Аз шамоли сахт чанде аз иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд осеб диданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, шамол 12 дарахтро афтонида, дар натиҷаи он хатти интиқоли барқ канда шудааст ва ба боми яке аз манзилҳои истиқоматии баландошёнаи шаҳр низ зиён расидааст. «Хатти интиқоли барқ то соати 22 таъмиру барқарор карда шуд», - гуфтанд дар Кумита.

Дар ноҳияи Деваштич шамол боми яке аз мактабҳои ноҳияро хароб карда, дар ноҳияи Кӯҳистони мастчоҳ болои боми чанде аз манзилҳои аҳолӣ осеб дидааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар сокинони ҷумҳуриро ба ҳушёриву андешидани тадбирҳои бехатарӣ дар обуҳавои номусоид, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон то 5 ноябр идома меёбад, даъват мекунад.