Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, иштирокчиёни фаъоли озмунҳои байнулмилалӣ аз Тоҷикистон Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева ба дарёфти стипендияи раиси пойтахт сазовор дониста шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дар қарор зикр мегардад, ки онҳо бо маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ барои нӯҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Манижа Тошболтаева ва Ёсуман Исмонзода рӯзҳои 22 ва 29 октбяри соли гузашта дар барномаи "Удивительные люди”-и шабакаи телевизиони Русия бо истеъдоди худ тамошобинонро дар ҳайрат гузоштанд.

Барои қобилияти фавқулода дар ҳисобу китоби математикӣ якеро «духтар-калкулятор»-у дигариро «духтар-радар» номиданд: Ёсуман дар 2 дақиқа мисол бо 100 рақамро ҳал намуда, Манижа бо чашм суръати ҳаракати автомашинаро муайян кард.

Ғалабаи Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаеваро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «ифтихори мардуми тоҷик» номид. Ӯ аз мактаббачон даъват кард, ки аз онҳо ибрат гирифта, бештар донишу маъруифат андӯзанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.