Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик пас аз содир шудани ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4, воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. Дар ин бора наздикони Далери Имомалӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Онҳо гуфтанд, Далери Имомалиро рӯзи шанбеи 10-уми декабр ба Муассисаи ислоҳии №4 интиқол доданд ва онҳо аз ин кор огоҳ набуданд.
“Ҳоло дар роҳем, баъзе лавозимоти заруриро барои эҳтиёҷаш мебарем. Умедворем, ки бо ӯ вохӯрда метавонем”,- гуфт яке аз наздиконаш.
Интиқоли Далери Имомалӣ ба зиндон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро дар робита ба 10 соли зиндон нисбати Далери Имомалӣ бетағйир гузошта буд. Вакили дифоъ ва наздиконаш гуфта буданд, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.
Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик аст, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 17-уми октябри соли равон ба 10 соли зиндон ва пардохти 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Додгоҳ ин рӯзноманигорро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор кард.
Худи Далери Имомалӣ дар номае аз дохили боздоштгоҳ, ки ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ирсол шуда, нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” расид, навишт, ки тафтишу мурофиааш пур аз "дурӯғу туҳмат ва духӯрагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.
Далери Имомалӣ, ки вақтҳои охир барои “Ютуб-канал”-аш дар мавзуҳои ҳасоси иҷтимоӣ барномаҳо нашр мекард, рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд.
Ӯ ба соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346 қисми 2) ва иштирок дар иттиҳоди экстримистӣ (моддаи 307 қисми 2 банди 3)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар ва 10 сол равонаи зиндон ва ба маблағи беш аз 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Муҳокимаи ӯ пушти дарҳои баста ва бе ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигрон дар СИЗО баргузор шуд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 17 декабри соли 2024
Аз Театри миллӣ то варзишгоҳи нав дар Душанбе. Андозсупорандагони имтиёздор дар соли 2025 муайян шуданд
Дар Тоҷикистон хушунати ҷинсӣ нисбати занҳо коҳиш ёфтааст
“Ба кишвари сеюм фиристед ё ҷазо диҳед”. СММ аз Тоҷикистон хостааст, ки афғонистониҳоро ба Толибон насупорад
Барномаи мобилии “Харитаи сайёҳии Тоҷикистон” муаррифӣ шуд. Он чӣ гуна кор мекунад?
122,6 млн сомонӣ зиёдтар аз соли равон. Маблағи Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2025 муайян шуд
Аъзои ду оила. Дарёфти ҷасади 4 нафари дигар дар Конибодом
Раиси вилояти Хатлон ба сохтмони Қасри теннис дар Бохтар оғоз бахшид
Сарвазири Қирғизистон аз вазифа рафт
Маҳдудияти навбатӣ барои муҳоҷирон. Дар Волгоград табибӣ, омӯзгорӣ ва ронандагӣ ба муҳоҷирон манъ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста