддин Гулов, Умед Қараев, Суннатулло Маҳмудов, Далер Камолов, Гулмурод Шарипов, Шермаҳмад Шералиев, Собир Шарипов, Дӯстмурод Азимов, Хайриддин Гулов ва Шавкат Ҳамзаев ҳар кадоме ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.