Бино ба иттилои ВАО-и Эрон, гурӯҳе, ки ба он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шомил будаанд, мехостанд дар ҷануби шарқи кишвар амалҳои террористӣ содир кунанд.
Хадамоти махсуси Эрон дар бораи маҳви ду гурӯҳи алоқаманд ба созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки ният доштаанд дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвар амалҳои террористӣ содир намоянд, хабар доданд.
Тавре ки хабаргузории “Меҳр” иттилоъ медиҳад, байни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам будаанд.
“Бо анҷоми амалҳои террористӣ онҳо мақсад доштанд, ки вазъиятро дар минтақаи ҷанубу шарқи Сиистон ва Балуҷистон ноором созанд”, - зикр мешавад дар изҳороти Раёсати иктишофи вилоят.
Гуфта мешавад, “гурӯҳҳо аз намояндагони шабакаҳои минтақавӣ дар кишварҳои ғарб ва арабӣ, инчунин Исроил фармоишҳо гирифта”, шаҳрвандони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои ин гурӯҳҳо будаанд.
Ба иттилои манбаъ, яке аз ҳадафҳо гаравгон гирифтани шаҳрвандон ва тоҷирони хориҷӣ дар Чобаҳор буд. Эътирофҳои аъзои ин гурӯҳҳо, ки шаҳрвандони Афғонистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд, нишон медиҳад, ки онҳо нақшаҳои густурдаи ноором кардани вазъият дар ҷанубу шарқи кишварро доштаанд.
Дар бораи шумори шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ дода намешавад.
Ахиран Эрон бори дуюм аст, ки аз гумонбарии шаҳрвандони Тоҷикистон ба терроризм хабар медиҳад. Рӯзи 26-уми октябри соли 2022 ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шерози Эрон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки ба навиштаи расонаҳои эронӣ 15 кушта ва 20 захмӣ дар пай дошт. 7-уми ноябр нашрияи "Ассошиэйтед Пресс" бо такя ба “ИРНА”, хабаргузории расмии Эрон навишт, “шахси ҳамлагар шаҳрванди Тоҷикистон аст”.
Ин расона аз шаҳрванди Тоҷикистон Комрони Субҳон ном бурда, зикр кард, ки ӯ “бар асари захмҳои бардоштааш ҳангоми боздошт, дар бемористоне даргузашт”. Баъдтар хабаргузории эронии “Тасним” акси Комрони Субҳон ва шиносномаи тоҷикии ӯро нашр кард. Масъулияти ҳамларо он замон ДОИШ* ба зимма гирифта буд.
Он замон мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи ширкати Комрони Субҳон дар ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи Шероз ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст, аммо то ҳол посух нагирифтаанд.