Бар асари фаромадани тармаҳо ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан қатъ гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS хабар доданд.
"Дар километри 69 ва 71-уми роҳи Душанбе - Чаноқ тармаҳои калон фаромад. Барои бартараф намудани он техникаҳои филиали Ширкат сафарбар гардида, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд", - иттилоъ додааст IRS.
Дар ширкат зикр кардаанд, ки корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин шоҳроҳ фаромадани тармаҳои нисбатан хурд ҳам ба мушоҳида мерасад.
Дар IRS итминон медиҳанд, ки ояндаи наздик роҳ аз тармаҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар роҳ барқарор мешавад.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш низ бар асари фаромадани тарма дар километри 80-ум роҳ муваққатан баста шуда буд.
Қаблан обуҳавошиносон огоҳ карда буданд, ки дар қаламрав кишвар обуҳавои номусоид дар назар буда, ҳарорат то 19-24 дараҷа хунук мешавад. Шаби 11-уми январ дар аксари ноҳияҳои кишвар боришоти шадиди барф ва дар роҳҳои кӯҳӣ фаромадани тармаву барфтӯда ва яхбандии роҳҳо пешгӯӣ шуда буд.