Аксари фарзандони мансабдорони тоҷик, ки муқассири садамаҳои нақлиётӣ ва марги одамон шудаанд, бо ҷарима аз боздошту ҷавобгарӣ раҳо гардидаанд ё парванда нисбати онҳо қатъ гардидааст. Дар сахттарин ҳолат, онҳо ҳукм гирифтаву баъдан авф шудаанд. Дар ҳеҷ як ҳолат падари қоидавайронкун аз вазифа истеъфо надодааст. Ин боис гардида, ки ҷомеа ба ҳар як садамаи нақлиётӣ бо иштироки фарзанди мансабдорон басо ҳассос бархӯрд карда, аз яксон татбиқ нашудани меъёри қонун нисбати иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ нигаронӣ намоянд.
Чаҳор рӯз қабл, 21-уми сентябр, дар Душанбе, наздикии тарабхонаи “Боми ҷаҳон”, худраве овозхони ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзовро дар канори роҳ пахш кард. Дар пайи ин садама овозхон дар бемористон ҷон бохт.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки муқассири садама ронандаи “Lexus RX350” Комёб Файзуллои 18-сола будааст, ки аввал ба мошини “Lexus RX350”-и Ахтамзода Оятулло Хушбахти 19-сола бархӯрда, сипас Некрӯз Ниёзовро пахш кардааст.
Тибқи иттилои дарёфтии “Asia-Plus” Файзулло Комёб Машраб эҳтимол дорад, писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (ДСТР) бошад. Дар ин бора ба “Asia-Plus” наздикони сарояндаи фавтида иттилоъ доданд. Аммо тасдиқи дурустии ин хабар то ҳол ба “Asia-Plus” муяссар нашудааст, зеро ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба зангҳои телефонӣ посух надод.
Бо гузашти чанд муддат Радиои Озодӣ низ бо такя ба манобеи худ навишт, ки Комёб Файзулло писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянӣ аст.
“Яке аз омӯзгорони ин муассиса гуфт, рӯзи 22-юми сентябр кормандони додситониро дар қабулгоҳи ректор дидааст”, - навишт ин расона.
Бо гузашти 4 рӯз аз садама ва марги овозхон касе аз пайвандони Комёб Файзулло бо расонаҳо сӯҳбат накардаанд ва ҳодисаро шарҳ надодаанд. Аз ҷумла, ректори Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ то ҳол изҳори назар накардааст.
Айни ҳол танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки гумонбари садамаи нақлиётии мазкур боздошт шудааст.
Ҳанчанд ҳоло тафтишот мушаххасан чизе нагуфтааст, аммо пас аз чанд лаҳзаи расонаӣ шудани иштироки эҳтимолии писари ректори яке аз донишгоҳҳо дар садамаи нақлиётии ахир корбарони зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ ба он ишора карданд, ки фарзандони мансабдорон пас аз чунин ҳодисаҳо ба таври қотеъ муҷозот намешаванд ва бо баҳонае аз масъулият раҳо мегарданд.
Дар робита ба ин, “Asia-Plus” кӯшиш кард ҳодисаҳои пурсарусадои нақлиётӣ бо иштироки фарзандони мансабдорон ва натиҷаи тафтишоту муҳокимаи онҳо давоми 15-соли охирро ёдоварӣ намояд.
Зиндону афв
Бобур Азимов, фарзанди генерали мустаъфӣ Амирқул Азимов, ки қаблан дар мансабҳои Додситонии кул, дабири Шӯрои амният ва мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст, 17-уми августи соли 2008 ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мошини тамғаи “Тойота-Авалон” пиёдагардро пахш мекунад.
Ҳамзамон, мошини ӯ ба самти муқобили роҳ баромада, бо як мошини дигар бармехӯрад, ки дар натиҷа яке аз мусофирони он ҷон бохта, панҷ нафари дигар, бо шумули як кӯдак, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода мешаванд.
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бобур Азимовро ба 5 соли зиндон маҳкум кард ва пас аз чанд муддати адои муҳлати зиндон, ӯ авф гардид.
Бобур Азимов то замони рух додани ин ҳодиса ба ҳайси муфаттиши додситонӣ дар ноҳияи Синои пойтахт фаъолият мекард. Аммо бо сар задани ин ҳодиса аз ифои масъулият барканор шуда буд.
Фарҳод Абдуллоев, фарзанди 25-солаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев, 12 апрели соли 2011 дар яке аз ҷодаҳои Душанбе бо мошини "БМВ Х6" шаҳрванди 46-солаи Чин Люг Жеунро пахш кард, ки дар натиҷа ӯ ҷон бохт. Дар робита ба ин садамаи нақлиётӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Пас аз чанде Фарҳод Абдуллоев бо ҳукми додгоҳ панҷ сол равонаи зиндон шуд ва бар асоси қонуни афви соли 2011 аз ҷазо озод гардид.
Ҷарима ё қатъи парванда
Соли 2011 Фирдавс Шарифов, писари 26-солаи генерал Иззатулло Шарифов, муовини вазир ва сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо худрави “Лексус RХ300” се духтари 25-26-соларо пахш кард. Ҳамаи онҳо бистарии беморхона гардиданд.
