Рӯзи якшанбе дар Душанбе ҷашни асосии тирамоҳ таҷлил шуд. Дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ рӯзи 15 октябр ҷашни қадимаи тоҷикон - “Меҳргон” таҷлил гардид.

Кишоварзон аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон маҳсули дастранҷи худ ва соҳибхоназанони моҳир - тамомҳои миллиро пешниҳод намуданд. Устоҳо маҳсули ҳунари дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, он ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мегардад ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ гузошта мешавад.

Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад.

Суратгузорише таҳия намудем бароятон аз ин ҷашни пуршукуҳ:

1/17

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.