Хадамоти Бунёди Оғо Хон оид ба тандурустӣ (AKHS) гузаргоҳи назоратии “Кулма”-ро дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин бо таҷҳиҳоти зарурӣ ва ҳайати тиббӣ таъмин мекунад.
Тавре дар иттилои Бунёди Оғо Хон қайд мешавад, мутобиқи дархости Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, AKHS корҳои сафарбарии ҳайати тиббиро ба гузаргоҳи “Кулма” пурра маблағгузорӣ мекунад.
Гуфта мешавад, таъмини гузарогоҳ бо таҷҳизот, доруворӣ ва дигар маводи тиббиро ташкилот пурра ба зиммаи худ мегирад.
Хадамот ба Раёсати тандрустии ВМКБ дар маҷмӯъ наздики 20 ҳазор таҷҳизот ва лавозимоти эҳтиётӣ тақдим кард.
Таъкид мешавад, ки ҳамзамон барои ҳайати тиббии ба гузаргоҳ сафарбаршуда шароити мусоиди корӣ фароҳам шуда, техника пурра бо сӯзишворӣ таъмин аст.
“Хадамот дар шаҳри Душанбе ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон 30 ҳазор дастпӯшаку ниқоб дастрас кард”, - қайд мешавад дар хабар.
Дар навбати худ Хадамоти Оғохон оид ба муҳити зист (Aga Khan Agency for Habitat) дар доираи чорабиниҳои фаврии ҳукумати Тоҷикистон оид ба пешгирии коронавирус қариб 20 ҳазор таҷҳизот ва лавозимоти эҳтиётӣ таъмин кард.
Аз Маркази матбуотии АКДН Бунёди Оғохон хабар медиҳанд, ки аз ҷониби ташкилоти Оғохон оид ба рушд ҳамзамон барои маъракаи иттилотии зидди коронавирус 3,6 ҳазор нусха китобчаҳо паҳн карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, ки гузаргоҳи назоратии “Кулма” ҳанӯз охири моҳи январи соли равон пас аз хуруҷи коронавирус дар Чин баста шуд.
Аммо тибқи баъзе маълумоти расман тасдиқнашуда, ба гузаштани мошинҳо бо маҳсулот аз Чин тариқи ин гузаргоҳ то ҳол иҷоза дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сард ва тағйирёбанда. Вазъи ҳаво дар моҳи феврал чӣ гуна хоҳад буд?
Cубҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 феврали соли 2025
Ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии партовҳо дар шаҳри Душанбе. Кӣ ин корро мекунад ва чаро мақомот пеши роҳи онро намегиранд?
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста