Бар асари амали террористӣ дар толори консертии «Крокус Сити Холл» дар Русия ва рӯйдодҳои минбаъда дар пайи он, сафари муҳоҷирон ба ин кишвар кам шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ хабар доданд, айни замон натанҳо камшавии фурӯши билетҳо, балки афзоиши бозпас баргардонидани онҳо низ ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷумла, дар ширкати ҳавопаймои “Сомон Эйр” ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд.

“Айни замон ба ҳисоби миёна 20% камшавии фурӯши билетҳо ба Русия, инчунин бозпас баргардонидани билетҳо ба назар мерасад. Лекин мо умедворем, ки  ояндаи наздик вазъият ба эътидол омада, ба нишондиҳандаҳои пешина бармегардем”, - гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.

Ба гуфтаи яке аз кормандони нуқтаҳои фурӯш (кассаҳо)-и Душанбе, бо сабаби камшумор будани мусофирон, хатсайрҳо низ кам карда шудаанд.

“Ширкати «Уральские авиалинии» пештар ба фурудгоҳи “Жуковский” 3 парвоз дошт, ҳозир бо сабаби набудани мусофирон, танҳо як парвоз анҷом дод. Қариб ҳар рӯз бозпас баргардониданҳо ҳастанд, одамон метарсанд, мегӯянд, ки дар он ҷо (Русия) муҳоҷиронро хеле азоб медиҳанд. Аз ин рӯ, интизорем, ки кай вазъият муътадил мешавад”, - гуфт корманд.

Дар дигар нуқтаҳои фурӯш, масалан ширкати ҳавопаймоии «S7 Аirlines»-и Русия ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки билетҳоро асосан дар рӯзҳои аввали баъди амали террористӣ - 24-26 март бозпас баргардонидаанд.

“Билетҳоро ба мо рӯзи 24 март баргардониданд. Ҳамагӣ 2-3 билет баргардонида шуда, бархе ба вақти каме дертар гузарониданд. Ҳозир аллакай ҳамааш муътадил аст”, - гуфтанд дар нуқтаи фурӯш.

Сурат: Asia-Plus

Боз дар як нуқтаи фурӯш зикр карданд, ки одамон бо умеди “тағйир ёфтани вазъият”, вақти билетҳоро ба охири моҳи апрел мегузаронанд.

“Рӯзи 25 март 40 билет, 26 март - 30 билет ва 27 март - 36 билет бозпас баргардонида шуд. Вақти билетҳоеро, ки баргардонида намешаванд, ба хатсайрҳои охири моҳи апрел гузарониданд. Имрӯз вазъият каме муътадилтар аст, лекин харидани билетҳо 30% кам шуд”, - гуфт корманди нуқтаи фурӯш.

Дигар фурӯшандаи билетҳои ҳавопаймоӣ зикр кард, ки ҳозир одамон аз парвоз ба Маскав ҳарос доранд.

“Ба нуқтаи мо 27 билет баргардонида шуд. Одамон дар наворҳои интернет дида истодаанд, ки муҳҷорионро хориҷ мекунанд. Лекин гуфтаниам, ки асосан шахсоне ихроҷ шуда истодаанд, ки бо ҳуҷҷатҳояшон мушкил доранд. Касоне, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст аст, бояд аз чизе ҳарос надошта бошанд”,, - гуфт ӯ.

Сурат: Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ қариб ягон харидор ба назар намерасад...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед