Вазорати корҳои дохилӣ ба унвони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нома навишта, дар он дархост кардааст, ки муҳалти қайду дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-шиносномаҳо) дароз карда шавад. Аммо аз он ҷо то ҳол посух наомадааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод.

“Дар нома зикр шуд, ки дар робита ба ҳолатҳои техникӣ, вазорат ба додани шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ дар муҳлати муқарраршуда фурсат наёфт. Ҳамчунин дар мактуб қайд шуд, ки додан ва дубора ба қайд гирифтани шумори хеле зиёди симкортҳо дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст. Дар ин робита ВКД аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат дархост кард, ки муҳлати қайди дубораи симкорт бо ID-шиносномаҳо дароз карда шавад”, - иттилоъ дод манбаъ.

Вай афзуд, ба гумони ғолиб, ҳукумат дар бораи тамдиди муҳлати қайди дубора қарор қабул мекунад, лекин он кай эълон мешавад ва муҳлат чӣ қадар тамдид мешавад, алҳол маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, дар чанде аз мизҳои шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандони барои гирифтани шиносномаҳои нав хабар додаанд, ки шитоб кардан лозим нест, чунки муҳлати қайди дубора дароз мешавад.

Бино ба маълумоти ВКД, аз соли 2014 ҳамагӣ 2,9 млн. нафар ва танҳо соли гузашта 1,7 млн. нафар шаҳрвандон шиносномаҳои намунаи нав гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми феврали соли 2020 муҳлати муқарраршудаи дубора бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабтином шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми феврали соли 2020 (муҳлати пешина – 15-уми августи соли 2019) аз нав ба қайд гиранд.

Қаблан дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар дода буданд, ки то ҳол 3,8 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ симкортҳои худро бо шиносномаҳои намунаи нави соли 2014 ба қайд нагирифтаанд.

“Агар 3 млн. 855 ҳазор нафар муштариён то 15-уми феврал симкортҳояшонро дубора бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд нагузоранд, мувофиқи талаботи қарор, рақамҳои онҳо ғайрифаъол гардонида мешавад. Дар Тоҷикистон 6,8 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 4,8 млн. нафари онҳо корбарони фаъол мебошанд. Мо бори дигар бо дархости дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳо ба ҳукумат муроҷиат кардем. Дароз шудан ё нашудани муҳлати қайди дубораи симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав акнун танҳо ба ҳукумат вобаста аст”, - хабар дода буд қаблан дар нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев.

Барои ивази шиноснома чӣ лозим аст?

Шиносномаи намунаи соли 2014-и шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳлати 10 сол дода шуда, ҳар 10 сол шумо онро ҳатман бояд иваз кунед.

Барои иваз кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1. Шиносномаи намунаи соли 1996.

2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).

4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).

5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.

6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).

7. Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х 4,5 мм.

Маблағи ҷаримаи шиносномаи муҳлати ивазаш гузашта 110 сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.