Оё телефонро хомӯш кардан, ба ҳолати «парвоз» гузоштан, дар фолга печондан, SIM - кортро баровардан, ба шумо кӯмак мекунад, ки аз «бародарбузург» пинҳон шавед?
Оё метавонанд ҳаракатҳои моро тариқи телефони мобилӣ пайгирӣ кунанд? Бале! Инро метавон тавассути алоқаҳои мобилӣ бо истифода аз маълумотҳои GPS ва нуқтаҳои кушоди wi-fi анҷом дод. Амалҳои мақомоти кишварҳои гуногун ҳангоми пандемияи коронавирус боиси ба вуҷуд омадани шубҳаҳо дар бораи ҷосусӣ болои одамон "тавассути телефонҳои мобилии онҳо" шуданд.
Дар мавод ба Шумо дар бораи чӣ гуна аз пайгирӣ ё таъқиби мобилӣ озод шудан маълумот пешниҳод мекунем.
Телефонро хомӯш намудан
Бо хомӯш кардани дастгоҳ таъминоти барқии тамоми ҷузъҳои он қатъ мешавад. Дар смартфони хомӯшшуда шуморо пайгирӣ кардан номумкин аст. Чун телефони хомӯшшуда тамоми функсияҳоро гум мекунад.Гирифтани батереяи телефон низ монанди куштани телефон аст!
Иваз кардани SIM корт
SIM корт ва телефонатон то чӣ андоза ба шахсияти шумо иртибот доранд?
Агар SIM корти шумо дар Русия тибқи қонунгузории Русия харида шуда бошад, яъне бо пешниҳоди шиноснома, истифодаи он барои пешгирии назорат мантиқ надорад.
Истифодаи SIM кортҳои хориҷӣ ё сабтиномнашуда
Дар баъзе кишварҳо, масалан, Украина, Литва, Нидерландия барои харидани сим-корт ба шумо пешниҳоди ҳуҷҷат лозим нест. Пештар дар кишвари мо низ бе шиноснома сим-корт харидан мумкин буд.
Аммо худи телефон ҳамеша рамзи IMEI дорад. Вақте ки телефони шумо рӯшан аст, оператори мобилӣ IMEI-и шуморо медонад. (Дар як қатор кишварҳо, операторҳо ҳатто телефонҳои дуздидаро аз рӯйи IMEI масдуд мекунанд). Агар шумо аллакай дар телефони худ SIM корти муайяншударо истифода карда бошед, метавон онро бо IMEI-и телефон пайваст кард. Барои роҳ надодан ба пайгирӣ, ба шумо лозим аст, ки SIM корти хориҷӣ ё сабтиномнашударо дар дастгоҳи нав истифода баред.
Бидуни SIM – корт
Бе SIM корт шумо наметавонед ба дӯстон ва ҳамкоронатон занг занед. Ҳеҷ кас ба шумо занг зада наметавонад. Аммо Шумо метавонед бо он ба хадамоти наҷотдиҳӣ (агар дастгоҳ дар доираи фарогирии оператори мобилӣ бошад) ба рақами махсуси 112 дар алоқа шавед. Ҳатто бидуни занги фавқулодда, телефон бо шабака пайваст мемонад.
Ҳамин тавр имконияти пайгирии дастгоҳ боқӣ мемонад.
Фаъол кардани "режими парвоз"
Ин режим интиқолдиҳандаи маълумотҳоро хомӯш мекунад. Шумо метавонед мусиқӣ гӯш кунед, аксбардорӣ кунед ва ҳатто GPS истифода баред. Аммо, телефони шумо наметавонад маълумотро ба шабака интиқол диҳад. Дар ин ҳолат пайгирӣ кардани он ғайримумкин аст.
Хомӯш кардани интернети мобилӣ ё wi-fi
Хомӯш кардани танҳо Интернети мобилӣ ё wi-fi шуморо аз пайгирӣ озод намекунад. Телефони шумо корро дар шабакаи мобилӣ идома медиҳад. Пас, онро пайгирӣ кардан мумкин аст.
Аммо хомӯш кардани интернети мобилӣ ва wi-fi метавонад интиқоли маълумотро тариқи барномаи ҷосусии интернетӣ маҳдуд намояд.
Омезиши маълумоти пайгирӣ ва иттилоъҳои дигар
Пайгирии телефони мобилӣ вазифаи ҷудогона нест. Ҷинояткор метавонад маълумоти иловагӣ гирад ва онро бо маълумоти пайгирӣ вобастагӣ диҳад. Бадхоҳи ҷиддии ҳавасманд эҳтимолан ин корро мекунад. Масалан, агар ӯ ҳадафи сафари шуморо (иштирок дар як конфронси байналмилалӣ дар Берлин), фурудгоҳи парвоз ва рақами хатсайре, ки шумо дар он аз қайд гузаштаед, донад, пас «ғайб задани» телефони шумо дар баъзе қисматҳои масир чандон барояш муҳим нест.
Телефон метавонад аз худ "изҳо" - и дигареро боқӣ гузорад. Масалан, ҳангоми пардохт бо ҳамёнҳои электронӣ (агар шумо дар смартфони худ чунин имконият дошта бошед). Мисоли дигар ин пайвастшавӣ ба нуқтаҳои wi-fi ҷамъиятӣ мебошад. Агар шумо хоҳед, ки эҳтимолияти пайгирии дастгоҳи худро коҳиш диҳед, мантиқан набояд ин ё он хизматрасониро истифода набаред.
Тавсияҳо
Ҳолати аз ҳама беҳтарин он аст, ки телефони мобилии худро ба мулоқот, сафар ё ҳатто сайругашти муҳим ҳамроҳ нагиред.
- Агар имконпазир бошад барномаҳои норавшан ва шубҳанокро дар смартфони худ тоза кунед. Ба ҳама барномаҳо ба маълумоти геолокация ва Интернет дастрасӣ надиҳед. Шарҳҳо ва санҷишҳоро дар форумҳои интернетӣ хонед, то арзёбӣ кунед, ки барнома хусусиятҳои ҷосусӣ дорад ё не.
- Телефонро бо рамзгузорӣ муҳофизат кунед ва онро беназорат нагузоред.
- Агар смартфонро барои тафтишот гирифта, пасон баргардонида бошанд, он дастгоҳро аллакай хатарнок ҳисоб кунед. Ҳаракат кунед, то дастгоҳатонро иваз намоед. Барои муайян кардани дахолати беруна онро ба мутахассис супоридан беҳтар аст. Дар ҳарду ҳолат, барқарор кардани телефон ба танзимоти аввалӣ беҳтар аст.
- Дар хотир доред, ки амният ҳеҷ гоҳ сирф рақамӣ нест. Ин як раванди мураккаб аст. Хомӯш кардани телефон ҳангоми вохӯрии муҳим метавонад нақши назарраси равонӣ дошта бошад.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста