Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз номусоид шудани вазъи обуҳаво дар қаламрави кишвар дар рӯзҳои наздик ҳушдор медиҳад.
Дирӯз, 25 октябр дар километри 202-юми роҳи мошингарди байнулмилалии Душанбе-Ваҳдат-Рашт, ки аз қаламрави ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, сел фаромада, дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд.
“Барои рафъи оқибатҳои сел техникаи муҳандисии хадамоти роҳсозии ноҳия сафарбар шуда, ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар паҳлӯи ин қитъа роҳи садамавӣ кушода шуд. Айни замон ҳаракати ҳамаи навъҳои воситаи нақлиёт тариқи ин қитъа таъмин буда, корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд”, - зикр мешавад дар хабари Кумита.
Кумита огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 26-27 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, дар як қатор ноҳияҳо (ба истиснои ноҳияҳои шарқии ВМКБ) бошиддат борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони вилояти Суғд (Панҷакент), Хатлон (Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин), Ноҳияҳои тобеи марказ (Рашт ва Сангвор), инчунин қаламрави ноҳияи Дарвоз селфароиҳо дар назар аст.
Дар дарёҳои Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об дар назар дошта шудааст.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сайру саёҳат дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ варзанд ва ҳангоми ҳаракат дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
Аз сокинони ноҳияҳои доманкӯҳ ва кӯҳистон даъват мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои наздик ба обанборҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Ҳамчунин аз аҳолӣ боисрор дархост мешавад, ки баҳри пешгирии оқибатҳои ногувори сел ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.