Дар робита ба ин садама парвандаи ҷиноятӣ боз, аммо чанде пас он қатъ гардид.
Он замон Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар бораи садамаи нақлиётии зикршуда гуфт, ки “ин ҳодисаи тасодуфӣ аст ва ба ҷумлаи ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда ворид мешавад”.
Фаромӯз Саидови 23-сола, писари он замон муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов, ҳоло раиси вилояти Хатлон, 10-уми сентябри соли 2016 дар мавзеи наздики боғи ҳайвоноти пойтахт бо автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” ба автомашинаи корҳои таъмиру роҳсозии Хадамоти коммуналии шаҳр бархӯрд, ки бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар пайи ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои содир шудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) боз кард.
Он замон модари Фаромӯз Саидов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳангоми садама писараш сархуш набуда, ин ҳодиса бар асари мушкилоти техникӣ бо автомашина ба вуқӯъ пайвастааст.
Моҳи феврали соли 2017 дар Додситонии кулли кишвар гуфтанд, ки Раёсати тафтишоти ВКД Тоҷикистон тафтиши парванда нисбати Фаромӯз Саидовро қатъ кард.
“Дар хулосаи муфаттишони ВКД қайд шудааст, ки садамаи нақлиёт ба асари нуқси техникии автомашина рух дода, омили инсонӣ дар ин ҳодиса ошкор нашудааст”, - хабар доданд дар Прокуратураи генералӣ.
Муҳаммади Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҲНИТ (дар Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-эктримистӣ эълон гардида, аз соли 2015 фаъолияташ манъ шудааст) ва узви вақти парлумони Тоҷикистон 3-юми майи соли 2012 бо мошини тамғаи “Тойота Кемрӣ” дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов, сокини 12-солаи деҳаи мазкурро сахт маҷрӯҳ кард, ки ахирӣ дертар дар бемористон фавтид.
Муҳаммади Тиллозода боздошт гардид ва алайҳи ӯ парванда боз шуд. Он замон тахминҳое ҳам буданд, ки писари раиси ҳизби мухолиф ба зиндон меафтад, аммо бар хилофи ин ҳадсу гумонҳо, Муҳаммади Тиллозода бо пардохти 40 ҳазор сомонӣ аз зиндон раҳо шуд.
Ораз Раҳматуллоев, писари мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев низ дар расонаҳо чун нафари дар садамаи нақлиётӣ иштирокдошта ёд мешавад. Ба навиштаи Радио Озодӣ, бар асари бархӯрди худрави писари мушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ бо мошини як сокини Душанбе, ахири дар бемористон фавтидааст.
Ҳодиса 14-уми августи соли 2012 дар кӯчаи Шестопалови пойтахт ба вуқуъ пайвастааст ва бар асари бархӯрди худрави навъи “Лексус”-и Ораз Раҳматуллоев бо сабукрави тамғаи “Опел”-и Неъмат Раҳматови 55-сола, сокини кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт, ахирӣ дар бемористони “Қарияи Боло” ҷон додааст.
Дар хусуси анҷоми қазияи мазкур мутаассифона маълумот пайдо нашуд.
Ронандаи 16 сола. Қонун танҳо ба нафари аз 18-сола боло иҷозаи ронандагӣ медиҳад!
Расо 14 рӯз баъд, 9-уми октябр аз садамаи пурсарусадои Расули Амонуллоҳ, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматуллоҳ - раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон 10 сол сипарӣ мешавад.
9-уми октябри соли 2013 Расули Амонуллоҳ дар хиёбони марказии пойтахт – Рӯдакӣ бо худрави тамғаи “BMW” аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ босуръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиётии тамғаи “ВАЗ-21014” таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов бархӯрд, ки дар пайи он 3 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарии беморхона шуданд. Дасти худи Расул ҳам шикаста буд.
Дар лаҳзаҳои аввали рух додани садама, иттилое ҳам расонаӣ шуд, ки худравро Асрор Нуруллоевич Ҳукумови 21-сола – бародарзодаи Амонулло Ҳукуматуллоҳ идора мекард, аммо ба зудӣ Вазорати умури дохила хабар дод, ки дар сари чанбарак Расули Амонуллоҳ нишаста буд.
Ба дунболи ин ҳодиса, А.Мӯсоева - ҳамсари Амонулло Ҳукуматуллоҳ рӯзи 4 декабри соли 2013 тибқи қонуни масъулияти волидан бо иттиҳоми беназорат гузоштани фарзанди ноболиғ дар соати дуи шаб аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 120 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар ин миён, ҷабрдидагони ин садама гуфта буданд, ки Расулро ба маҳкама мекашанд ва ҷуброни зарар талаб мекунанд, зеро онҳо ҳеҷ кӯмаке намекунанд.
Аммо бо гузашти қариб як сол аз ин садамаи маргбор, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки 7 ташхиси гуногун бегуноҳии Расули Амонуллоҳро дар садамаи нақлиёт собит кард.
“Барои хотима бахшидан ба ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеа оид ба ин масъала, вазорат ҳафт ташхиси гуногун гузаронид ва ҳамаи ташхисҳо бегуноҳии Расули Амонуллоҳро собит кардаанд”, - гуфта буд Рамазон Раҳимзода.
Бояд гуфт, ки ин ягона қазияи пурсарусадо бо иштироки писарони Амонулло Ҳукуматуллоҳ нест. Пештар аз ин, ба навиштаи расонаҳо, соли 2008, писари калонии ӯ Рустам Ҳукумов дар Маскав бо ҷурми муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардида, соли 2010 аз ҷониби додгоҳи шаҳри Шелковои вилояти Маскав ба нӯҳуним соли зиндон маҳкум шуда буд.
Баъдан, вакили мудофеи Рустам Ҳукумов - Константин Рибалов ба расонаҳо гуфт, ки зерҳимояаш моҳи декабри соли 2011 бо қарори президиуми суди вилояти Маскав бегуноҳ эътироф гардид ва озод шуд.
Дар робита ба инъикоси ин қазия, баъдтар Рустам Ҳукумов нашрияи “Имрӯз News”-ро ба додгоҳ кашида, 50 000 сомонӣ ҷуброн талаб кард ва додгоҳ ин талабро қонеъ намуд, ки боиси эътирози ҳайати нашрия гашт.
Соли 2014 боз номи Рустам Ҳукумов дар сархати расонаҳо ва маълумотҳои ҷиноятии мақомот пайдо шуд. Ин маротиба ӯ аз аслиҳаи пневматикӣ ба сардори Бозрасии давлатии автомобили ноҳияи Айнӣ тир парронида, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб заданӣ шуд.
Он замон муовини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнӣ майори милиса Абдусамад Абдулов дар шарҳи ҳодисаи мазкур иброз дошта буд, ки Рустам Ҳукумов ба ҳаво тир холӣ кардааст.
“Рустам аз ғазаб ба ҳаво як тир холӣ кард. Ҳеҷ касе осеб надидааст ва тир аз яроқи пневматикӣ парронида шуд. Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои Ҳукумовро санҷидем ва барои истифодаи аслиҳаи пневматикӣ ӯ иҷозатнома дорад”, - гуфта буд Абдулов.
Тақдири мутафовити фарзанди ду тоҷири тоҷик баъди садамаи ба ҳам монанд
Кабир Кабиров, писари 19-солаи тоҷири шинохта Авазхон Кабиров (молики бозори тахрибшудаи “Султони Кабир”) шаби 23-юми марти соли 2019 дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе бо худрави тамғаи “Лексус-450” ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он ду нафар аз ҳамроҳонаш – Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, ки ҳарду ҳамсоли ӯ - 19-сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Саидвалӣ Убайдуллоев, як ҳамроҳи дигараш бо захмҳои гуногун дар бемористон бистарӣ гардид.
Мақомот Кабир Кабировро боздошт карданд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парванда боз карданд.
Он замон Султон Кабиров, аз пайвандони Кабир Кабиров дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “онҳо ба қонун умед бастаанд”.
Наздикони ду ҷавоне, ки дар ин садама ҷон бохтаанд, шарҳе надоданд.
Ҳамин тавр, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Кабир Кабировро ба 8 солу шаш моҳи зиндон маҳкум намуд.
Номи ӯ ба авфе, ки соли 2019 эълон карда шуд, наафтод ва ӯ дар зиндон боқӣ монд.
Аммо ба гуфтаи як манбаъи “Asia-Plus” Кабир Кабиров соли 2022, пас аз се соли адои ҳукм ба озодӣ баромад.
Ислом Анварзода, муовини пешини додситони ноҳияи Фирдавсии Душанбе ва писари тоҷири шинохта Анвар Қурбонов, роҳбари Корхонаи нассоҷии Душанбе 7-уми августи соли 2020 ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд, ки дар пайи он овозхони шинохта Баҳром Ғафурӣ ҷон бохт. Он замон худи Ислом Анварзода ҳам ҷароҳатҳои вазнин бардошта, бистарии беморхона шуд. Таҳқиқи парвандаи бозшуда бо сабаби дар кишвар набудани Анварзода мутаваққиф гардид.
Бо гузашти 1 сол Радио Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “ба гуфтаи баъзе аз дӯстонаш, Ислом Анварзода тақрибан як сол дар Русия буд ва нав ба кишвар баргаштааст”.
“Дар наворе, ки рӯзи 14-уми сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, як шахси монанд ба Ислом Анварзода дар дӯкони фурӯши телефонҳо нисбат ба духтаре бадрафторӣ мекунад. Ӯ аз мӯйи сари духтар дошта, ба пешу пас тела медиҳад ва бо ҳамон тарз аз дохили дӯкон ба берун мебарад”, - навишт ин расона.
Бо зикри ин нукта, расона суол гузошта буд, ки оё парвандаи боздошташуда нисбати Ислом Анварзода аз нав таҳқиқ хоҳад шуд ё не. Мақомот ба ин савол то ҳол посухи рӯшан надодаанд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Қурби рубл нисбати сомонӣ то сатҳи бесобиқа тайи 9 соли охир поин рафт
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста