Дар Тоҷикистон ширкати нави мобилӣ ба фаъолият оғоз мекунад, ки бо усули оператори виртуалии алоқаи мобилӣ кор мекунад.
«О Мобайл» чист?
“О Мобайл” ширкати алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аст, ки маросими расмии оғози фаъолияти он охири моҳи октябр доир мегардад. Дар сомонаи Omobile.tj гуфта мешавад, O Mobile – ин оператори алоқаи мардумӣ ва дастрас аст.
Дафтари кории ширкат айни замон дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 55 воқеъ буда, зикр мегардад, ки рӯзҳои наздик дар шаҳрҳои бузург шабакаи марказҳои хизматрасонӣ ифтитоҳ мешавад ва ба шабакаҳои фурӯши чаканаи ширкат дар минтақаҳо тавсеа бахшида мешавад.
Чӣ бартариятҳо дорад?
Ширкат ҷадвали тарифҳои “Офарин”-ро бо нархҳои аз 5 то 15 сомонӣ таҳия намудааст. Хусусияти фарқкунандаи худро ширкат дар арзиши зангҳои овозӣ мебинад: масалан, бо 15 сомонӣ дар як моҳ метавон 250 дақиқа зангҳои овозӣ ва 15 паёмак (смс) дастрас кард. Бо 5 сомонӣ 100 дақиқаи иловагӣ харидан мумкин аст. Зангҳои бе тариф ба дигар ширкатҳо 0.12 сомонӣ нарх дорад.
Барои муқоиса: арзиши ҳамин гуна занг дар дигар ширкатҳо 0,20 сомониро ташкил медиҳад. Зангҳо дар дохили шабака бепул аст.
Бастаҳои интернети ширкати “О Мобайл” бартарият надоранд. Арзиши 1000 МБ интернет 25 сомонӣ аст.
Боз чӣ гуна маълумот дар бораи “О Мобайл” метавон дарёфт намуд, рақам чанд пул меистад ва “О Мобайл” ба кӣ тааллуқ дорад? Маълумоти муфассалро дар ин бора аз шумораи навбатии газетаи “Азия-Плюс” дарёфт карда метавонед, ки аллакай дар фурӯш аст.
Ногуфта намонад, ки акнун газетаи “Азия-Плюс”-ро метавон тариқи онлайн-мағоза ва хадамоти дастраскунии Magnit.tj: (+992) 551 555 551 низ фармоиш дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста