Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҷараёни гуфтушунид бо Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсии сарҳади давлатӣ изҳори назар кард.
Тавре ки 24.kg хабар медиҳад, Тошиев аз натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон каме рӯшанӣ андохта, иброз доштааст, ки айни замон баррасии масъалаҳо дар гуфтушунидҳо хуб ҷараён дорад.
“Барои ҳаллу фасли масъалаҳо талош варзида истодаем. Агар пештар инро карда наметавонистему ҳар кас ба фикри худаш истодагарӣ мекард, ҳозир забон ёфта истодаем. Ба гузаштҳо омодаем. Мо пешниҳод карда истодаем, ки шумо ин қитъаи заминро гиред, мо инашро", - хабар додааст Тошиев.
Раиси КДАМ Қирғизистон илова намудааст, ки ояндаи наздик як ҳайати сершумори Тоҷикистон ба Бишкек меояд.
“Баъд ба мувофиқасозӣ оғоз намуда, созишнома имзо мекунем, Сипас ба Жогорку Кенеш (парлумон) пешниҳод ва баррасӣ мекунем, вакилон санадро тасдиқ карда, сарони кишварҳо ба имзо мерасонанд. Мушкили ҳар ду кишвар ҳал мешавад”, - хулоса кардааст Тошиев.
Бино ба маълумоти КДАМ ҶТ, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир – Раиси КДАМ Қирғизистон ҷаласаи навбатӣ оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои он санади дахлдор ба имзо расид. Дар бораи ҷузъиёти ҷаласа хабар дастрас набуд.
Ҳамчунин чанде пеш Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон ваъда дода буд, ки тарҳи созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон то Соли нав омода ва ба парлумони ин кишвар пешниҳод мешавад.
“Худо хоҳад, масъалаи марз бо Тоҷикистонро ҳал мекунем. Агар монеа набошад, то Соли нав тамом мекунем. Мо бояд бо чаҳор кишваре, ки бо онҳо ҳамсарҳадем, дар ҳамфикрӣ ва дӯстӣ зиндагӣ кунем. Ягон шаҳрванд ва сарбоз набояд кушта шавад. Пеш аз ҳама, мо бояд дар ин бора андеша кунем”, - изҳор дошта буд сарвари давлати Қирғизистон дар парлумон.
“Ба далели набуди ҳукумати эътирофшуда дар Кобул”. Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон баста шуд
Муҳоҷират дар Қазоқистон. Нуқтаҳои савдои “меросӣ”-и тоҷикон дар Бозори сабзи Алмато
Сарвазири Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт
Дуввумин медали тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ
5 медали варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ
Гузаргоҳи “Дӯстӣ”: Хадамоти гумрук мегӯяд, танбашавӣ нест, лекин мошинҳо ҳоло ҳам истодаанд
Иштироки 9 ҷудокори навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Португалия
Тақдими шаҳодатномаи ронандагӣ. Иҷрои нақшаи даъват ба артиш дар чанд навоҳии дигар
Ин ҷо ба шумо дурӯғ мегӯянд. 8 манбаи муфид барои шинохти фейкҳо
Духтари Рамазон Қодиров муовини нахуствазири Чеченистон мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста