Корхонаи хиштбарории ҶДММ “Кор” воқеъ дар шаҳри Черепановои вилояти Новосибирски Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Корхона ба дуруст кардани ҳуҷҷатҳои коргарон, бо хобгоҳ таъмин кардани онҳо ва мунтазам пардохт кардани маош омода аст.

Ба гуфтаи Аҳмдов, дар дархости расмии раҳбарияти корхона дар бораи ҷалби коргарон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон қайд мешавад, ки айни замон корхона ба наздики 60 коргари касбҳои гуногуни истеҳсоли хишт ниёз дорад.

Дар дархост зикр шудааст, ки дар қаламрави корхона хобгоҳ бо тамоми шароити зарурии истироҳату зиндагӣ мавҷуд аст.

“Дуруст кардани расмиёти ҳуҷҷатҳо барои кор аз ҳисоби корхона амалӣ шуда, лекин маблағи хароҷоти сарфшуда барои он дар муддати 6 моҳи минбаъда боздошта мешавад”, - қайд мешавад дар дархост.

Дар ин корхона басти кории 8-соата амал карда, музди меҳнат на камтар аз 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Инчунин барои кор дар басти иловагӣ низ имкон дода мешавад. Бақайдгирии коргарон бепул анҷом дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.