Дар маркази шаҳри Душанбе ба кӯчонидани хонаҳои ба истилоҳ равоқдор ё худ пештоқдор, ки солҳои 50-уми асри гузашта дар хиёбони Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) сохта шуда буданд, оғоз карданд.

Сокинони манзилҳои мазкур аввали моҳи август дар ин бора огаҳ карда шуда, акнун кӯчонидани онҳо шурӯъ шудааст.

1/18

Дар ҷои ин манзилҳо, ҳамчунин собиқ биноҳои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ (ҳарду аллакай кӯчонида шудаанд), сафорати Эрон дар Тоҷикистон маҷмааи парлумонӣ сохта мешавад.

Маҷмааи нави парлумонии Тоҷикистон дар қаламрави аз гузаргоҳи кӯчаи Теҳрон - хиёбони Рӯдакӣ (майдони «Дӯстӣ») то гузаргоҳи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Шоҳтемур (мавзеи меҳмонхонаи «Тоҷикистон») қомат меафрозад.

Соли гузашта як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ба ҷуз биноҳои навсохташуда, тамоми биноҳои воқеъ дар ин қаламрав, аз ҷумла манзилҳо низ кӯчонида мешаванд.

Маҷмааи манзилҳо дар хиёбони Рӯдакии пойтахт солҳои 1950-1954 аз рӯи лоиҳаи Николай Баранов, Меъмори халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, сармеъмори Ленинград бунёд гардида буд.

«Дар кишвари мо бо мушкилоти аз қаламрави ҷумҳурӣ баровардани тангаи дутинаи замони Русияи подшоҳӣ хуб мубориза бурда, онро барои кишвар чизи арзишманд мешуморнад, лекин фаромӯш мекунанд, ки биноҳои зиёда аз 50 сол пеш сохташуда низ арзиши таърихӣ доранд, - мегӯяд таърихшиноси тоҷик Ғафур Шерматов. - Ин ҳам дар ҳолест, ки маҷмааи манзилҳо дар хиёбони Рӯдакӣ тибқи лоиҳаи меъмори маъруф Николай Баранов сохта шудааст. Чунин муносибати беэҳтиётона ба ин манзилҳо боиси таассуф аст».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.