Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав ҳарчи бештар ба бегонаситезӣ рӯбарӯ шудаанд. Муҳоҷирон шикоят доранд, ки чанд рӯз аст онҳоро боздошт менамоянд, болояшон фишор меоваранд, латукӯб мекунанд ва аз кор пеш мекунанд.
Фишорҳои расмӣ
Дар пасманзари ҳамла, мақомоти Русия тасмим гирифтанд, ки назорати вуруди муҳоҷирон ба кишварро пурзӯр кунанд, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷаи Русия.
Baza менависад, ки дар шӯъбаҳои мақомоти корҳои дохилии Русия барои тафтиши иловагии шаҳрвандони хориҷӣ гурӯҳҳои вижаи нозирони маҳаллӣ ва афсарони кофтукоби ҷиноӣ таъсис дода шуданд.
Ин гурӯҳҳо ба минтақаҳо тақсим шудаанд: манзилҳо, хобгоҳҳо, корхонаҳо ва дигар маконҳоеро, ки муҳоҷирон кор мекунанд, тафтиш менамоянд.
Аллакай, дар марказҳои савдои шаҳри Екатеринбург нерӯҳои амниятии маҳаллӣ аз савдогарони иҷоранишин талаб кардаанд, ки рӯйхати коргарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистонро пешниҳод кунанд. Дар акси ҳол ҷарима мешаванд.
Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷику ӯзбек, ки дар сохтмоне дар Русия кор мекарданд, новобаста аз он ки ҳамаи ҳуҷҷатҳояшон комил аст, танҳо барои тоҷик ва ӯзбек будан, аз кор ронда шуданд.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби маъракаи амниятӣ, пулиси Русия дар саросари кишвар, аз ҷумла дар Маскав, дар хобгоҳҳо ва дигар маконҳое, ки муҳоҷирон иқомат доранд, рейд мегузаронад.
Муҳоҷирони тоҷик нигаронанд, ки ин рейдҳо бештар ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд ва интизор меравад, ки пас аз ин гурӯҳ-гурӯҳ муҳоҷиронро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ намоянд.
Дар навбати худ, ҷамъияти тоҷикон дар Русия бо назардошти афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти бегонаситезӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки ниҳоят эҳтиёткор бошанд ва барои онҳо феҳристи тавсияҳо омода кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши изҳороте гуфтааст, вазъият барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия тағйир наёфтааст.
Шӯро бидуни овардани номи гуруҳ ё шахсони мушаххас, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ба маълумотҳои сохтаву беасосе, ки аз ҷониби гуруҳҳои алоҳида пахш мешавад, бовар накунанд.
“Дар гуруҳҳои телеграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳҳои тундрав шаҳрвандонро барои анҷом додани амалҳои террористӣ ҷалб намуда истодаанд",- гуфтааст ин Шӯро.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи охир дар шаҳрҳои гуногуни Русия муҳоҷирони тоҷик бо зарбу лат ва таҳдиди боздошту ихроҷ аз ин кишвар мувоҷеҳ мешаванд.
Оташзании нуқтаи савдои муҳоҷирони тоҷик
Дар шаҳри Благовешенски вилояти Амур шахсони номаълум нуқтаи фурӯши савдоро, ки ба муҳоҷирони тоҷик тааллуқ дошт, оташ задаанд. Тавре шаҳрдори он Олег Имамеев гуфтааст, ин кор дар заминаи “миллӣ” сурат гирифтааст.
Дар Калуга афроди ношинос дар кӯча се шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб кардаанд. Ҳоло яке аз онҳо дар бемористон бистарӣ аст.
“Тоҷик бошӣ, ба мошинат намешинам”
Ғайр аз ин, дар манотиқи мухталифи Русия муштариён ба таври оммавӣ аз хадамоти таксӣ, ки ронандааш тоҷик аст, даст мекашанд.
Шабакаҳои “Teлеграм” ва саҳифаҳои оммавӣ намогирифтҳоеро нашр мекунанд, ки дар он одамон дар замимаҳо ба ронандагон менависанд, ки агар аз Тоҷикистон бошанд, фармоишро бекор кунанд ё онҳо маҷбур мешаванд, ки ба пулис муроҷиат кунанд.
Таҳдид ба маъмури сартарошхонае, ки як гумонбар дар он кор мекард
Пас аз расонаӣ шудани он ки яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Холл” - Муҳаммадсобир Файзови 19-сола, чанд моҳ дар сартарошхонае дар шаҳри Тейковои вилояти Иваново кор мекардааст, чанд рӯз боз сокинони маҳаллӣ ба маъмури он макон таҳдидҳо кардаанд.
Дар намогирифте, ки Телеграм-канали “Baza” нашр кардааст, корбарон пешниҳод мекунанд, ки дастаҷамъона ба сартарошхона оянд ва хонаҳои коргаронро ёфта, оташ зананд.
“Онҳо ба маъмур ва устоҳо занг зада таҳдид мекунанд, одамон баҳои бад медиҳанд ва шарҳҳои даҳшатнок менависанд”, - шикоят кардааст Ямина Сафиева, директори сартарошхона.
Боздошту нопадид шудани муҳоҷирони тоҷик
Ҳамчунин, наздикони бархе аз муҳоҷирон аз боздошту нопадид шудани муҳоҷирони кории тоҷик шикоят мекунанд. Аз ҷумла, як сокини ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, баъд аз зуҳри 23-юми март пулиси Маскав ду бародару писарашро боздошт кардааст. Дар бораи сарнавишти онҳо то ҳол маълумоте нест.
“Онҳо ба таъмири хонаҳо машғул буданд ва писарам ягона ноновар аст. Фақат фаҳмидем, ки онҳоро бо чанд тоҷики дигар қапидаанд. Намедонем куҷо бурданд ва бо онҳо чӣ шудааст”,-гуфтааст ӯ.
“Ба Тоҷикистон бармегардем”
Зимнан, теъдоде аз муҳоҷирони тоҷик нақшаи бозгашт ба Тоҷикистонро доранд. Чанде аз муҳоҷирони корӣ дар суҳбати катбӣ бо мо гуфтанд, аз тарс чанд рӯз аст аз хонаҳояшон намебароянд ва ба кор ҳам намераванд.
“Корфармо ҳам гуфт, ки як муддат ба кор набароем. Ҳатто ба мағоза барои хариди маҳсулоти ғизоӣ бо тарс меравем. Намедонем оянда вазъ чӣ мешавад. Агар чунин давом кунад, маҷбур ба Тоҷикистон баргардем”, - гуфт як муҳоҷири кории тоҷик.
Садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро гирифта, дар ин кишвар кору зиндагии доимӣ доранд, аз тақдири ояндаи худ нигаронанд ва мегӯянд, “бо вуҷуди доштани шаҳрвандӣ моро ҳамеша ҷудо мекарданд, акнун баъди ин ҳодиса бегонаситезӣ бештар мешавад”.
“Хонаро холӣ кунед, ба тоҷикон иҷора намедиҳем”
Чанде аз муҳоҷирони кории тоҷик шиикоят доранд, ки соҳибони хонаҳое ки онҳо иҷора мешинанд, аз онҳо талаб доранд, ки хонаро холӣ кунанд ва онҳо дигар ба тоҷикон иҷора намедиҳанд.
Чунин шикоятҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ҳам аз сӯи муҳоҷирон зиёд садо медиҳад.
Назорати сахттар дар фурудгоҳҳо
Бархе шаҳрвандони Тоҷикистон низ зимни сафар ба Русия аз кофтуков ва назорати сахти кормандони фурудгоҳҳои Русия шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, кормандони гузаргоҳҳо онҳоро аз ҳарвақта дида бештар пурсуҷӯй мекунанд.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки як гуруҳи қирғизистониҳо дар фурудгоҳи Шереметево дармондаанд ва ба онҳо иҷозати вуруд ба Русияро намедиҳанд.
Дар пайи ин, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.
Бақит Қодиров, муовини сардори Раёсати консулии ВКХ-и Қирғизистон рӯзи 25-уми март дар мусоҳиба бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, “мақомоти Русия тафтиши шаҳрвандонро ҳангоми даромаду баромад аз ин кишвар сахттар кардаанд. Русия дар ҳоли ҳозир чораҳои зиддитеррористӣ анҷом медиҳад. Санҷиши мусофирон шадидтар шудааст. Маълумот надорем, ки то кай амал хоҳад кард”.
“Билетамро супоридам, вазъ хуб шавад баъд меравам”
Зимнан, баҳор, ки мавсими сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия аст, бархеҳо нигаронанд, ки зимни сафар ба Русия эҳтимол мақомот онҳоро нагузоранд, ки вориди ин кишвар шаванд.
“Як ҳафта пеш барои Русия чипта гирифта будам, валле баъди ҳодиса ва гапу хабарҳои охир билетамро супоридам. Вазъ каме оромтар шавад, эҳтимол дубора гирам ва сафар кунам. Вале ҳоло хатар дорад”,- гуфт Амирхони Ҳамзалӣ, як сокини ноҳияи Айнӣ.
Афзоиши фишор болои муҳоҷирони корӣ дар ҳолест, ки дар гузашта ҳам мақомоти расмии Русия ва сокинони алоҳидаи Русия бо ҳар роҳ ба муҳоҷирони кории тоҷик фишор меоварданд ва муносибати тунд ё бегонаситезона мекарданд. Акнун баъди ҳодисаи “Крокус Сити Холл”, ки ба гуфтаи мақомоти Русия пойи тоҷикон дар он кашида шудааст, ин фишорҳо аз ҳарфат бештар мешавад.
Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”
Шоми 22-юми марти соли равон чанд дақиқа пеш аз оғози консерти гурӯҳи Пикник ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав чанд нафар бо силоҳ ворид шуда ба сӯи меҳмонон оташ кушода, биноро оташ заданд, ки дар натиҷа тибқи иттилои расмӣ 140 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 200 кас маҷруҳ шуданд.
Мақомоти Русия хабар доданд, ки дар пайи ин ҳамла 11 нафар, аз ҷумла 7 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон боздошт ва то моҳи май ба ҳабс гирифта шуданд. Дар бораи 8 нафар гумонбари боздоштшуда дар ин матлаб маълумот гиред. Аммо маълум нест, 3 нафаре, ки то ҳол ҳувияташон маълум нест, кистанд ва ба чӣ гунаҳкоранд.
Боз як тағйирот дар Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода муовини нав интихоб шуд
Дар моҳи октябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 3,8 млн доллар барқ интиқол дод
Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100% иҷро шуд
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста