Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон шояд минбаъд дурустии матни сурудҳо ва ҳамчунин забони гуфтори қаҳрамонҳои филмҳоро месанҷад.

“Гурӯҳи корӣ тағйироту иловаҳоро ба Оинномаи Кумита ва қонун “Дар бораи забон” ҷиҳати ба мо додани ҳуқуқи санҷиш ва таҳлили матни сурудҳо ва забони гуфтори қаҳрамонон дар филмҳо омода карда, ба баррасии ҳукумат фиристод”, - гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбе, 11-уми феврал сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Абдураҳим Зулфониён.

Ҳамчунин Кумита феҳристи навбатии номҳоро омода кардааст, ки ба кӯдакон гузоштани онҳо манъ аст. Ба он номҳои писандидаи бархе аз тоҷикистониён ба мисли Лейла, Ясмина ва Дариуш дохил шудаанд.

“Соли 2019 ба Кумита барои 1021 номгузорӣ падару модарон муроҷиат карданд. Аз ин шумор 480 ном қобили қабул дониста шуда, дастгирӣ гардиданд ва имсол ба лоиҳаи қарори мазкур ворид мешаванд. Аммо он 373 номи ғайримеъёр ҳаргиз қабул намешаванд”, - изҳор дошт ӯ.

Абдураҳим Зулфониён даҳҳо номи пешниҳодшударо мисол овард, ки “ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нестанд”.

“Аз ҷумла, Ясмина, Ясмин, Дария, Лейла, Ясира, Хурем, Айша, Эсмира, Цензора, Дариуш. Онҳо фарзанди худро Лейла ё Хурем ном монданиянд, аммо вақте мепурсӣ, ки шояд Хурем неву Хуррам бошад, ба шакли тоҷикиаш розӣ намешаванд. Онҳо аз сериалҳои туркӣ илҳом мегиранд”, - гуфтааст корманди Кумита.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.