Низорамо Зарифова, ходими давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон 100-сола шуд. Ӯ нафарест, ки аз бо шаш роҳбари охири Тоҷикистон кор кардааст ва шоҳиди шодиву ғами давлату миллат будааст.
Мавсуф аз як аср умри дидааш ёд карда, мегӯяд, ки ранҷи бисёр кашидааст ва бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ шудааст. Аммо таъкид ҳам мекунад, ки “ҳарчанд солманд шудам, бештар маънии ҳаётро фаҳмидам”.
Ба муносибати 100-солагӣ мо ба табрики Низорамо Зарифова рафтем ва дар бораи корномаву раҳовардаш мусоҳиба оростем. Дар оғоз аз Зарифова пурсидем, ки 100-солагиро чӣ гуна пешвоз мегирад ва чӣ ҳолу ҳаво дорад?
Аз 100-солагӣ то рисолати инсонӣ
- Аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дастгоҳи президент ва вилоятҳову шаҳру наҳияҳо ба табрикам омаданд. Ман ҳамаашонро ном ба ном медонам, чунки дастпарварони худам ҳастанд ва онҳоро “фарзандонам” мегӯяму онҳо маро “очаҷон”. Рӯҳияи болида дорам ва ҳеҷ лаҳзае аз мулоқоти онҳо дур намешаваму ба онон насиҳат мекунам, ки барои ватану миллат холисона хидмат кунанд.
- Ҳар инсон дар зиндагӣ рисолатеро бар дӯш дорад: рисолати худро дар чӣ дидед ва то куҷо онро ба анҷом расонида тавонистед?
- Рисолати ман ба халқу ватанам хидмат кардан буд. Ман ба осонӣ 100-сола нашудаам: азоб кашидам, фарсахҳо роҳро пиёда тай кардам, миёни галаи гургон мондам, афтидаму ба пойҳоям хорҳо халидан ва хестаму онро худам аз пойҳоям кашидам. Аммо ҳамвора бо қомати рост, таслими ҳеҷ касеву чизе нашуда, барои бартараф кардани мушкилоти мардум камар бастам.
Ҷавоние, ки қурбонии ҷанг шуд
- Дар 100-солагӣ аз ҷавонӣ ва кор бо ҷавонон чӣ ангораҳо доред?
- Духтари деҳқон, ки будам, кор карданро дӯст медоштам. Ба қавле, ҳушёрак ва чаққон ҳам будам. Аммо оғози кори расмии ман дар замони вазнин рост омад.
Соли 1941, вақте Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд, маро ба шуъбаи комсомол (ҷавонон)-и Комитети партиявии (КП) вилояти Кӯлоб ба кор гирифтанд. Хотири халқ парешон буду гуруснагӣ ба ҷонҳо таҳдид мекард. Мардону ҷавонон ба ҷабҳа раҳсипор мешуданд ва ҳама кор бар дӯши занон монда буд.
Бо ин вазъ кор кардан ҳам бисёр душвор буд, аммо, новобаста аз ин, мо дар пушти ҷабҳа барои баланд бардоштани рӯҳияи мардум ташвиқоту тарғибот анҷом медодем, то миллат ба тарсу ваҳм наафтад ва барои аскарони советӣ хӯроку пӯшок фиристода тавонад.
Шахсан ман бисёр шӯру шавқ доштам ва ҳама вазифаи бадӯшдоштаро кӯшиш мекардам, ки пурраву саривақт ба анҷом расонам. Аммо ҷавониҳоям қурбонии ҷанг шуду сахтиҳои зиёдеро пушти сар кардам. Ёдам меояд, маош ҳамон вақт 1,5 кг нахӯд, 1 литр равған ва як дона собун буд. Дигар чӣ хеле зиндагонӣ мекунӣ - кори худат.
Мӯи сафедро фалакам ройгон надод,
Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам...
Аз Кӯлоб то Душанбе
- Мегӯянд, ки шумо минтақаи Кӯлобро бисёр хуб медонед. Аз замони кор дар минтақа боз чӣ хотирот доред?
- Бале, баъд аз он ки сарварии шуъбаи кор бо занони КП дар вилояти Кӯлобро ба ман бовар карда, ба дӯшам гузоштанд, ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳо рафтам ва аз дарду мушкилоту мардум, алалхусус занҳо пурсон шудам.
Справка по теме
Зарифова Низорамо Одинаевна 6-уми ноябри соли 1923 дар деҳаи Пахтакори собиқ вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Дар 5-солагӣ падараш аз олам гузашт ва ӯ бо модар дар хонаи падарандар ба воя расид. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб (1941) ва Мактаби олии ҳизбии Маскав (1954) аст. Дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1966 то соли 1989 ҷонишини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Аз моҳи январ то феврали соли 1984 иҷрокунандаи вазифаи сардори давлат буд.
Бештар пиёда роҳ тай мекардам, попӯшии хуб надоштам, мошин тамоман набуд, ҳатто аспе набуд, ки саворӣ кунам. Гоҳо аспҳои мардумро кироя гирифта, ба дидани ҳолу рӯзгори мардум мерафтам. Аз кор дар минтақаи Кӯлоб хотироти талху ширини бисёр дорам.
Пас аз он ки ба Душанбе омадам, ба ҳама минтақаҳои Тоҷикистон сафар кардам ва нуқта ба нуқтаи кишварамро дидаму бо мардумаш ҳамсӯҳбат шудам.
- Воқеан, роҳи Шумо ба марказ чӣ гуна боз шуд?
- Турсун Ӯлҷабоев он замон раиси Кумитаи марказӣ дар вилояти Кӯлоб буданд. Он кас фаъолиятамро ба назар гирифта, соли 1950 маро аз Кӯлоб барои таҳсил дар Мактаби олии ҳизбӣ ба Маскав фиристоданд. Як сол хондаму боз баргаштам. Соле пас Турсун Ӯлҷабоев боз маро барои идомаи таҳсил ба Мактаби олии ҳизбӣ пешниҳод карданд. Он вақт оиладору модари кӯдаки хурдсол будам. Ин пешниҳодро рад кардам. Аммо Ӯлҷабоев ҳам таҳдид ва ҳам пойфишорӣ карданд, ки бояд хонаму кори партиявиро дуруст пеш барам, вагарна шавҳарамро аз ҳизб меронанд.
Боз соли 1952 барои таҳсил дар Мактаби олии ҳизбӣ ба Маскав рафтам, агарчӣ барои мани оиладору фарзанддор бисёр душвор буд. Рӯзе академик Бобоҷон Ғафуров, ки котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (КМ ҲК) буданд, тариқи сафоратхона ба Мактаби олии ҳизбӣ пайғом равон карданд, ки “Зарифова таҳсилро хуб тамом кунад, ташвиши ҳеҷ чиро накашад, ба Душанбе баргардад, ки ҷои кораш аниқ аст”. Фикр мекунам, он вақт Ғафуров тарсидаанд, ки ман аз Маскав ба Душанбе барнамегардам ва ё ба кишвари дигар меравам, ки ин кор он вақт нанги бузург ба ҳисоб мерафт.
Соли 1954 пас аз итмоми таҳсил ба Душанбе баргаштам ва назди Бобоҷон Ғафуров даромадам. Он кас фаъолияти пешина ва таҳсиламро ба инобат гирифта, маро ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони КМ ҲК Тоҷикистон таъйин карданд. Дар ин вазифаи баланд кӯшидам, ки ҳалол кор кунам ва масъулияти ба дӯш доштаамро бовиҷдонона иҷро мекардам. Боз фаъолиятамро ба назар гирифта, пас аз як сол котиби КМ таъйин карданд. Баъд аз ин беш аз 20 сол ҷонишини раиси президиуми Шӯрои Олӣ будам.
- Гирифтани вазифаҳои баланд ба духтари деҳқон таъсире мерасонд?
- Ҳар як вазифае, ки бовар карда, ба ман медоданд, масъулиятамро бештар мекард. Ҳар қадар ки курсиям баланд мешуд, аз баҳри манфиатҳои худ мегузаштаму барои пешравии давлату миллат кор мекардам. Ҳамеша байни ҷомеа будам, ба мушкилоташон расидагӣ мекардам, барои ҳалли проблемаҳо бо мақомдорон соатҳо баҳс мекардам.
Бовар кунед, худам хона надоштам, ҳамин хонае, ки ҳоло мо нишастаем, бо ҳаққи кори худ ба 16 сум харидаам. Бо ин вуҷуд, ин хона комилан холӣ буд, на шикафу на мизу на курсие доштам, ки дар хона монам. Аммо ин ҷо хонаи бобаракат аст ва аз ҳамон рӯзҳои аввал то ба ҳол меҳмондор мебошад.
Хотираҳои роҳбарони Тоҷикистон
- Шумо бо ҳама роҳбарони ҳам замони шӯравӣ ва ҳам замони истиқлоли Тоҷикистон кор кардаед. Бо кӣ кор кардан бароятон писанду осону хотирмон буд?
- Бале, ман бо Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов, Раҳмон Набиев ва Эмомалӣ Раҳмонов кор кардаам. Аммо дар адо кардани масъулият ҳамеша бо роҳбарон ва таҷрибадорон маслиҳат мекардам.
