Рӯзи якшанбеи ҳафтаи охири моҳи апрел, ки имсол ба санаи 28 апрел рост омад, Рӯзи ҷаҳонии бародаршаҳрҳо ҷашн гирифта шуд.
Ин ҷашн бо қарори Федератсияи ҷаҳонии бародаршаҳрҳо, ки соли 1957 таъсис ёфтааст, ҷашн гирифта шуда, ҳадаф аз он мусоидат ба рушду таҳкими робитаҳо байни шаҳрҳои кишварҳои гуногун дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг, маорифу тиб, илм, ҳифзи муҳити зист ва дигар бахшҳо мебошад.
Дар суратгузориши зерин зерин чанде аз аксҳои бародаршаҳрҳои Тоҷикистон гирдоварӣ шудааст. Чӣ уммуитяҳое доштани онҳоро аз назари худ баҳо диҳед.
Айни замон Душанбе бо 17 шаҳри ҷаҳон - Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), ҳамчунин Мазори-Шариф (Афғонистон), Теҳрон (Эрон), Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Россия), Минск (Беларус), Урумчи (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин), Ашқобод (Туркманистон) ва Чиндао (Чин) муносибати бародаршаҳрӣ дорад.
Шаҳрҳои Чимкент (Қазоқистон), Оқстафа (Озарбойҷон), Линколн (ИМА), Оренбург (Россия) ва Самарқанд (Ӯзбекистон) бародаршаҳри Хуҷанд мебошанд. Шаҳри Кӯлоб бо Ҳамадон (Эрон) ва Қуния (Туркия) бародаршаҳр аст.
Марказҳои маъмурии вилояти Хатлону ВМКБ – шаҳрҳои Бохтару Хоруғ то ҳол бо ҳеҷ кадоме аз шаҳрҳои дунё муносибатҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ накардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.