Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, аммо ин бор санаи мушаххасро зикр накард. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи замони ҳалли ин баҳс чизе нагуфтааст.

Раисҷумҳури Қирғизистон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ин кишвар гуфтааст, ки “мо ваъда дода будем, ки мушкилтарин масъала, масъалаи марзи кишварро ҳал мекунем. Имрӯз масъалаи сарҳади давлатӣ бо Ӯзбекистон пурра ҳал шудааст ва масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад, музокирот идома дорад”.

 

Ваъдаҳо: “Соли нав, моҳи март ва баҳори соли 2024 ҳал мешавад”. Чаро иҷро нашуд?

Ин бори аввал нест, ки президенти Қирғизистон ва дигар мансабдорони воломақоми ин кишвар дар бораи замони аниқи ниҳоӣ шудани музокироти сарҳадӣ бо Тоҷикистон ваъда медиҳанд. Қаблан ҳам онҳо ва ҳам сиёсатмадорони баъзе давлатҳои дигар ҳатто замони имзои созишномаи ниҳоии марзӣ байни ду кишварро эълон карда буданд.

Садир Жапаров
Акс аз Xinhua

Аз ҷумла, тақрибан як моҳ пеш, Жээнбек Кулубаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар масъалаи сарҳади байни Тоҷикистону ва Қирғизистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд... ва дар кӯтоҳтарин муддат - ду-се моҳи оянда мо ин кор (имзои созишномаи ниҳоии марзӣ байни ду кишвар дар назар аст-муаллиф)-ро анҷом медиҳем".

Қаблан худи Садир Жапаров ҳам замони ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро эълон карда буд. Ӯ моҳи декабри соли 2023 зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд гуфта буд, ки ҳалли ин масъала дар арафаи аҷомёбӣ аст ва “аз эҳтимол дур нест, ин масъала баҳори соли 2024 ба охир расад”.

“Дар сулҳу амонӣ ва ризоияти ҳамдигар зиндагӣ кунед. Гуфтушунидҳо оид ба сарҳад дар арафаи анҷомёбӣ аст. Фикр доштем, ки то Соли нави мелодӣ ба итмом мерасанд, лекин каме дер шуд. Шояд баҳори соли оянда ба охир расанд”, - иброз дошта буд ӯ.

Аз ин пештар, рӯзи 3-юми ноябри соли 2023 дар ҳамоише Оқилбек Жапаров, раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфта буд, ки ҳарду кишвар тасмим доранд, то соли нав (соли нави 2024 дар назар аст-муаллиф) масъалаҳои марзиро ҳал кунанд.

 

Моҳи марти 2024 ҳам созишнома имзо нашуд

Замони ҳалли баҳси марзӣ ё имзои созишномаи ниҳоӣ байни ду кишварро ҳатто намояндагони расмии дигар кишварҳо дар мулоқот бо роҳбарони давлат эълон карда буданд.

Аз ҷумла, Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки рӯзи 10-уми январи соли равон, пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март тайид шудааст.

Навори суҳбати Ҳакан Фидан тавассути саҳифаи Телевизиони “Тоҷикистон” ва ҳам саҳифаи фейсбуки сафири Туркия дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.

“Аз ҷониби Қирғизистон хабари хушро оид ба он, ки дар ҳалли масъалоҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба мувофиқа расида шудааст, гирифта будем. Интизор меравад, ки созишнома дар моҳи март имзо шавад ва имрӯз дар инҷо имкон доштам, ки зимни мулоқоти худ бо ҷаноби президент ин хушхабарро таъйид намоям... Худо хоҳад, дар моҳи март Тоҷикистону Қирғизистон ба баҳси сарҳадии худ ба таври расмӣ хотима бахшида, барои амнияту субот дар минтақа як гоми муҳиме хоҳанд гузошт”, - гуфта буд Ҳакан Фидан.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам суханони Ҳакан Фидан ва ҳам суханони Садир Жапарову намояндагони дигари Қирғизистонро дар бораи замони имзои созишномаи ниҳоӣ оид ба баҳси сарҳадиро расман шарҳ надоданд.

 

Тоҷикистон ҳеҷ замони эҳтимолии ҳалли баҳси марзиро намегӯяд

Эълон кардани замонҳои гуногун дар ҳалли баҳсӣ марзи байни ду кишвар аз ҷониби роҳбарияти олии Қирғизистон дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз санаи дақиқ ё эҳтимолии имзои созишномаи ниҳоӣ оид ба сарҳад бо Қирғизистон сухан накардааст.

Танҳо дар яке аз мулоқоти худ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд баргузор гардид, иттилоъ доданд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст. Аммо дар мавриди сана имзои созишнома чизе нагуфт

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии зимистонии имсола гуфта буд, ки ҳарду ҷониб (Тоҷикистон ва Қирғизистон. -идора) ҳавасманди имзои ҳарчи зудтари созишнома оид муайянкунӣ ва аломатгузории хати сарҳад мебошанд, ҳарчанд ӯ санаи дақиқи имзои ин санадро зикр накард.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳам нишасти матбуотӣ рӯзи 26-уми июли соли равон гуфт, хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон 94 дарсад муайян карда шудааст ва интизор меравад, ки баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар ба наздикӣ боз шавад.

“То имрӯз 94 дарсади хатти сарҳад пурра муайян шудааст. Боварӣ дорем, ки ояндаҳои наздик ҳамааш мусбат ҳал мешавад”, - гуфт Аҳмадзода. Вале ӯ ҳам аз замони муайяни имзои созишномаи ниҳоӣ ном набурд. Ва ҳамчунин, сарҳади ду кишвар то ҳол бастааст.

 

Чаро ваъдаҳо иҷро намешавад?

Тавре дида мешавад, баҳору тобистон ҳам ба охир расид, вале созишномаи ниҳоии марзӣ байни ду кишвар то ҳол ба имзо нарасидааст ва намояндагони комиссияи давлатӣ байни ду кишвар ба навбат дар кишварҳои якдигар вохӯрӣ мегузаронанд. Мулоқоти онҳо пӯшида аст ва ҳеҷ маълумоти иловагӣ ҳам дар расонаҳо пайдо намешавад, ки онҳо дар ин мулоқотҳо чӣ мегӯянду чӣ мешунаванд ва дар ниҳоят ба чӣ хулосаҳо мерасанд. Ягони иттилоъ аз ин вохӯриҳо ин аст, ки байни ду кишвар протоколҳои дахлдор ба имзо мерасад.

Ҳоло маълум нест, ки чаро созишномаи ниҳоии марзӣ байни ду кишвар дар замонҳои муайяншудаи мақомдорони Қирғизистон амалӣ нашуд. Ба тахмини ҳолдонҳо масъалаҳое ё минтақаҳое ҳастанд, ки вақти аломатгузорӣ ё муайн кардани сарҳад баҳсӣ мешаванд.

Аз ҷумла, Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории давлатии "Кабар"-и ин кишвар гуфта буд, ки “ҳоло кори демаркатсияи сарҳад ба охир расида истодааст, ҳарчанд дар маҷмуъ, муайян ва аломатгузории ин раванд бо Тоҷикистон оҳиста пеш меравад”.

Ба иддои ӯ, дар ҳалли баҳси марзӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон эҳтимоли табодули қитъаҳо истисно нест.

Ба гуфтаи вай, гурӯҳҳои кории ду кишвар "метр ба метр пеш мераванд"  ва таъйини марз дар баъзе аз қитъаҳо, аз ҷумла вилояти Бодканди ҳамсарҳад бо Тоҷикистон, "душвор" аст. Чунки сарҳад дар онҷо "аз маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву ҳавлӣ ва ҳатто хонаҳо мегузарад".

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Ҷонибҳо чанд бор таъкид карданд, ки 90 дарсади хатти марз мувофиқа шудааст, аммо баҳс сари кадом қитъаҳои мушаххас меравад, маълум нест.

Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.