Дар ҷавонӣ ман бо Бобоҷон Ғафуров кор кардам ва хислатҳои ҳамидаву гуфтору кирдори он кас барои мани камтаҷриба омӯзанда буд. Ҳоло ҳам аз Ғафуров бисёр ёд мекунам, зеро пири ботадбир буданд ва барои тарбияву бо ҷои кор таъмин кардани кадрҳои ҷавон бисёр заминаҳои хуб гузоштанд.
Бо Турсун Ӯлҷабоев дар вилояти Кӯлоб кор карда будам ва аллакай таҷрибаи корӣ доштам. Замоне ки котиби аввали КМ ҲК шуданд, бисёр хоксор буданд ва барои пешрафти давлату миллат, бидуни рӯихотирбиниву тарсу хатар, ҳама гуна корро анҷом медоданд.
Ҳалолкориҳои Ҷаббор Расулов дар хотири ман нақш бастаанд. Маҳкамов ва Набиев ҳам инсонҳои наҷиб ва ходимоти хуби давлатӣ буданд. Ёдашон гиромӣ бод!
Аммо бо гузашти солҳо ба ин натиҷа мерасам, ки кор бо Бобоҷон Ғафуров хубу хотирмон буд ва одамияти эшонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.
- Кор бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна буд?
- Эмомалӣ Раҳмон вақте сари қудрат омад, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шуда, ҳазорҳо тоҷик муҳоҷир гашта, садҳо нафари дигар кушта ва ватан ноором шуда буд. Ман дар сессияи 16-уми Шӯрои олӣ ҳузур доштам, суханронӣ, шӯру ҳаяҷон ва нияти хайрашро дидам. Баъдан дидам, ки чӣ гуна тоҷиконро ба мусолиҳа овард. Шоҳиди баргашти ҳазорон муҷоҳири тоҷик аз Афғонистон будам. Рӯзи баргашт дар Душанбеи ҷангзада лабони хандону чашмони аз шодӣ гирёнро дидам. Ин корномаи муҳиму таърихии Эмомалӣ Раҳмон аст.
Баъдан як чизи дигарро гӯям, ки Эмомалӣ Раҳмон бе пурсиши ман, маро раиси Кумитаи занон таъйин кард. Ман ҳам гуфтам, ки вақте қудрати кор карданро дорам ва давлату миллат ба ман ниёз дорад, дар хидмат ҳастам.
Аз корномаи худ розӣ нестам
- Дар ду аср ва дар ду низом кор кардед: аз шӯравӣ то истиқлол чӣ гуна ёд мекунед?
- Аслан, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар заминаи Тоҷикистони шӯравӣ бунёд шуд. Аммо, ба фикри ман, даврони шӯравӣ замони ба по рост шудани Тоҷикистон буд, дар замони истиқлол бошад, Тоҷикистон пурра қоматашро рост кард.
- Аз корномаи худ то куҷо розӣ ҳастед? Ва чӣ орзуву ормонҳое доштед, ки бароварда карда натавонистед?
- Кӣ аз корномаи худ комилан розӣ ҳаст? Он касе ки аз худ розӣ шуд, ё авлиёст ё одами фавқулода аст ва ё беақле беш нест. Ман то ба ҳол мехоҳам, ки барои ободиву пешравии давлату миллатам идеяҳои навро пиёда кунам ва онҳоро ба ҳама шогирдонам, ки дар самтҳои гуногуни кишвардорӣ фаъолият мекунанд, мегӯям.
- Ба фикри Шумо сиёсат чист ва сиёсатмадор кист?
- Сиёсат низомест, ки амнияти мамлакатро таъмин мекунад ва барои пешрафти кору фаъолияти шаҳрвандони он мусоидат менамояд. Сиёсатмадор бошад, нафарест, ки на барои худ, балки барои миллат кор мекунад, аз манфиатҳои шахсияш мегузарад ва дар фикри фардои рӯшани халқу ватанаш аст.
Ман умри хешро дар роҳи сиёсат сарф кардам, аз ин рӯ, ба назари ман, сиёсатмадори комил нафаре мебошад, ки меҳрубону хушсухан аст, худро аз халқ канор намегирад, баланд намешуморад, аз байни ҷомеа рафтан намеҳаросад, аз шунидани дарди мардум наметарсад.
- Ҳоло бештар аз чӣ меандешед?
- Бовар кунед, ман дар 100-солагӣ ҳам дар бораи оромиву осудагии халқу ватанам фикр мекунам. Зеро рӯзҳоеро дидам, ки сарнавишти миллати тоҷик дар сари мӯйе буду ба нестии давлатдории тоҷикон мебурд. Он хотирот аз зеҳни ман зудуданӣ нест.
- Ба мардуми Тоҷикистон чӣ паёму каломе доред?
- Сари сабзу хонаи ободи тоҷикистониён таманнои ман аст.
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста