Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов ва ҳамтои тоҷики ӯ Содиқ Имомӣ масоили муқовимат бо террорзим ва ифротгароиро дар пасманзари ҷараёни вазъ дар Афғонистон баррасӣ карданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ба масъалаи таҳқими ҳамкориҳои соҳавии Русия ва Тоҷикистон ба манфиати таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Вохӯрии намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар рӯзи 22 декабр дар Маскав дар доираи даври навбатии машваратҳои Русия ва Тоҷикистон оид ба муқовимат бо таҳдиду чолишҳои нав доир гардид.

Дар вохӯрӣ ягонагии бархӯрдҳо ба роҳандозии кор дар самти зиддитеррористӣ, инчунин дар доираи муқовимат бо дигар чолишҳо ва таҳдидҳо бо нақши марказии ҳамоҳангсози СММ ва Шӯрои амнияти он дар асоси усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тасдиқ шуд.

Гуфта мешавад, Сиромолотов ва Имомӣ ба масъалаи муқовимат бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” ва зарурати муттаҳидсозии талошҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ (глобалӣ) таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Дар бораи тавсеаи бомароми муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар платформаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ мувофиқа ҳосил шуд.

Қаблан вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳамоҳангсозии иқдомот дар мавриди вазъ дар Афғонистон ба мувофиқа расида буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.