Чанд рӯз пеш дар шабакаи интернет сомонаи kvtj.info (Коронавирус Тоҷикистон) роҳандозӣ шуд, ки дар он аҳолӣ доир ба нафарони аз COVID-19 фавтида хабар медиҳад. Торнамо тавре тарроҳӣ шудааст, ки ҳар як корбар ҳодисаи ба ӯ маълумро хабар дода метавонад.

Дар оғози сомона рӯйхати фавтидагон ва дар поёни он шакли хабар додан дар бораи фавтидагон дарҷ ёфтааст. Барои ворид кардани маълумот ба рӯйхат ному насаби фавтида, синнусол, ихтисос, шаҳр, манбаъ ва маълумоти иловагӣ талаб карда мешавад.

Дар аксари ҳолатҳо ба сифати манбаъ ВАО, хешовандони наздик ва беморхонаҳо нишон дода шудаанд. Ба сифати далели аз коронавирус фавтидани шахс аз ҷониби табибон гӯру чӯб шудани фавтида (на аз тарафи наздикону хешовандон), марги минбаъдаи хешовандони наздик ва шахсони бо ӯ алоқадошта, аломатҳои беморӣ оварда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, дар сомона рӯйхати ҷудогонаи фавтидагон низ ҳаст, ки бо сабаби нокифоягии маълумот, ба рӯйхати асосӣ дохил нашудаанд.

Дар рӯйхати фавтидагон то соати 16:00-и рӯзи 11-уми май 140 нафар зикр шудаанд: зиёда аз 60 нафар дар Душанбе, беш аз 50 кас – дар Суғд, 8 кас – дар Хатлон, 5 нафар – дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 3 кас – дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Дар бораи аз ҷониби кӣ роҳандозӣ шудан ва навсозии маълумоти сомона хабар дода намешавад. Тибқи маълумоти сервиси «Who is», домени сомона дар Панама ба қайд гирифта шуда, дар бораи молики он маълумоти мушаххас ҷой надорад.

Имрӯз дастрасӣ ба сомонаи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар доданд, ки маълумоти онҳо дар бораи сироятёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус дақиқ буда, рӯйхати дар сомона овардашуда беэътимод аст.

“Фавтидагон аз коронавируси COVID-19 шахсоне шуморида мешаванд, ки ташхисашон дар озмоишгоҳ тасдиқ шудааст. Доир ба ҳар як ҳолати сироят ва марг аз коронавирус Вазорат барои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ ҳисоботи муфассал омода мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як ҳолат муфассал санҷида мешавад. Дар интернет айни замон дар бораи ҳамаи ҳолатҳои фавт мегӯянд, ки аз коронавирус аст. Ҳарчанд имрӯзҳо одамон аз дигар бемориҳо низ ҳалок мешаванд”, - хабар доданд аз хадамоти матбуоти Вазорат.

Зикр шуд, ки “рӯйхати дар сомона овардашуда боэътимод буда наметавонад, зеро ҳар кадоме метавонад ба ҳар навъе, ки хоҳад, маълумот диҳад ва он санҷида намешавад”.

То эълони расмии ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистон, ВАО дар бораи якчанд ҳодисаҳои фавт хабар доданд, ки баъдан одамон ба карантин гирифта шуданд. Аммо Вазорати тандурустӣ маълумотро дар бораи бар асари коронавирус ҳалок шудани онҳо рад карда, қайд мекард, ки онҳо аз бемориҳои илтиҳоби шуш, сил ва фишори баланди хун даргузаштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то соати 17:30 дақиқаи 11-уми май дар Тоҷикистон 661 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 21 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.