Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷузъиёти мулоқоти охири раисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии кишварҳо - Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки рӯзи 12-уми январ дар Ботканд баргузор шуд, нашр карданд.
Ятимов ва Тошиев баъди мулоқоти расмӣ, зимни суҳбат бо чанд расонаи давлатӣ гуфтанд, ки ҳарду ҷониб ба қарорҳои муҳим даст ёфта, боз қариб 15 километри қитъаҳои баҳсии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистонро мушаххас карданд.
Аз ҷумла, Саймумин Ятимов гуфт, онҳо масоили асосии усулиро, ки ҳаётан муҳим буд, баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи ӯ, ин вобаста ба самтҳои Қулунду, Мақсат, Арқа (ҷониби Қирғизистон-муаллиф), роҳи Хистеварз (ҷониби Тоҷикистон-муаллиф) аст.
“Пиромуни ин масъалаҳо мо ба тавофуқи усулӣ ноил шудем. Мо лоиҳаи протоколро тайёр кардем. Ҳамаи ҷонибҳо пурра розианд. Мо як қадами хеле бузург ба сӯи пеш мегузорем. Мо бо боварӣ супоришҳои роҳбарони ду кишварро иҷро мекунем”, - гуфт Ятимов.
Қамчибек Тошиев низ аз расидан ба тавофуқи усулӣ дар бархе қитъаҳои марз суҳбат кард.
Вай аз ҷумла гуфт, дар масъалаи деҳаи Мақсат, ки қариб 15 километр тӯли марз аст ба тавофуқи усулӣ ноил шуданд ва гуруҳҳои корӣ бояд акнун ин қитъаҳоро аломатгузорӣ кунанд.
Роҳбарони ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти марзӣ дар бораи чӣ гуна ин тавофуқ сурат гирифт ва мушаххасан кадом қитаъаҳои баҳсӣ маълум карда шуд, иттилои бештар надоданд.
Ин дар ҳолест, ки хатти марз дар минтақаҳои Қулунду, Мақсат, Арқа ва роҳи Хистеварз аз баҳсбарангезтарин қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд.
Бояд гуфт, ин мулоқоти аввали Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар соли нави 2024 ва ду рӯз баъд аз суханони Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия оид ба имзои созишнома дар бораи сарҳад, аст.
Ҳакан Фидан 10-уми январи соли 2024 пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март тайид шудааст.
Аммо Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба РИА “Новости” гуфтааст, ки дар мулоқоти Ҳакан Фидан бо президент ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаи марз баррасӣ нашудааст.
“Дар робита ба изҳороти Ҳакан Фидан дар бораи эҳтимоли имзои созишнома дар бораи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон махсусан қайд мекунам, ки ин масъала мавзӯи музокироти ӯ бо Президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон набуд”, - гуфтааст Шоҳин Самадӣ.
Дар охирин мулоқоти худ, санаи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев иттилоъ доданд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст. Аммо дар мавриди санаи имзои созишнома чизе гуфта нашуд.
Пештар аз ин, рӯзи 11-уми декабри соли 2023, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ин масъала баҳори соли 2024 ба охир расад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз санаи дақиқ ё эҳтимолии имзои созишнома оид ба сарҳад бо Қирғизистон сухан накардааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 980 километр аст. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.
Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста