Дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тармафароӣ ба амал омад, ки боиси басташавии роҳ гардид. Инчунин, дар қаламрави ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 7 тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Душанбе муваққатан баста шуд, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Аммо, дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, роҳҳо пурра тоза карда шуда, ҳаракат дар роҳҳо барқарор карда шуд.
"Дар натиҷаи тармафароӣ харобиҳо ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", - хабар медиҳад Кумита.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, обу ҳавои номусоид дар қаламрави Тоҷикистон то 26 феврал боқӣ хоҳад монд.
Боришот пешгӯӣ мешавад - борон ба барф мубаддал гардида, дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти пуршиддат аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат рӯзона дар водиҳо 12-14 дараҷа поин меравад.
Бинобар сабаби якбора паст рафтани ҳарорат дар минтақаҳои кишвар, эҳтимолияти зарар расидан ба зироатҳои кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда вуҷуд дорад.
Илова бар ин, дар минтақаҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари тармафароӣ, сангрезӣ ва сел, инчунин яхбандӣ дар роҳҳои мошингард боқӣ мондааст.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба чарогоҳ, ғунучини ҳезум ва шикор худдорӣ варзанд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар чунин рӯзҳои серборишу тармахез эҳтиёткор бошанд, ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро нигоҳ доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.