Мушкилоти вобаста ба таъмини як қисмати аҳолии шаҳри Душанбе бо оби нӯшокӣ, ки рӯзи 16-уми декабр ба вуҷуд омад, субҳи имрӯз пурра бартараф карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд.

“Мушкили марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бар асари садамаи субҳи 16-уми декабр рухдода дар яке аз шабакаи шоҳқубурҳо дар буриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ва Карамов ба амал омад”, - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки оқибатҳои ин садама соати 6-и субҳи имрӯз аз ҷониби кормандони КВД “Обу корези Душанбе” бартараф карда шуд.

Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, комиссияи махсус ба таҳқиқи сабабҳои рух додани садама дар шабакаи обтаъминкунӣ оғоз кардааст.

“Агар хунукназарии хадамоти марбутаи шаҳр ба ин ҳодиса боис шуда бошад, нисбат ба роҳбарони онҳо чораҳои қатъӣ – то аз мансаб барканор шудан андешида мешавад”, - таъкид дошт манбаъ дар шаҳрдории пойтахт.

Дар бораи рух додани садама рӯзи душанбе ҳеҷ изҳороте садо надода буд. Аз ин рӯ, мардум дар тааҷҷуб буданд, ки чаро онҳоро аз қатъи оби нӯшокӣ огоҳ накарданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон аз он шикоят доштанд, ки сокинони пойтахт бо об тариқи мошинҳои обкашонӣ таъмин нестанд. Дар як муддати кӯтоҳ рафи зарфҳои обдори мағозаҳо холӣ шуд.

Айни замон интиқоли оби нӯшокӣ ба аксари манзилҳои сокинони шаҳр таъмин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.