Баҳси таҳаммулпазирии динӣ дар Тоҷикистон ҳамеша доғ аст. Ин буд, ки “Азия-Плюс” бо ҷалби масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагони адёни гуногун, коршиносону таҳлилгарон ин мавзӯро дар ток-шоуи навбатии “Рости гап” ба баҳс кашид.
Эълони ба дини Зардуштӣ гаравидани Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков), рӯзноманигори тоҷик дар Тоҷикистон, ки аксари кулли аҳолии он мусалмонанд, баҳси таҳаммулгароии диниро дубора ба миён овард.
Вақте ин рӯзноманигор ҳадафи таъсиси “Анҷумани зардуштиёни Тоҷикистон” доштани худро эълон кард, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро мазаммат карданд, ки “дини худро тағйир додааст”.
Дар дил зардуштиву дар забон мусалмон?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ток-шоуи “Рости гап” омад ва ошкор ҳарфи дилашро гуфт: “Садҳо зиёии мо ботинан зардуштианд, вале аз тарси бархӯрди ҷомеа дунёро чун мусалмон тарк мекунанд. Ман ба хулосае омадам, ки дар пеши Худо рост бошам: мехоҳам Зардуштӣ бимирам”.
Ӯ аз таҳқиру таҳдиде, ки дар робита ба эълони таъсиси “Анҷумани зардуштиёни Тоҷикистон” шунид, ёдовар шуда, илова кард, ки барои чунин бархӯрд қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ кардааст.
“Барои таҳқиру тавҳин ё истифода аз нерӯ қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ кардааст. Давлат бесоҳиб нест, ки вақте ман ба дини Зардуштӣ гузаштам, ба сӯям санг зананд, аз маъракаҳо ронанд, таҳқиру тавҳин ва сӯиқасд ба ҷонам кунанд”, - гуфт Абдуқодири Абдуқаҳҳор.
Баҳси нобаробарӣ дар қонунгузорӣ
Муслиҳиддин Хоҷамирзода, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, қонунгузорӣ бақайдгирии иттиҳодияи динии ғайриисломиро кафолат додааст ва ивази тағйири дин ҳам ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар кас аст.
Вале Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз заъф ва номушаххасӣ дар қонун гуфт.
“Қонун мегӯяд, то мақомот иҷоза надиҳад, фаъолияти расмӣ иҷозат нест. Яъне, агар ман дар деҳаам оташкада месохтам, ғайриқонунӣ мешуд, вале ҷойи дигар қонун мегӯяд, барои сабти ном бояд 5 сол мӯъбади мӯъбадон мебудам”,- шарҳ дод ӯ.
Чаро мусулмонон таҳаммулпазир нестанд?
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон бо ишора ба он ки дар Тоҷикистон беш аз 60 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ фаъолият мекунанд, гуфт, ҷомеаи Тоҷикистон таҳаммулпазир аст.
“Мазҳаби Имоми Аъзам мазҳаби таҳаммулпазир аст ва яке аз усулҳои он урф аст, ки дар дигар динҳо дида намешавад. Худованд ҳам дар китоби Қуръон мефармояд, ки дар дин маҷбурӣ нест”, - афзуд Хомӯшӣ.
Ӯ бархӯрди тунди ҷавононро дар робита ба тасмими ҳар нафаре барои гузаштан ба дини дигар, ноогоҳии онҳо аз асли дин маънидод кард ва гуфт, чунин нафарон дар ҳама ҷараёнҳо ҳастанд.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз бархӯрди бархе имомхатибон ё рӯҳониёни саршиноси кишвар гила кард ва гуфт, муноқишаи лафзии ӯ бо чанде аз онҳо сабаб шуд, ки ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ кофар ва дини зардуштиро бидъат эълон карда, ба “шикор”-аш пардозанд.
Номбурда нигаронӣ кард, ки “агар ин домуллоҳо муридони худро ба таҳаммулгароӣ даъват мекарданд, таҳқиру таҳдид кам мешуд”.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ посух дод, ки имомхатибон дар мавъизаҳои худ, намозгузорону сокинони кишварро пайваста ба таҳаммулгароӣ даъват мекунанд. Ӯ гуфт, сабаби таҳаммулнопазирӣ ва рафтори тунд надоштани дониши кофии динӣ ва дурӣ аз китоб аст.
Рустам Гулов, коршиноси технологияи иттилоотӣ сабаби адами таҳамулпазириро надоштани тафаккури интиқодӣ унвон кард.
“Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фейкҳои динӣ зиёд аст ва ҳар “пост”-е, ки бо калимаҳои “бисмиллоҳ” ё “оллоҳ” сар мешавад, аллакай тафаккури интиқодии хонандаро хомӯш мекунад. Тафаккури интиқодӣ замоне рушд мекунад, ки мо дониш ва илм дошта бошем”, - гуфт Гулов.
Буҳрони бархӯрд ё истифода аз шабакҳои иҷтимоӣ
Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси масоили динӣ дар робита ба бархӯрди ҷомеаи Тоҷикистон ба тасмими Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, ин бештар мушкил фарҳанги нодурусти бархӯрд бо чунин зуҳурот аст, на мушкили таҳаммулпазирии динӣ. Яъне, чунин бархӯрд танҳо хоси масоили динӣ нест, балки дигар масоили дунявӣ, ки барои ҷомеа ғайриоддӣ аст, низ бо чунин бархӯрд рӯбарӯ мешавад.
“Масалан, вақте як духтари сароянда бо либоси номуносиб суруд мехонад, сели нафрату дашномро дар поёни навор мебинем. Ин нишон медиҳад, ки мо буҳрони бархӯрд ё истифода аз шабакҳои иҷтимоӣ дорем, на таҳаммулнопазирии динӣ”, - гуфт ӯ.
Ин коршиноси тоҷик бо ишора ба зиндагии осоиштаи як намояндаи дини Зардуштӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва вуруди роҳати ҳудуди 1 млн. сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол ҳеҷ як аз онҳо шикоят накардаанд, ки дар Тоҷикистон ба табъизи динӣ рӯбарӯ шуданд.
Саъдӣ Юсуфӣ пешниҳод кард, ки қабл аз қазоват, бояд ченаки таҳаммулпазирӣ мушаххас карда шавад.
Ба ислом гараванд, вале аз ислом нараванд?!
Субҳон Ҷалилов, ровии барнома паҳлӯи дигари масъала, яъне ба ислом гаравидани намояндагони дигар адёнро мисол оварда, таъкид кард, ки дар бештар ҳолатҳо қарори чунин афрод аз ҷониби ҳамдинҳои қаблиаш орому табиӣ пазируфта мешавад.
Саъдӣ Юсуфӣ сабаби чунин бархӯрдро тасаллути бештари дини ислом дар зеҳну дили пайравонаш маънидод кард.
“Ин қадар, ки дар миёни мусулмонҳо пойбандӣ ба дин, ҳузур дар идбодат мушоҳида мешавад, дар динҳои дигар нисбатан камтар аст. Аз ин хотир, вокунишҳо ҳам нобаробаранд”, - гуфт ӯ.
Чанде аз намояндагони динҳои дигар, аз ҷумли баҳовия ва масеҳият, ки қаблан мусалмон буданд, дар бораи гаравиданашон ба дини дигар ва муносибати атрофиёну наздиконашон қисса карда, таъкид намуданд, ки таҳқиру таҳвинро эҳсос накардаанд.
Ин натиҷаи 70 соли ҳокимияти ҳукумати динзудоӣ аст
Сайфулло Муллоҷонов, номзади илмҳои таърих ва профессор гуфт, дар муқоиса бо Чину Ҳиндустон ва Эрон муҳити Осиёи Миёна дар гузашта ҳам таҳаммулпазир набуд.
“70 соли ҳукумати Шӯравӣ аслан таҳаммулпазир набуд ва ҳамаи масҷиду калисоро аз байн бурд. Мутаассифона, дар Осиёи Миёна ҳамин ҳаракат ҳанӯз давом дорад. Ин натиҷаи 70 соли ҳукумати динзудоӣ буд”, - гуфт Муллоҷонов.
“Ҳама қавмҳои дигар Зардуштӣ буданд”
Маҳрамбек Анварзод, намояндаи Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз таассуби маҳаллгароӣ, хусумати динӣ ва фардӣ дар ҷомеа нигаронӣ кард ва гуфт, ҳама қавмҳои дигар мантиқан пайрави дини Зардушт буданд.
“Бузургтарин оташкада дар Озарбойҷон аст. Ин маънои онро дорад, ки навобаста аз табдил ё тағйири дин ин мардум осори фарҳангиву мероси пешазисломиро ҳифз кардаанд. Мардуми Осиёи Марказӣ ҳатто имрӯз қудрати гап задан дар бораи мероси гузаштаи худро надорад ва аз фарҳанги пешазисломии худ дур шудааст”, - гуфт ин масъули Маркази исломшиносии Тоҷикистон.
Шодимуҳаммад Суфизода, донишманди тоҷик гуфт, ҳар як қадами аҳолии кишварҳои суннатӣ табу аст ва яке аз вижагии ҷомеаҳои суннатӣ ин аст, ки таҳаммулпазирӣ ҳам дар заминаи бинишҳо ба миён меояд, на маърифатнокӣ.
“Масалан, дар асрҳои миёнаи дар Аврупо инквизатсия сахт ва мақоми дин боло буд. Аммо мардуми андешаманд омаданд ва гуфтанд, бо андешаи худ зиндагӣ кунед, бар пои худ истод шавед ва худатон тасмим гиреду зиндагиатонро пеш баред. Дар ин замина, як ҷаҳонбинии созанда ва воқеънигарона бунёд карданд”, - гуфт ин донишманди тоҷик.
Чӣ бояд кард?
Ба андешаи Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик, сабаби асосии маҳви гуногундинӣ ва шаклгирии яккадинӣ дар Осиёи Миёна забти минтақа аз ҷониби муғулҳо буд. Дар натиҷа, фарҳанги қадима аз байн рафт.
Ин сиёсатшиноси тоҷик бовар дорад, ки таҳаммулпазириро онҳое дар амал татбиқ карда метавонанд, ки соҳиби андешаи мустақил ҳастанд.
“Якдина буданӣ минтақаи мо боис шудааст, ки нисбат ба дину мазҳаби худ танбал шавем. Аз ин ҷиҳат, вақте гуногундинӣ мешавад, таваҷҷуҳ барои омухтани унсурҳои аслии дин бештар мешавад”, - хулоса кард ӯ.
Аҳолӣ дар куҷо таълими динӣ гиранд?
Бахши дигари барнома, дастрасии аҳолӣ ба донишҳои динӣ буд, ки имрӯз дар мактабу донишгоҳҳо ва мадрасаҳои динии алоҳида барои аҳолӣ таълим дода намешавад.
Маҳрамбек Анварзод таълимоти динӣ дар як мазҳаб якранг нест ва нигоҳи мухталиф метавонад ба бархӯрду низоъ оварда расонад.
Ӯ гуфт, дар кадом шакл ба роҳ мондани таълими динӣ вазифаи давлат аст ва бояд заминаҳои таълимӣ дар ҷомеа вобаста ба талабот ҳамавақт бошад.
Дар ҳамин ҳол, Саъдӣ Юсуфӣ гуфт, дар баробари амнияти иттилоотӣ, озуқаворӣ амнияти эътиқодӣ ва мазҳабӣ ҳам муҳим аст.
“Тарҳҳои зиёде дар ҷаҳони ислом мегардад, ки дар зоҳир тарҳи динӣ, вале пушташ гапҳои дигар аст. Бо ворид шудани инҳо мумкин аст, ноамниву бесарусомонӣ эҷод шавад. Аз ин хотир, вуҷуд ва ҳузури ниҳодҳои мазҳабии мо, шахсиятҳои динӣ, ки гапашон фикрзо ва зеҳнсоз аст, дар шабкаҳои иҷтимоӣ бисёр муҳим аст”, - гуфт ӯ.
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста