Дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хтлон 58 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 19 ҳодиса камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ин бора Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба иттилои ниҳоди мазкур, дар ин бора рӯзи 11 апрел дар ҷаласаи раёсат маълумот дода шудааст.
Зикр шудааст, ки ба таври назаррас коҳиш ёфтани ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба камшавии теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон мусоидат кардааст.
“Дар муқоиса бо се моҳи аввали соли 2023 теъдоди ҳалокшудагон 18 нафар ва ҷароҳатгирифтагон 16 нафар кам шуд”, - омадааст дар хабар.
Дар Раёсати ВКД-и вилоят камшавии ҳодисаҳои садамаи нақлиётро ба пурзӯр кардани назорати бехатарӣ дар роҳ ва тақвият додани фаъолияти нозирони роҳи Шуъбаи БДА-и вилоят марбут медонанд.