Имрӯз, 20-уми март аввалин намози ҷумъа баъд аз дубора боз шудани масҷидҳо дар Тоҷикистон баргузор шуд. Зимни мавъиза дар Масҷиди марказии Душанбе раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз соҳибкороне интиқод кард, ки бо истифода аз фурсат нархи маводи ғизоиро боло бурданд.

“Дар ин ҳолатҳо бояд эҳтиёт бошем, - изҳор дошт муфтӣ. - Баръакс дар паҳлӯи мардум бошем. Мардумро дилбардорӣ ва дастгирӣ кунем. Хайрхоҳи шаҳрвандон бошем, на бар зиёну зарари мардум амал кунем”.

Дар мавриди коронавируси Covid-19 Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт: “Худоро шукр, алҳамдулиллоҳ, ҳоло ба қайд гирифта нашудааст. Мабодо агар омада бошаду ниҳодҳо ҳам бехабар бошанд, мардум вақте сарҷамъ мешаванд, ин бемории сирояткунанда аст ва ҳадиси Пайғомбар (с) ҳаст: “Аз бемории сирояткунанда барҳазар ва дур бошед”.

Қобили зикр аст, ки теъдоди намозгузорон дар ин рӯзи ҷумъа назар ба моҳи пеш бетағйир буд. Ҳамзамон аксари намозгузорон бе ниқоби тиббӣ ибодат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.