Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол”, “Мураббии сол” ва “Хонандаи сол” ҷамъбаст шуд. Ба иттилои торнамои шаҳрдорӣ ғолиби даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол-2020” - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии № 132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода дониста шуд.
Ҳамчунин омӯзгори кимиёи Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов “Омӯзгори сол” ва хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи умумии № 52 Сумая Абдулфаёзиддин “Хонандаи сол - 2020” эълон шудаанд. Ин ғолибон акнун шонси худро дар даври ҷумҳурявии озмун месанҷанд.
Гуфта мешавад, ки дар дар озмунҳои мазкур 853 омӯзгор, 90 хонанда ва 55 мураббӣ иштирок кардаанд.
Ҳамзамон аз Вазорати маориф ва илм ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дарваи ҷумҳуриявии ин озмун аз имрӯз 7-уми январ то 9-уми январ идома мекунад.
Баъди эълони ғолибон аз сӯйи шаҳрдории Душанбе бархе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки дар давраи шаҳдори Душанбе будани Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ғолибони ин озмунҳо хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим мешуд, чаро ҳоло дигар ин ҷоиза тақдим намешавад.
Ҳоло дар мавриди мукофоти ин пирӯзҳои озмун чизе гуфта намешавад, вале дар даврони раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори пешини Душанбе чанд бор ба ғолибони “Мактаби сол”-у “Омӯзгори сол” хона тақдим шуда буд.
Бори охир Убайдуллоев дар соли 2016 ба мактаби рақами 52, ки ғолиби озмуни «Мактаби сол-2015» шуд, як манзили сеҳуҷрагӣ дар кӯчаи Беҳзод-32 тақдим карда буд.
Аммо ҳоло Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки «то ҳол мукофоти ғолибони озмун муайян нест ва танҳо рӯзи 9-уми декабр дар маросими ҷамъбастӣ ва мукофотонидани ғолибони озмун маълум мегардад, ки онҳо кадом мукофотҳоро сазовор мегарданд».
Аз шаҳрдории пойтахт ҳам ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки ҳамасола ғолибони озумнҳои шаҳрӣ дар рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел) аз сӯйи раиси шаҳри Душанбе бо дипломи ҳукумати Душанбе ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Соли гузашта омӯзгор ва мураббии сол бо маблағи 6 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуда, хонандаи сол бошад 4 ҳазор сомон муфотпулӣ ба даст оварда буд.
Аммо аз шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ки ҳоло дар даври ҷумҳурявӣ танҳо се озмун:«Омӯзгори сол», «Мурабии сол» ва «Хонандаи сол» баргузор мегардад, ки ба ғолибон то кунун боре ҳам хона тақдим нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста