Бо вуҷуди роҳандозии парвозҳои мунтазам, нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ҳамоно қимат аст ва он дар нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе бо арзиши аз 5 то 6,5 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки мақомот чанде пеш гуфта буданд, ки бо роҳандозии парвози мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон нархи чиптаи ҳавопаймо арзон мешавад.
Нархи билет 6,5 ҳазор сомонӣ
Мушоҳидаи мо дар нуқтаҳои чиптафурӯшии пойтахт нишон дод, ки то ҳол нархи чиптаи ҳавопаймо гарон аст ва он бо нархи пешина фурӯхта мешавад. Боздид аз 7 идораи чиптафурӯшӣ маълум кард, ки нархи чипта аз Душанбе ба Москва аз 6 ҳазору 300 сомонӣ то 6 ҳазору 500 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ва ин ҳам барои баъди 13 сентябр.
Ҳамин тариқ, нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Москва ҳам арзон нашудааст ва он айни ҳол, аз 5 ҳазору 400 то 6 ҳазор сомонӣ нарх дорад.
Тибқи мушоҳидаи мо арзонтарин нарх ин самти Кӯлоб - Екетеринбург аст, ки ба гуфтаи чиптафурӯшон 4 ҳазору 900 сомонӣ арзиш дорад.
Нархи чиптаи ҳавопаймои самти Душанбе - Маскав дар нуқтаи билетфурӯшии дохили бинои Агентии алоқаи ҳавоӣ барои 15 сентябр 6500 сомонӣ нарх дорад. Ин парвоз тариқи ширкати “Сомон Эйр” сурат мегирад.
Чиптафурӯш ба суоли он ки гуфта мешуд, парвоз мунтазам шавад, нархи чипта арзон мешавад, изҳори бехабарӣ намуд ва гуфт, ки ҳоло барои парвозҳои чартерӣ билет надоранд, ҳама парвозҳои мунтазам аст.
Воқеан, чанде пеш Русия эълон намуда буд, ки аз ин пас ҳамаи парвозҳо мунтазам амалӣ мешаванд.
Нархи билет стандарт аст. Як моҳ пас ҳам ҳамин нарх?
Ҳамсуҳбатони мо аз дигар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ҳам гуфтанд, ки нархи чипта ҳоло арзон нашудааст
- Гуфтанд арзон мешавад. Вале арзон нашуд. Чипта ба самти Красноярск 5,5 ҳазор сомонӣ аст. Аз Душанбе ба Уфа 5 ҳазору 800 сомонӣ. Душанбе – Екетеринбург барои рӯзи 11 сентябр 5,5 ҳазор сомонӣ аст. Ин нархҳоро “Сомон Эйр” муқаррар кардааст, - гуфт яке аз фурӯшандагони чипта дар Душанбе.
Аз нуқтаи чиптафурӯшии дигар гуфтанд, ки нархи чипта тариқи Хуҷанд – Уфа 5 ҳазор сомонӣ аст, ки тариқи ширкати “ЮтЭйр” анҷом дода мешавад.
- Чиптаи самти Душанбе – Уфа 5 ҳазору 800 сомонӣ, Душанбе – Москва 6 ҳазору 500 сомонӣ аст. Нарх аз Кӯлоб ба Екетерингбург 4 ҳазору 900 сомонӣ аст. Кӯлоб – Москва 6 ҳазору 300 сомонӣ. Ин нархи стандарт аст, имрӯз чунин нарх, баъди як моҳ ҳам чунин нарх муқаррар шудааст. Нарх ҳамин аст, ин барои парвозҳои мунтазам аст, - гуфтанд дар аз яке нуқтаҳои чиптафурӯшии Душанбе.
Онҳо ба суоли он ки гуфта мешуд, ки баъди роҳандозии парвозҳои мунтазам нархи чиптаҳо арзон шавад, посух доданд, ки касе чунин нагуфтааст, мардум чунин фикр карданд, ки бо роҳандозии парвозҳои мунтазам, нархи чиптаҳо арзон мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон чанд рӯз пеш бо пахши баёнияе гуфта буд, ки бо зиёд гардидани парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хатсайрҳои мунтазам арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ паст гардида, дастраси мусофирон мегардад.
“Номи чартерӣ ба мунтазам иваз шудааст, вале нарх ҳамон”
Як зан бо исми Малоҳат, ки дар яке аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ билет мехарид, гуфт, ваъда карда буданд, ки баъди 27 август парвозҳои мунтазам сар мешавад, нарх ҳам 50 фоиз арзон мешавад, вале нарх мисли пешина аст. Танҳо номи чартерҳо ба мунтазам иваз шудаасту нарх ҳамон пештара аст.
Ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бояд барои табобат ба Русия равад, вале нархи дандоншикани чипта “намегузорад”. Вай гуфт, интизори парвозҳои мунтазам ва арзон шудани нархи билет буд. Вале интизориаш дер напоид.
- Мантиқан бояд арзон бошад, чун замоне ки чартерӣ буд, ҳавопаймоҳо аз як тараф холӣ парвоз мекарданд. Баъди 27 август ҳамаи ҳавопаймоҳо дутарафа одам бурда меоранд, вале нарх ҳоло ҳам қимат аст. Кай арзон мешавад, касе чизе намегӯяд. Мо ҳайрону сарсон гаштем, - шиква намуд ин зан.
Оҷонсӣ: Супориш шудааст, арзон шавад
Аз Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон дар мавриди паст кардани нархи чиптаи ҳавопаймо посухи дақиқ намедиҳанд. Ба муроҷиати пайдарпайи мо рӯзи 27 август яке аз масъулони баландпояи оҷонсӣ чунин ҷавоб дод:
“Қарор ва супориш шудааст, ки нархи чиптаҳо ақалан 1 маротибагӣ паст карда шавад. Мантиқан ҳам бояд арзон шавад, чунки пештар ҳавопаймоҳо аз як тараф одам мебурданд, ҳоло аз ҳарду самт одам мебаранд”.
Ба пурсиши мо, ки то куҷо ин амр иҷро шудааст, посух доданд, ки “ҳоло парвозҳо шурӯъ нашудааст, шурӯъ шавад, мебинем”.
Имрӯз, 30 август, аз оғози парвозҳои мустақим 3 рӯз сипарӣ мешавад ва дар чиптафурӯшиҳо билет барои як моҳ пас ҳам бо нархи пештара фурӯхта мешавад, аммо аз Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон ҳозир нашуданд масъаларо шарҳ диҳанд.
Фурудгоҳ: Ҷадвали парвозҳои мунтазам баъди таъмир нашр мешавад
Сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова зимни суҳбат бо мо гуфт, ки айни ҳол ҳамаи парвозҳо шабона анҷом дода мешавад, чунки рӯзона то 1 сентябр дар фурудгоҳ таъмир идома дорад.
Тавре дар онлайн - таблои сомонаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе“ дида мешавад, ҳоло дар фурудгоҳ ба ғайр аз дигар парвозҳо, шабона ду парвози мунтазам ба Русия анҷом дода мешавад. Ширкати “Сомон Эйр” саҳар рафта, бегоҳ меояд, “ЮтЭйр” шаб омада, субҳи барвақт парвоз мекунад.
Мавсуф гуфт, ҳоло ҷадвали аниқи парвозҳои мунтазам ба Русия дастраси онҳо ҳам нашудааст ва он пас аз ба итмом расидани корҳои таъмир дар хати парвоз нашр мешавад.
14 парвоз дар як ҳафта ба Маскав
Рӯзи 18 август Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон бо нашри як баёния хабар дод, ки аз 27 августи соли равон дар як ҳафта аз Душанбе ба Маскав ва баръакс 14 парвози мустақим анҷом дода мешавад.
Ба ғайр аз ин, аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба фурудгоҳҳи байналмилалии Федератсияи Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, як парвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда мешаванд.
Дар баёния таъкид мешуд, ки бо зиёд гардидани парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хатсайрҳои мунтазам арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ паст гардида, дастраси мусофирон мегардад.
Ҳоло парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия се ширкати ҳавопаймоӣ анҷом медиҳанд: «Сомон Эйр», ширкатҳои русии «ЮтЭйр» ва «Уральские авиалинии».
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Тоҷикистон мудирони мактаб чӣ тавр таъйин мешаванд?
"Роғун", мораторий ба санҷиш, "лимит"-и барқ, ниёз ба кадр ва рақамикунонӣ. Матни пурраи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 декабри соли 2024
10 филми беҳтарини Осиё Марказӣ дар соли 2024. Онҳо кадомҳоянд?
Поёни “лимит”, афзоиши маошу нафақа ва интихоботи шаффоф. Муҳимтарин нукоти паёми Эмомалӣ Раҳмон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 декабри соли 2024
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста